ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН.  СЕРТИФИКАТ БА ШАҲОДАТНОМА ИВАЗ МЕШАВАД

ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН.  СЕРТИФИКАТ БА ШАҲОДАТНОМА ИВАЗ МЕШАВАД

26 май 2023, Ҷумъа
1 353
0


Дар асоси як тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Қосимӣ ва Мирзоанвар Ахмедов пешниҳод шуд, «Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин» ба «Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ» иваз хоҳад шуд. Ин тағйиротро бо мақсади такмили асосҳо ва механизмҳои муқаррарнамудаи ҳуқуқи истифодаи замин, вобаста ба меъёрҳои муқарраргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» арзёбӣ намуданд. 

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» Файзулло Қосимӣ иброз дошт, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар китоби бақайдгирии замин ба қайди давлатӣ гирифта мешуд. Пас аз мавриди амал қарор гирифтан, тибқи талаботи моддаи 8 ҳамин Қонун ва моддаи 139 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он вобаста дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, тасдиқи анҷомдиҳии бақайдгирии давлатӣ мутобиқи моддаи 38 Қонуни мазкур бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Файзулло Қосимӣ перомуни суоли вакили парлумон Рустам Раҳматзода оид ба он ки пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ки ба шаҳрвандон дода шудааст, иваз мешавад ё бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ баробарарзиш эътироф шудааст, чунин посух дод: “Сертификатҳое, ки то ин вақт гирифта шудаанд, арзишашонро гум намекунанд, зеро қонун қувваи бозгашт надорад. Ҳангоми зарурат метавон онҳоро бо шаҳодатнома иваз кард”.
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, зарурати ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси заминро мутобиқ кардани Кодекс ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ донист.

Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.05.2023 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив