“АБУЛФАЗЛИ БАЙҲАҚӢ ВА ТОҶИКОН”

СУХАН АЗ КИТОБИ ТОЗАНАШРИ ПРОФЕССОР САЙФУЛЛОҲИ МУЛЛОҶОН
Хонандагони рӯзномаи “Ҷумҳурият” огоҳанд, ки чанде пеш матлаби басе хондании доктори илмҳои таърих, профессори ДМТ Сайфуллоҳи Муллоҷон бо номи “Байҳақии тоҷик ва тоҷикшинос...”-ро чоп карда буд. Инак, он мақолаи хонданӣ ва як силсила матлабҳои дигари пажӯҳишгари номвари мо дар китоби “Абулфазли Байҳақӣ ва тоҷикон” ба ҳам омадаанд. Маҳз чунин ном гирифтани маҷмуа бесабаб нест, зеро Байҳақӣ аввалин таърихнигор аст, ки номвожаи “тоҷик”-ро дар осораш истифода бурд.
Китоб дар нашриёти “Бебок” чоп шуда, 256 саҳифаро фаро мегирад. Муҳаррири он номзади илмҳои суханшиносӣ, хаттот Саидолим Комилҷон буда, забони равон ва пешниҳоди ҷолиби матлабҳо маҷмуаро ҷаззоб сохтаанд.
Профессор Сайфуллоҳи Муллоҷон Байҳақиро саромади муаррихони порсизабон дониста, ӯро чун пажӯҳишгари беғаразу мунсиф ва баландназар меситояд: “Хонанда аз наводири ҳикоёт ва ибратҳои аҷиб огоҳ мегардад. «Таърихи Байҳақӣ» аз ҷиҳати муосир будани муаллиф бо воқеаҳое, ки навишта, инчунин таҳқиқу ҷустуҷӯ ва ҷамъовариву сабти ҷузъиёти ҳаводис, дар таърихнигории форсӣ назир надорад.
Байҳақӣ пеш аз он ки таърих нависад, дабиру нависандаи дарбори Маҳмуду фарзандони ӯ будааст ва устодаш Абунасри Мушконро меситояд, ки дар дабирӣ ягонаи рӯзгор буд ва дар ниҳояти хоксорӣ худро шоистаи нигоштани таърих намедонад. Мутолааи ин китоб ҳунари нависандагии Байҳақиро ба намоиш мегузорад. Ӯ як мутафаккири хайрандеш аст, ки мехоҳад бо нигориши таърихи мардумро ба огоҳиву басират даъват кунад”.
Китоби тозанашр басе муфид буда, тавассути он метавонем зикри тоҷикон дар “Таърихи Байҳақӣ”, зикри Хатлон дар “Таърихи Байҳақӣ”, Меҳргон ва Сада дар ин китоби барозанда, симои бонувон ва чанд матлаби хеле муҳимро бихонем.
Воқеан ҳам, бино бар паёми худи китоб, он аз ду назар аҳамият дорад: адабӣ ва таърихӣ. Асре, ки Байҳақӣ таърих навишт (асри панҷуми ҳиҷрӣ - ёздаҳи милодӣ), замонест ки насри порсӣ аз содагӣ рӯ ба пухтагӣ оварда, аз вожаҳои дигар забонҳо (асосан арабӣ) низ ёрмандӣ мегирад, зеро дар асри ӯ забони арабӣ калиди илму ҳикмат буд ва Байҳақӣ ба арабиву порсӣ дар ниҳояти фасоҳату балоғат мусаллат буд.
Матолиби ҷуғрофиёии «Таърихи Байҳақӣ» низ аҳамияти вижа дорад, чун ахбори дарҷёфта дар ин асар ва зикри ҷузъиёти он, мисли фосилаи шаҳру вилоятҳо, бофти шаҳрҳо ва номҳои куҳан порае аз норӯшаниҳои сарзамини қадими моро дар маҳдудаи муайяни замонӣ инъикос менамояд.
Дар асрҳои миёна «Таърихи Байҳақӣ» машҳур буда, адибоне чун Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Минҳоҷ Сироҷи Ҷузҷонӣ, Муҳаммади Шабонкораӣ, Ҳофизи Абру, Фасеҳи Хофӣ ва Сайфиддини Уқайлӣ аз он иқтибосҳо кардаанд.
Муаллиф таъкид бар он дорад, ки мақолаҳои китоб дар замонҳои гуногун дар маҷаллаву маҷмуаҳое чоп шуда, баъзе нахустин бор барои хонанда пешкаш мегарданд. Дар маҷмуъ, 13 мақола дар заминаи таъриху тамаддуни тоҷикон бар пояи гузоришҳои Байҳақии дабир ва ахбори манобеи дигару пажӯҳишҳои судманд дар ин замина таҳия шуда, ду ҳикояти зебову ибратбахши хонданӣ низ бар он замима мегардад. Яке аз осори гумшудаи Абулфазли Байҳақист ва дувумӣ бахшҳои барҷоймондаи шоҳкори ӯ.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
