ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ

16 июн 2026, Сешанбе
4


Роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат ба оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе рафта, хотираи неки қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, ходими намоёни сиёсӣ – чеҳраи маърифатпарвари миллат Нисор Муҳаммад ва дигар шахсиятҳои барҷастаи таърихи давлатдории тоҷиконро гиромӣ доштанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз хизматҳои арзишманди ин фарзандони миллат дар ташаккул ва таҳкими давлатдории тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҷомеа ёдовар шуда, таъкид дошт, ки талошҳои пайгирона ва фаъолияти пурсамари онҳо барои бунёди пояҳои давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани мақоми миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад.
Зикр шуд, ки арҷгузорӣ ба мероси маънавӣ ва сиёсии чеҳраҳои барҷастаи миллат, аз ҷумла қаҳрамонони Тоҷикистон, барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар байни ҷавонон аҳамияти махсус дошта, омӯзиши фаъолияти онҳо вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.06.2026 №: 116