ИЗҲОРИ ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

18 июн 2026, Панҷшанбе
4


Субҳи 17-уми июн раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот дар натиҷаи садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.
Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки вазифаҳои хизматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар марги фоҷиавии Алишер Мирзонабот ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ карда, хоҳони сабри ҷамил ба онҳо шуданд.
Бо супориши Роҳбари давлат вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар роҳбарону масъулон ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Санаи нашр: 18.06.2026 №: 118