ТУЛУИ ТОЗАИ ХУРШЕД
Мардуми дигари оламро намедонам, аммо мо, тоҷикон ва порсигӯёни дунё, бояд вожаи “ваҳдат”-ро бо коми шуста ба забон орем, бо ҳарфҳои заррин дар саҳафоти диламон бинависем ва дар варақи пешониямон абадан ҳаккокӣ кунем, зеро имрӯз миллати мо, ҳастии мо беш аз ҳар вақт ниёз ба ваҳдату ягонагиву якпорчагӣ дорад.
Дар кишвари мо овардани таъбири “Ваҳдати миллӣ” дар радифи “Эҳёи Тоҷикистон” аз ҷониби Пешвои миллат беҳадаф ва беасос набуд. Танҳо бо неруи ваҳдати миллӣ мо метавонем ба эҳёи дубораи сарзамини таърихии соҳибтамаддунамон бирасем. Бунёди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолии давлатӣ бунёди нардбони қавии худшиносии миллӣ ба сӯйи қуллаҳои баланди истиқлоли давлатии кишварамон буд, ки мо ҳосили ин сиёсати дурбинонаву хирадмандонаро имрӯз мебинем.
Аммо ”ваҳдат” гуфтан ҳанӯз кам аст. Ваҳдатро аввалан бояд ба даст овард, сипас онро ҳифз кард, бунёдашро дар бунёди худ чунон қавӣ бояд сохт, ки лотасхир бимонад, зеро имрӯз ҳастию нестии мо вобаста ба ҳастию нестии ваҳдати миллист. Ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқ кафолати пирӯзии истиқлоли давлатии кишвар ва халқи некбину хайрхоҳу хушзамири тоҷик аст.
Мо ба пирӯзии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистони азизамон итминони комил дорем, зеро ин ваҳдату ягонагӣ, ки дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ моро ба дастовардҳои беназир шарафёб кард, такя ба маънавиёти бузурги гузаштагони фозили мо, абармардони майдони фазлу ҳунар ва илму дониш дорад, на майдони ҷангу ҷидолу душманӣ!
Чуноне ки ҳаким Фирдавсии бузургвор дар “Шоҳнома”-и безаволи худ сурудааст, мо миллати хирад ҳастем ва Ватане дорем бо халқи нексиришт, замини биҳиштӣ ва маънавиёти бузургу оламшумул, ки аз имтиҳонҳои таърих гузаштаву лотасхиру пирӯз мондааст.
Имрӯз Ватани соҳибистиқлоли мо бо сиёсати хайрхоҳонаву инсондӯстонае, ки таҳти сарварии Пешвои ватандӯсту инсонпарвари худ пеш мебарад, ба як Кохи бузурги сулҳу дӯстӣ, ба як Қасри шуҷоату бовар дар арсаи байналмилалӣ шабоҳат дорад ва ин ҳама муҳаббату самимияте, ки мардуми дунё ба халқи мо, ба маросими волои мо доранд, гувоҳи пирӯзии сиёсати кишвари соҳибистиқлоли мо ва Пешвои хирадманди он мебошад.
Ва ин шеър зери унвони “Кохи бовар” ба муборакбодии Рӯзи Ваҳдати миллӣ тақдими азизон бод!
КОХИ БОВАР
Аз баландои муҳаббат,
аз фарози поки имон,
Аз сафои сабзаву гулҳо, ба лаҳни обшорон
Мефиристонам саломамро
Бар Шимолу бар Ҷанубу Ғарбу Шарқ,
Бо навиди раъди озодӣ,
Бо паёми рӯшании барқ!
Аз ҳамин марзи саодат,
Аз назаргоҳи нахустини Худо,
Аз баландое, ки дар он
Монда Симурғи муқаддас ошён,
Аз диёри ору марзи Ориён,
Аз замини покбуми Тоҷикистон
Мефиристонам саломамро.
Ассалом, эй даҳр, эй дунё!
Ин саломи ман ба таърих аст,
бар имрӯзу бар фардост!
Аз Бадахшон, аз сари Боми ҷаҳон
Чун тулуи меҳр
Мебарояд ин саломи ман мунаввар карда оламро,
Пора карда пардаи абру ситамро.
Оре, аз ин лонаи Шамси мунаввар,
Он ҳумои табъи Зардушти кабир
Болафшон дар ҳавои одамият,
Нурафшон аз замир
Бар ҷаҳон пайғоми ишқ овардааст.
Ин паёми Зардуҳиштӣ,
Ин саломи некроён
Рӯйи оламро мунаввар сохт,
Дар сиришти адл, бунёди накуӣ
Қасри бовар сохт.
Бо забоне, ки каломашро навиди Ҳақ навишт,
Бо забоне, ки муҳаббатро ба полизи
сиришти мо сиришт.
Ин саломе, ки бигирад пеши роҳи тирро,
Пеши роҳи найзаву шамшерро.
Ман ҷаҳонро оқибат хоҳам гирифт
Бо ҳамин эъҷоз, эъҷози саломе,
Бо муҳаббат, бо адолат, бо паёме!
Ин саломи ман
Дар фурӯғи оташи тобони ишқ
Кинаву рашку хусуматро бихоҳад кушт,
Халқи оламро ба ҳам орад ба як арғушт,
Оламиёнро кунад ҳамбахту ҳамоғӯш.
Ин саломи ман
Мурғаконро аз қафасҳо мекунад озод,
Мебарад аз дил ба дил осоишу иршод.
Эй Худо, эй халқ, медонед!?
Худ наҷоти одамин дар ин калом аст!
Он чи моро мекунад хушбахт бо ҳам
Як салом аст!
Ассалом, эй даҳр, эй дунё!
Ассалом, эй тифл, эй фардо!
Ҳар кӣ гирад ин саломамро ба дил, рӯшан шавад,
Ҳар кӣ корад ин саломамро ба лаб гулшан шавад,
Ин салом эъҷози ҳастии шумост!
Як насаб хоҳам барои ҷумла инсони Замин,
Як насаб подор то монад дилу ҷони Замин,
Як насаб чун рамзи имони Замин,
То навишта бошад андар ҳуҷҷати буду набудаш,
Ҳуҷҷати асли вуҷудаш:
Ассалому воалайк!
Ассалому воалайк!
То ки ин ҳуҷҷат
Аз ҳама марзаш бубахшояд иҷозат бар вуруд,
Аз ҳама марзаш тавонад бигзаронад
Одамонро чун кабӯтар, чун наво, мисли суруд...
Чун ягона ҳуҷҷати аҳли башар
Ҳуҷҷати ваҳдат, саодат, некбахтӣ ин калом аст,
Ассалом аст!
Бо саломи ман ҷаҳон зебост,
Зиндагӣ ширину пурмаъност,
Ҳар саломам мебарад аз меҳр пайк.
Ассалому ассалому ассалом!
Воалайку воалайку воалайк!
Миллати моро дар ин даҳри фиребо
Ҷуз адолат, ҷуз накуӣ, ҷуз муҳаббат
Ҳеҷ довар нест!
Давлати мо - ишқ, зебоӣ, накуӣ,
нусрати илму адаб,
Ҳеҷ гоҳе симу зар нест!
Ваҳдати мо кохи пирӯзии мост!
Кохи пирӯзии мо ҷуз қасри бовар нест.
КАМОЛ НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
