ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КЛАССИКАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК. СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ РАВШАНИИ "РАВШАН"

КЛАССИКАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК. СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ РАВШАНИИ "РАВШАН"

30 май 2023, Сешанбе
22
0
 
Дар 29 рӯз клуби футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб зери роҳбарии Тоҳир Муъминов се бор пайи ҳам чемпиони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанберо шикаст дод, ки дар маҷмуъ, чорумин бохти пайдарпайи “Истиқлол” аз дасти “Равшан” буд. Дар таърихи “Истиқлол” тими “Равшан” ягона бошгоҳе маҳсуб меёбад, ки қаҳрамони 11-каратаи кишварро чор маротиба пайи ҳам мағлуб намудааст. Зимнан, бояд гуфт, ки як бохти душанбегиҳо ба мавсими гузашта (9 ноябри соли 2022) рост меояд.
Дар мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ “Равшан”-у “Истиқлол” бори аввал дар даври 7-ум (30 апрел, Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб) вохӯрданд. Мизбонон бо голи задаи капитани даста – Холмурод Назаров ғалаба карданд. Воқеан, дар майдон “Равшан” 12-нафара бозӣ дошт, зеро беш аз 11 ҳазор мухлис барои дастгирии тими маҳаллӣ ҷамъ омада буданд, ки таъсирашро ба натиҷаи зӯрозмоӣ расонд.
Пас аз анҷоми қувваозмоӣ Игор Черевченко, сармураббии “Истиқлол”, аз ҳолати чаманзори майдон нигаронӣ карда, гуфта буд: “Дар чунин майдон бозӣ кардан хело душвор аст”. Дарвоқеъ, суханони мутахассис дуруст буданд, аммо бояд дар назар дошт, ки ҳар ду тим дар як майдон бозӣ мекарданд. 
 
СУПЕРҶОМ БАЪДИ 10 СОЛ ДУБОРА БА КӮЛОБ РАФТ  
Дастаҳо баъд аз гузашти 6 рӯз, яъне 6 май барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дигарбора муқобили ҳамдигар қарор гирифтанд. Ин дафъа қувваозмоӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифт. Чаманзори сунъии Варзишгоҳ барои футболбозони “Истиқлол” мувофиқ буд, зеро онҳо дар майдони сунъӣ тамрин мекунанд. 
Аксари коршиносони футбол тахмин мекарданд, ки душанбегиҳо дар майдони сунъӣ маҳорати баланд нишон дода, дар Суперҷом қусури бохти даври 7-умро аз “Равшан” меситонанд. 
Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ низ, Игор Черевченко бо як эътимод ба саволҳои хабарнигорон посух дода, иброз дошт: “Онҳо барои ғалаба ба майдон мебароянд”. Вале дар футбол на ҳама вақт пешгӯйиҳо рост мебароянд, зеро мақоле дар футбол ҳаст, ки мегӯянд: “Тӯб гирд асту майдон ҳамвор”.
Дар бозӣ барои Суперҷом низ, “Равшан” бар “Истиқлол” ғолиб омаду пас аз 10 сол дубора барандаи Суперҷом гашт. Тӯби ягонаи вохӯриро Амирҷон Сафаров (дақ.7) ба самар расонд ва дар дақиқаҳои боқимонда футболбозони кӯлобӣ дар хатти ҳимоя мисли кӯҳ устувор буданд. Яъне, чаманзори сунъӣ низ, ба натиҷаи бозӣ таъсир нарасонд ва “Истиқлол” бохти навбатиашро муқобили “Равшан” сабт намуд.
 
БОХТИ СЕЮМИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР 4 ҲАФТА АЗ ЯК ТИМ
Дидори навбатии “Истиқлол” ва “Равшан” дар даври 12-ум (28 май, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ) баргузор гашт. Ин якумин бозии ҳар ду тим дар мавсими ҷорӣ буд, ки дар майдони хонагии душанбегиҳо мегузашт. Ғалаба дар вохӯрӣ барои бошгоҳҳо муҳим буд, зеро дар сурати пирӯзии “Истиқлол” даста бо 26 хол мавқеашро дар садри ҷадвал устувор мекард. Дар ҳоли мағлубият “Равшан” бо 20 хол дар зинаи дуюм мавқеъ мегирифт ва аз “Истиқлол” 3 хол қафо мемонд.
Бозӣ бо садои ҳуштаки сардовар Гулмуроди Саъдулло оғоз ёфт. Нерусанҷӣ аз дақиқаҳои аввал ҷолибу диданӣ буд, ҳарчанд бозигарони ҳар ду тим кӯшиш карданд, аммо нимаи аввал бидуни гол ба анҷом расид. Дар оғози қисми дуюм мизбонон ташаббусро ба даст гирифта, ба ҳуҷум мегузаштанд, вале хатти муҳофизати меҳмонон бе иштибоҳ бозӣ мекард. Дар дақиқаи 58-ум ҳуҷумкунандаи “Равшан” Амирҷон Сафаров дар як аксулҳамла аз партофти Холмурод Назаров хуб истифода намуда, бо зарбаи дақиқ дарвозаи Рустам Ятимовро рахна карда, ҳисоби бозиро кушод. Бо гузашти ду дақиқа меҳмонон боз як аксулҳамлаи дигарро самаранок истифода карда, ҳисобро афзуданд: ҳимоятгари “Истиқлол” Табрез Исломов ба номаш худголро сабт намуд. 
Дар дақиқаи 62-юм легионери “Равшан” Эммануэл Мааобах дар назди майдони ҷаримавии дастааш муқобили Эҳсони Панҷшанбе қоидаро вайрон карда, бо ду корти зард аз майдон хориҷ шуд. Соҳибони майдон ин зарбаи ҷаримавиро самаранок истифода намуданд: пас аз партофти Алишер Ҷалилов Шервонӣ Муҳаббатшоев тӯбро бо сар вориди дарвозаи Евгений Гритсенко карда, таносуби голҳоро коҳиш дод.
Бозигарони Кӯлобшаҳр 10-нафара дар хатти дифоъ нишаста, ҳисоби 2:1-ро нигоҳ дошта, ғалабаи 5-умашонро дар Лигаи олӣ ба қайд гирифтанд.
 
НУКТАИ ҶАМЪБАСТӢ
Вақте ки Игор Черевченко сармураббии «Истиқлол» таъин шуд, ба ин муносибат нишасти матбуотӣ баргузор гардида буд. Дар он яке аз саволҳо чунин буд: “Пас аз ду моҳ бозиҳои Лигаи олӣ оғоз меёбанд, кадом тим метавонад рақиби асосии “Истиқлол” барои қаҳрамонӣ бошад?”.
– Дар ин бора чизе гуфта наметавонам, – чунин буд ҷавоби мутахассис. Вале ба ин савол Муҳсин Муҳаммадиев, ноиби президенти “Истиқлол”, посух дода, “Равшан”-и Кӯлобро рақиби асосӣ номида буд.  Воқеан, М. Муҳаммадиев хато накард, зеро ду бохте, ки “Истиқлол” дар Лигаи олӣ дорад, аз дастаи “Равшан” мебошад. Дар пойгаи қаҳрамонӣ низ, бо тафовути 3 хол аз “Истиқлол” дар мавқеи дуюм қарор дорад. Яъне, “Равшан” ин мавсим барои қаҳрамонӣ мубориза мебарад.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 30.05.2023 №: 113
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив