ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛИГАИ АВРУПО. ШОҲ БОЗ БА ТАХТ НИШАСТ

ЛИГАИ АВРУПО. ШОҲ БОЗ БА ТАХТ НИШАСТ

01 июн 2023, Панҷшанбе
8
0
 
Имрӯз тими “Севилия” (Испания) зери роҳбарии сармураббии испанӣ Луис Мендилибар дар финали Лигаи Аврупо (варзишгоҳи ба номи Ференс Пушкаш, Будапешт (Маҷористон) дастаи “Рома” (Италия)-ро бо ҳисоби 1:1 (4:1 силсилаи пеналти) шикаст дода, бори ҳафтум ҷомро ба даст овард. То имрӯз на тими “Севилия” ва на сармураббии «Рома» Жозе Моурино дар финали мусобиқаҳои аврупоӣ мағлуб нашуда буданд. Аммо шаби охири баҳор ва рӯзи аввали тобистони соли 2023 силсилаи пирӯзиҳои мураббии португалӣ қатъ шуд.
Дар қисми аввал “Гладиаторон”-и Рум пурра ташаббуси бозиро ба даст гирифта, ҳуҷумҳои хатарнок анҷом медоданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 35-ум Пауло Дибала аз партофти Ҷанлука Манчинӣ истифода намуда, ҳисобро кушод ва бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд.  
Аз оғози нимаи дуюм бозигарони “Севилия” пурра дар ҳамла буданд ва барои баробар кардани натиҷа кӯшиш мекарданд. Фишорҳои пайваста боис шуданд, ки Ҷанлука Манчинӣ (дақ.55) иштибоҳан тӯбро вориди дарвозаи дастааш намуда, ба номаш худголро сабт намуд. 
Пас аз мусовӣ гаштани ҳисоб испаниҳо бештар дар ҳуҷум буданд. Чунин ба назар мерасид, ки футболбозони “Севилия” вақти изофӣ ва зарбаҳои пеналтиро намехостанд, вале «Рома» дар хатти ҳимоя устувор бозӣ мекард. 
Ба натиҷаи вохӯрии ҳалкунанда метавонист хатои дағали довари англис Энтони Тейлор, ки ба дарвозаи “Рома” зарбаи ҷаримавии 11-метра таъин кард, таъсир расонад, вале пас аз муроҷиат ба видеодовар (VAR) пеналти бекор гардид. 
Вақти асосӣ бо ҳамин ҳисоб хотима ёфт ва дар ду қисми 15-дақиқагӣ низ, дастаҳо ба задани гол даст наёфтанд. 
Дар силсилаи пеналти дарвозабони марокашии “Севилия” Йосен Буну, ки беҳтарин бозигари финал эътироф шуд, маҳорати баланд нишон дода, зарбаҳои Ҷанлука Манчинӣ ва Роҷер Ибанесро баргардонд. 
Шогирдони Мендилибар, ки дар Ла Лига дар мақоми 11-ум қарор доранд, дар баробари Ҷоми Лигаи Аврупо барои мавсими оянда роҳхат ба Лигаи чемпионҳоро соҳиб шуданд. 
Жозе Моурино, ки пеш аз рафтан аз ҳуҷраи либоспӯшӣ аз медалаш халос шуд. Ӯ ба назди минбари варзишгоҳ рафта, нишонашро ҷониби мухлисон партофт.
Луис Мендилибар калонсолтарин мураббие гашт, ки дар Лигаи Аврупо ғолиб омадааст. 
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Севилия”-ро шоҳи Лигаи Аврупо ном мебаранд, зеро даста қаблан дар мавсимҳои 2005/06, 2006/07, 2013/14, 2014/15, 2015/16, 2019/20 пирӯз гашта буд.  
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 01.06.2023 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив