ФАЛСАФАИ СУЛҲ ВА НАҚШИ ОН ДАР КАМОЛОТИ ҶОМЕАИ БАШАРӢ НИЗОЪ ВА ШИНОХТИ МОҲИЯТИ СУЛҲ

03 сентябр 2026, Панҷшанбе
3


Ҷомеаи инсонӣ тули марҳалаҳои таърихии гузаштаи худ рӯйдоду зуҳурот ва ҳаводиси гуногуну пурихтилофро аз сар гузарондааст. Ҳар кадоми онҳо таъсири муайяни худро дар ташаккули таҷрибаи иҷтимоии инсонҳо расондаанд. Дар ин замина, низоми муайяни муносибату арзишҳое шакл гирифтаанд, ки дорои хусусиятҳои хоси худ буданд.
Инсоният таҷриба намудааст, ки яке аз омилҳои муҳими ба камолоти ҷомеаҳо мусоидаткунанда маҳз фарҳанги ҳамзистӣ ва сулҳу созиш мебошад. Таҷрибаи ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки дар ҳама марҳалаҳои рушд талошҳо баҳри ба даст овардани манфиатҳо боиси авҷ гирифтани бархӯрду зиддиятҳо ва сар задани низоъҳо гаштаанд. Мавҷудияти низоъҳо ва ҷангҳо таърихи инсоният ва низоми муносибатҳои байналмилалиро тағйир додааст. Ҳар кадоми онҳо дар таърих бо номҳои хос сабт гаштаанду дорои умумияту фарқиятҳои мухталиф мебошанд.
Умумияти ҳама ҷангу низоъҳо дар моҳияти харобиовар доштани онҳо мебошад. Тасаввури қолабгирифта дар бораи ҷанг ин оштинопазирии мавқеъҳо ва ҳалли масъалаҳо тавассути истифодаи қувва ва зӯрӣ мебошад. Тавсифи ҷанг ҳамчун шакли муносибатҳои сиёсии ба зӯроварӣ асосёфта, ҳамчун василаи расидан ба ҳадаф тавассути истифодаи “шамшер”, ҳамчун имконияти нишон додани бартарии қувваи сиёсию ҳарбии худ яке аз ихтилофноктарин масъалаҳо буда, дар илми сиёсӣ вобаста ба он олимону сиёсатмадорон ақидаҳои гуногун баён намудаанд. Баъзеҳо ҷангро ҳамчун василаи нишон додани қудрат, баъзеи дигар ҳамчун василаи таъмини амнияти кишварҳо, дигарон ба сифати василаи ҳифзи номусу нанги давлатдорӣ ва гурӯҳи дигар ба сифати омили васеънамоии қудрату афзун намудани бойигарии худ маънидод намудаанд. Таърих ҳам собит намудааст, ки ҷангу лашкаркашиҳо унсури таркибии тамоми равандҳои таърихӣ ва давлатсозию давлатдориҳо буда, қисме ба он бо мақсадҳои мудофиавӣ ва қисми дигар бо мақсади ғосибкорӣ даст задаанд.
Сайри таърихӣ ба масъалаи табиати иҷтимоию сиёсии ҷангҳо бо он мақсад буд, ки онҳо ҳамчун рӯйдоди иҷтимоию сиёсӣ бо пайгирӣ аз сабабу мақсадҳои гуногун метавонанд бо ҳар роҳу васила сурат гиранд. Ҳама гуна ҷанг хисорот ва қурбониҳои зиёде дар пай дорад. Дар баробари ин, дар ҳар як марҳалаи таърихӣ ҷангу низоъҳо дорои хусусиятҳои хоси худ мебошанд. Ҷангҳои дар садаи ХХ бавуқуъпайваста боиси дигаргуншавии низоми байналмилалӣ гардида, дар пайи худ хисороти ҷуброннопазири ҷонӣ ба бор оварданд. Дар навбати худ, ҳар ду ҷанг ҳам бояд барои инсоният сабақи таърихӣ мешуд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки чунин нашуд. Боз неруҳои манфиатдор талаби ҷанг доранду онро ҳамчун василаи нишон додани қудрат ва ба даст овардани манфиатҳо истифода мебаранд.
Рушди ҷомеа, тавсеаи имкониятҳои технологӣ, ташаккули фазоҳои нав барои пешбурди муборизаҳо, дарёфти василаҳои муосири ташкили бархӯрдҳо, аз қабили иттилоот, идеология, унсурҳои фарҳангӣ ва ғайра боиси вусъат пайдо намудани ҷангҳои иттилоотию идеологӣ ва фарҳангӣ гашта истодаанд. Шакливазкунии ҷангҳо моҳият ва мақсади онҳоро тағйир надодааст. Ҳамин аст, ки инсоният дар садаи ХХ1 ҳам аз ин мушкилот халос нашуд, баръакс низоъ ва ҷангҳо аз рӯйи теъдод ва ҳудуди фарогирии худ торафт васеъ шуда истодаанд.
Дар заминаи таҳлили боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки роҳи дигар низ ҷиҳати ба даст овардани мақсаду ҳадафҳо мавҷуд аст: ин сулҳу созиш ва мусолиҳаю ҳамкорӣ мебошад, ки ҳамчун алтернатива ба ҷангу низоъ пешниҳод карда мешавад.


ФАЛСАФАИ СУЛҲ ВА МОҲИЯТИ ОН
Сулҳ ҷанбаи қавии фалсафӣ дошта, ҷавҳари онро дарки моҳияти ҳастии инсон, мансубият ва рисолати ӯ дар ҷомеа ва ҷаҳон, талоши инсон баҳри худсозию ҷомеасозӣ, майл ба ҳамкорӣ, дарки арзишмандии созиш ва мусолиҳа, ташкили ҳамзистӣ дар заминаи эътирофи мавқеи шоистаи инсон, новобаста ба мансубияти ақидавию эътиқодӣ, нажодию миллӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Фалсафаи сулҳ инсонро дар маҳак қарор дода, осоишу ҳамзистиро барои ӯ мақсади асосӣ мешуморад. Фалсафаи сулҳро ҳамчун таълимоте метавон арзёбӣ намуд, ки шинохти манзалати инсонро талқин менамояд. Созиш, бахшиш, гузашт кардан, таҳаммулпазирӣ, адл, худмуайянкунии бошууронаи мавқеъ дар муносибат ба ҷониби дигар аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки дар доираи фалсафаи сулҳ васеъ тарғиб карда мешаванд.
Фалсафаи сулҳ дурӣ ҷустан аз зӯроварӣ, майл ба созишу ҳамкорӣ ва мусолиҳаву музокира доштанро талқин менамояд. Асоси онро оини ҳамзистии осоишта, ташаккули муҳити амну таъмини адолати иҷтимоӣ, инкори истифодаи қувва дар бартараф намудани зиддиятҳои пайдошаванда ташкил мекунад.
Фалсафаи сулҳ имкон медиҳад, ки онро ҳамчун неъмати баландарзиш шиносем. Қадр, ҳифзу ҳимоя ва таҳкими ин неъмат масъулияти иҷтимоии ҳар як инсон мебошад. Он ҳам моҳияти моддӣ ва ҳам маънавӣ дошта, дарки дурусти ҷанбаҳои зикргардидаи он инсон ва ҷомеаро ба дараҷаи нави камолот мерасонад.


СУЛҲ ҲАМЧУН АРЗИШИ БЕБАҲО
Инсоният сулҳро ҳамчун арзише дарёфт намудааст, ки тавассути он ҳалли мушкилиҳо бе хисорот ба даст оварда шуда, хиради инсон василаи асосии бартараф намудани мушкилот шинохта мешавад. Сулҳ аз диди аксиологӣ ҳамчун арзиши муҳими ивазнашавандаест, ки инсонро ҷиҳати расидан ба зинаи болоии камолот роҳнамоӣ менамояд. Шинохти он ҳамчун арзиш имкон медиҳад, ки рафтору муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа дар доираи муайяни пазируфташуда ҷараён гирад. Ҷавҳари ин муносибату рафторро шинохти қадр ва манзалати инсон ҳамчун гаронтарин сармояи ҷомеа, ҳамгироӣ, малакаи ҳамзистӣ дар як муҳити иҷтимоӣ ва дарки масъулият барои таъмини суботи сиёсӣ ташкил медиҳад.
Дар доираи ҷанбаи аксиологӣ шинохти сулҳ ҳамчун арзиш имкон медиҳад, ки арзиши инсон ҳамчун мавҷуди бебаҳо барои ҷомеа дарк карда шавад. Майл ба сӯйи ҳақиқат, адолатпарастӣ, таъмини таносуби неру ва хирад, қадр намудани ақл ҳамчун сармоя аз ҷумлаи ҷанбаҳои муҳиме мебошад, ки сулҳро ҳамчун арзиши ивазнашаванда ва муҳим барои ҷомеаи инсонӣ арзёбӣ менамояд. Пойдории сулҳу субот дар замоне таъмин мешавад, ки, агар хирад роҳбалад дар қабули қарорҳои сиёсӣ бошад.
Моҳияти арзишии сулҳ, инчунин, дар он аст, ки он мазмуни башардӯстонаи тамоми муносибатҳои иҷтимоиро ифода менамояд. Муносибати сулҳхоҳона муносибатест, ки майли инсонро ба сӯйи камолот инъикос намуда, имкон фароҳам меоварад, то пеши роҳи бархӯрдҳои шадид гирифта шуда, инсонҳо қадр кардани якдигарро омӯзанд.
СУЛҲ ВА ҶАНБАИ МАЪРИФАТИИ ОН
Сулҳ ҳамчун ҷодаи васеи донишҳо дар бораи тарзи муносибат дар ҷомеа маънидод карда мешавад, ки ба ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар, дарки моҳияти ҳамзистӣ ва дасткашӣ аз зӯроварӣ асос ёфтааст. Донишҳо дар бораи сулҳ имкон медиҳанд, ки инсон чеҳраи манфури ҷангро шиносад ва роҳҳои аз он дурӣ ҷустанро дарёбад. Ҷанбаи маърифатии сулҳ имкон медиҳад, ки онро ҳамчун вазъи мусоид баҳри рушду пешрафт арзёбӣ намоем, ки дар он тамоми шароиту имконот баҳри рушди ҷомеа ва шахсияти инсон муҳайё карда мешавад.
Сулҳ ҳамчун доираи донишҳо имкон медиҳад, ки субот ва амният ҳамчун мафҳумҳои асосие дарк карда шаванд, ки тавассути онҳо таносуби муносибатҳо риоя гардида, ҳуқуқ, озодӣ ва мақоми арзандаи инсон таъмин гардад. Адолати иҷтимоие, ки ҷомеаҳо маҳз дар пояи он устувории худро таъмин карда метавонанд, фақат дар доираи муҳити осоишта ва сулҳи пойдор таъмин мегардад.
Сулҳ ҳамчун шакли маърифат ба инсонҳо шинохти воқеияти беҷангро меомӯзад. Ин воқеият дар навбати худ имкониятҳои васеъро баҳри пешрафти моддию маънавӣ фароҳам меоварад. Ҷанбаи маърифатии сулҳ боиси ташаккули дидгоҳи хос дар масъалаи барқарор намудани робитаҳои ҷамъиятӣ, шинохти инсонҳо, дарки арзишмандии манфиатҳо, муайян намудани тарзи рафтор ва ташаккули чаҳорчӯбаи «Ман ва Дигарон» мегардад.


ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА
ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА
Ҷанбаи фарҳангии сулҳ имкон медиҳад, ки онро ҳамчун санъати нозук дарк намоем, зеро таъмини сулҳи пойдор дар ҳақиқат ҳам маҳорат, малака ва доираи васеи меъёру донишҳоро тақозо менамояд, ки дар доираи он муносибати хосса ба олами атроф, ба ақидаҳои мухолиф ва неруҳои рақиб ташаккул меёбад.
Фарҳанги сулҳ имкон медиҳад, ки қудрат ва бартарияти ақл бар қувва ва зӯрӣ эътироф карда шавад. Дар натиҷа ақл ва хирад муайянкунандаи иродаи субъектони қабулкунандаи қарорҳои сиёсӣ мегарданд. Фарҳанги сулҳ маҷмуи арзиш, қоида, меъёр, тарзи рафтору муносибат, тасаввурот ва мафкураеро дар бар мегирад, ки тавассути онҳо муносибатҳо байни субъектҳои равандҳои иҷтимоию сиёсӣ дар ҷомеа шакл мегиранд. Фарҳанги сулҳ ҳамчун муайянкунандаи доираи муносибатҳо дар ҷомеа имкон медиҳад, ки рафтори иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ҳангоми ба миён омадани бархӯрди манфиатҳо ва мақсаду мавқеъҳо дар заминаи таҳаммулпазирӣ, хирадсолорӣ, созишу гузашт ва ҳамкорӣ шакл гирад.
Фарҳанги сулҳ ин қобилияти дарк карда тавонистани хоҳишҳо, манфиатҳо ва талошҳои ҷониби дигар аст.
Фарҳанги сулҳ ин қобилияти баҳодиҳии дуруст ба воқеият ва ба қудрату неруи худ аст. Фарҳанги сулҳ ин маҳорати гӯш кардан ва шунида тавонистани рақиб аст, ки аксаран шиддати бархӯрди манфиату мавқеъҳо ин имконро заиф мегардонад.
Фарҳанги сулҳ дастовардест, ки кафолати ҳастии минбаъдаи инсониятро дода метавонад, зеро он қудрати табдил додани ихтилофро ба ҳамкорӣ дорад. Дар ин замина новобаста ба гуногунии тамаддунҳо ва низомҳои арзишӣ дар ҷомеаҳо фарҳанги сулҳ умумиятеро соҳиб аст, ки он хоси тамоми инсоният аст. Ин умумият масъулияти аҳли башар дар роҳи таъмини рушди минбаъдаи инсоният ва ворисии наслҳост.


СУЛҲ ҲАМЧУН НИЁЗИ ҶОМЕАИ БАШАРӢ
Сулҳ ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замон мубрамии хоси худро нигоҳ доштааст. Хусусан дар замони муосир, он эҳтиёҷоти кулли ҷомеаи башар мебошад. Вазъи мавҷудаи бархӯрдҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни дунё идома доранд, масъалаи сулҳро ҳамчун талаботи якумдараҷаи инсоният мубрам гардондааст. Тибқи маълумоти Донишгоҳи Упсал «айни замон дар ҷаҳон зиёда аз сад низоъҳои хурду калон идома доранд, ки аз 194 давлати дунё 91 давлат ба ин бархӯрдҳо бевосита ва ё бавосита ҷалб шудаанд. Маблағе ки дар бархӯрдҳо масраф шуда истодааст, ба зиёда аз 17,1 триллион доллар расидааст». Қурбониҳо дар ҷангҳо хеле зиёд шудаанд, ки ин нишонаи рушди технологии ҷангҳо мебошад. Ҳолатҳои зикргардида инсониятро дар рӯбарӯйи хатари бузург қарор дода истодааст.
Риоя нашудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар масъалаи пешбурди ҷанг, истифодаи яроқу аслиҳае, ки тибқи санадҳои байналмилалӣ ба кор бурдани онҳо манъ аст, васеъ истифода бурдани дастовардҳои рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар набардҳои рӯйирост, вусъат пайдо намудани таҳдиди ҷанги сард, рушд намудани ҷанбаи тиҷоратикунонии ҷангҳо ва ғайра аз ҷумлаи мушкилоти дорои хусусияти глобалӣ мебошад, ки инсониятро баҳри андешидани чораҳои бетаъхир водор мекунад. Вобаста ба ин, шинохти табиати ҷангу низоъҳои муосир ҳамчун зуҳуроти харобиовар ҷомеаро бо воқеияти дигар ошно месозад, ки ба онҳо истифодаи навъҳои нави силоҳ ва аслиҳае хос аст, ки қудрати бештари маҳвсозии инсониятро доранд. Таҳлили раванди низоъ ва ҷангҳо дар замони муосир шахсро ба хулосае водор мекунад, ки гӯё инсоният тамоми неруи худро барои ихтирои аслиҳаи дорои қудрати бештари маҳвсозии инсоният равона карда бошад. Сабқати силоҳсозӣ ва афзоиши қудрати ҷангӣ аз дигар шаклҳои сабқати осоишта пеш гузаштааст.
Ҷанг ва тарзу шакли нави пешбурди он ба абарқудратҳо имкон дода истодааст, ки эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии кишварҳоро, ки принсипи асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, сарфи назар намоянд. Дар луғати ҳарбӣ мафҳумҳое пайдо шуда истодаанд, ки инъикоси моҳияти тоза пайдо намудани шакли мубориза ва набардҳо мебошад. Мушакборон намудани ҳудуди дигар давлатҳои соҳибистиқлол, тавассути асбобҳои парвозкунандаи бесарнишин анҷом додани фаъолиятҳои гуногуни ҳарбӣ бо роҳи вайрон намудани ҳарими ҳавоии давлати дигар, анҷом додани фаъолияти ба ном зиддитеррористӣ дар ҳудуди кишвари дигар бе мувофиқа бо сохторҳои дахлдори он ва ғайра аз ҷумлаи ҳаводисе мебошад, ки мавҷудият ва фаъолияти ҳуқуқи байналмилалиро зери шубҳа мемононад. Дар чунин шароит чун натиҷа сулҳи байналмилалӣ аз ҳама зуҳуроти осебпазир боқӣ мемонад.


ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ
ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 - 2036
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи пойдории сулҳ ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳим бояд муносибат намояд. Маҳз аз ҳамин сабаб қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ «Дар бораи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, вокуниши ҷиддӣ ба амалҳои ҷангхоҳонаест, ки айни замон дар ҷаҳон идома доранд.
Қатъномаи мазкур аз рӯйи мазмун ва моҳияти худ ба Оинномаи СММ мувофиқ буда, таҳкими сулҳро ҳамчун вазифаи ҷомеаи башарӣ эътироф мекунад. Ҳамзамон, бо ин Қатъномаи зикргардида ба Пакт дар бораи оянда ва Декларатсия дар бораи наслҳои оянда, ки соли 2024 қабул гардида буданд, мувофиқ мебошад. Санадҳои зикргардидаро метавон ҳамчун маҷмуи ҳуҷҷатҳое маънидод намуд, ки ҳадафи онҳо саҳмгузорӣ дар пойдории сулҳи ҷаҳонӣ мебошад. Нигаронии ҷиддӣ аз шиддати зӯроварӣ ва поймол шудани одитарин ҳуқуқҳои инсон дар натиҷаи низоъ ва ҷангҳои идомадошта замина баҳри пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ҳам ҳадафи махсус маҳз ба масъалаи бунёди ҷомеаи осоишта ва амн бахшида шудааст, ки дар он адолати судӣ ва дигар чораҳо баҳри зистан дар ҷомеаи бехатар таъмин мегардад. Мубрамии масъала дар он аст, ки бо васеъ шудани доираи танишҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳои рӯйирости ҳарбию низомӣ ин масъала дар марҳалаи муосир хеле ҳассос гардидааст. Дар натиҷа, таъмини муҳити осоишта ва амн барои инсон ба яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ мубаддал гардидааст.
Асосҳои дар боло номбаршуда мубрамӣ ва саривақтӣ будани қабули Қатъномаи СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои ояндаро собит намуда, ифодаи дарки масъулияти насли имрӯза баҳри ба мерос гузоштани олами осоишта ва бе зӯроварӣ барои наслҳои оянда мебошад.
Таҳлили мазмуни Қатъномаи зикргардида нишон медиҳад, ки мусоидат ба таҳкими сулҳ, дастгирии муколама ва мусолиҳа, таъмини ҳамкории байни наслҳо – наврасон, ҷавонон ва калонсолон бо дарназардошти эҳтиёҷот ва манфиати наслҳои оянда ҳангоми коркарди сиёсат ва равандҳои қабули қарор, ки дар натиҷаи он интиқоли таҷрибаи иҷтимоӣ дар бораи арзишмандии сулҳ таъмин мегардад, унсурҳои асосии онро ташкил медиҳанд.
Маълум аст, ки бунёди сулҳ ва пойдории онро ҳар як ҷомеа бо роҳу василаҳои хос таъмин менамояд. Ин ҷанбаи муҳимро ба инобат гирифта, дар Қатъномаи зикргардида аз давлатҳои аъзо, сарварон ва халқҳое, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳо оид ба таҳкими эътимод, барқарорсозии баъдинизоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ягонагии иҷтимоӣ, дар таҳкими сулҳ, мусолиҳа, музокира ва ваҳдату ягонагӣ саҳм гузоштаанд, ҷонибдории хос карда шудааст. Қайди махсуси ҷанбаи мазкур аҳамияти калон дорад, зеро ҳар як таҷриба ва усули истифодашуда маънои саҳмгузорӣ дар рушду таҳкими равандҳои сулҳхоҳонаро дорад. Омӯзиши ин таҷрибаҳо барои кулли инсоният мактаби бузург дар роҳи пешгирии бархӯрдҳои эҳтимолӣ мебошанд. Хосияти такроршавандагии таърих инсониятро водор месозад, ки ба ҳар як таҷриба ҳамчун усули нодири ҳалли мухолифат ва низоъ муносибат намояд.


ХИДИРЗОДА Махфират,
узви КМИР ҶТ, профессор

Санаи нашр: 03.09.2026 №: 172