ОМӮЗГОР. НАМУНАЕ АЗ РӮЗГОРИ ЗУЛФИЯ МУҲАММАДИЕВА БАРОИ ИБРАТ

03 сентябр 2026, Панҷшанбе
4


Номзади илмҳои педагогика Зулфия Муҳаммадиева имрӯзҳо дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия зиндагӣ дорад, аммо ягон лаҳза аз адабиёту фарҳанги тоҷик дур нашудааст. Ӯ ҳанӯз соли 2013 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Асосҳои назариявии рушди неруи зеҳниву маърифатии донишҷӯён дар шароити низоми кредитии таҳсилот дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дифоъ намуда, солҳо дар ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода аз назокатҳои забони русӣ ба донишҷӯён дарс гуфт.
Ин рӯзҳо Зулфия Муҳам-мадиева дар кишвари дигар хумори Тоҷикистон – Меҳани азизашро бо хониш китобҳо мешиканад. Бо бештари нависандагону рӯзноманигорони тоҷик робитаи адабӣ дошта, тавассути дӯстон китобҳои илмиву адабии онҳоро дастрас менамояд. Аз китобҳо мағз мебардорад ва писандидатарин шеърҳо, мақолу масалҳо ва нуктаҳои тарбиявиро барои хонандагон муаррифӣ менамояд. Ба гумони мо, хонаи ӯ дар Россия як гӯшаи хурди Тоҷикистон аст, зеро беҳтарин китобҳои тоҷикону тоҷикистониёнро гирд овардааст ва бо забону адаби миллии хеш нафас мекашад.
Ба адибон суҳбат ороста, ранҷи эҷодии онҳоро қадр мекунад, пора-пора аз матнҳои китобҳоро хонда, навор месозад, бо садо шеърҳоро сабт кардаву рӯнамоӣ месозад, ба муаллиф офарин мехонад, хулоса, бо ҷону дил ва то қадри имкон дар муаррифии адабиёти мо ҳисса мегузорад.
Дар рӯзҳои хуши Тоҷикистон мисли кӯдак шодмон асту дар рӯзҳои вазнин, мегиряд, дилаш пора мешавад. Албатта, чунин дарёдилӣ хоси модарони тоҷик аст, модароне ба мисли Зулфиябону.
То ҷойе огоҳем, худ низ таъби шоирӣ дорад ва кам-кам чакомаҳои самимӣ ҳам менависад. Ҳарчанд даъвои шоирӣ надорад, бидуни сарводаҳои ширин зиндагияшро камранг медонад. Аз суҳбатҳояш ҳувайдост, ки иттиҳоди ҳама хомакашони тоҷикро чи дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва чи дар Афғонистону Эрон ба ҷон хоҳон аст. Зулфиябону бо дурбинӣ кайҳо донистааст, ки тоҷикони ҷаҳонро занҷираи тиллоии забони тоҷикӣ-порсӣ ва шеърҳои намакин зиндаву поянда медорад.
Имрӯзҳо ӯро на танҳо дар ҷойи кори пешинаш – ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода ё маорифи ноҳияи Деваштич, балки дар бештари гӯшаву канори кишвар мешиносанд, муҳаббаташро ба адабиёт қадр мекунанд.


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.09.2026 №: 172