ЭЙ БА ҲИКМАТ ПИРУ ДАР ҒАЙРАТ ҶАВОН
Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат
дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
Шод бош, эй зиннатафзои ҷаҳон – омӯзгор,
Эй ба ҳикмат пиру дар ғайрат ҷавон – омӯзгор.
Гар ҷаҳонро дар масал мо фарз созем осмон,
Шамси равшан дар мадори осмон – омӯзгор.
Хоксоре, ки ҷаҳон дар қабзаи фармони ӯст,
Ҷонфидое, бемуҳобо, қаҳрамон – омӯзгор.
Бе вуҷудаш фард-фарди ҷамъият пайванд нест,
Эй салоҳи ҷамъиятро посбон – омӯзгор.
Мерасад ҳар кас зи лутфаш бар нишони орзу,
Баҳри тири ғайрати мардум камон – омӯзгор.
Кист? - мепурсӣ агар, - бартар зи абнои башар?
Ҳар каси оқил бигӯяд, бегумон – омӯзгор!
То ҷаҳон ободу мардум шод бошад то абад,
Бар ту мехоҳам суботи ҷисму ҷон, омӯзгор!
Сафармуҳаммад АҲМАД, сокини шаҳри Бохтар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
