ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ВАТАНСОЗӢ БА ШИОРИ ЗИНДАГИИ СОҲИБКОРОН ТАБДИЛ ЁФТААСТ
Бошандагони деҳаи Хайрободи деҳоти Работи шаҳри Турсунзода аз набудани мактаб дар ҳудуди деҳа танқисӣ мекашиданд. Талабагон чанд километр роҳро тай карда, барои таҳсил ба дигар мактабҳои деҳоти Работ мерафтанд. Дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ин мушкили хонандагон рафъ гардид.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳмгузории соҳибкори маҳаллӣ Рустам Раҷабалиев, дар деҳа Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №124 бо тарҳи муосир бунёд ва ба истифода дода шуд. Мавриди истифода қарор гирифтани Муассиса, ба санаи ташрифи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода рост омад, ки сокинони шаҳр ин рӯйдодро аз баракати қудуми Пешвои миллат арзёбӣ мекунанд.
Рустам Раҷабалиев, соҳибкори маҳаллӣ, зимни суҳбат ба «Ҷумҳурият» таассуроташро чунин баён дошт:
– Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии мамлакати азизамон бахши хусусӣ беш аз пеш рушд мекунад. Дарвоқеъ, шароиту имконот ва имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мо – соҳибкорон, фароҳам гардидаанд, дар пешрафти бемамониати тиҷоратамон заминаи мусоид мегузоранд. Камина дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат худро уҳдадор мешуморам, ки дар ободии як гӯшаи диёр саҳмгузор бошам. Биноан, бо харҷи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ дар ин деҳаи дурдаст Муассисаи мазкурро бунёд намудам. Муассиса барои зиёда аз 240 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо тамоми аёният ва таҷҳизоти лозимии таълимӣ таъмин мебошад. Инчунин, дар шафати Муассиса майдончаи варзишӣ сохта шудааст.
Р. Раҷабалиев афзуд, ки азм дорад дар шафати Муассисаи мазкур бинои иловагӣ барои беш аз 200 хонанда сохта, ба истифода диҳад. Эҳтимолан, рӯзҳои наздик сохтмони бино оғоз мегардад. Ногуфта намонад, ки мавсуф дар дигар корҳои ободию созандагии шаҳр ва берун аз он низ мудом саҳмгузорӣ мекунад.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
