«ПАЙВАНД». ҲАМОИШИ ИЛМИИ АНҶУМАНИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОНИ ҶАҲОН
![]()
7-уми сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши илмӣ, дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд.
Ҳамоиши илмии “Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ”-ро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, суханро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ҳамаи иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати Ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, меҳмонон: донишмандон, олимон, аҳли ҳунар, аъзои фаъоли Анҷумани “Пайванд”-ро ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – хонаи умеди тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, хайрамақдам гуфтанд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ иштирокдорони ҳамоиш сухан карда, ба нақши Анҷуман дар ваҳдати мардумони тоҷику форс ва саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси ин Анҷуман дар эҳёи арзишҳои миллӣ, тамаддуни ориёӣ ва муаррифии дастовардҳои илмию фарҳангии ниёгон, баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, Алиризои Қиёматӣ, ки дар миёни тамоми мардумони фарҳангдӯст ҳамчун устоди Донишгоҳи Машҳад ва яке аз донишмандон ва пажӯҳишгарони барҷастаи “Шоҳнома” шинохта шудааст ва доктор Муҳиддин Маҳдӣ, собиқ намояндаи мардум дар Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, пажӯҳишгари тавоно дар риштаҳои таърих, забоншиносӣ, адабиёт ва таърихи сиёсии Афғонистон, дар кори ҳамоиш ибрози андеша намуданд.
Суханварони ҳамоиш пешравиҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистонро натиҷаи талошҳои бурдборонаву таҳаммулпазиронаи халқи шарафманду покниҳоди тоҷик бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.
