СУҒД. ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ СОБИҚАДОРОН
Миллати тоҷик дарозои асрҳо ҳодисаву воқеаҳои гуногунро паси сар намуда, ахиран дар интиҳои қарни XX ва ибтидои қарни XXI ба орзуи деринаи худ - ташкили давлати соҳибистиқлол расид. Яъне, Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли давлатиашро эълон намуд, аммо баъди соле ба гирдоби воқеаҳои даҳшатбор печид. Бесарусомониҳо сар заданд. Ҷанги таҳмилии хонумонсӯз зиёда аз 8 млрд доллари ИМА зарари моддӣ расонд, бештар аз 150 ҳазор мардуми тоҷик ба ҳалокат расид, 25 ҳазор нафар зани тоҷик бесаробону 50 ҳазор кӯдак ятим монданд, 1 млн нафар муҳоҷир гардид.
Садҳо манзили обод тороҷу хокистар шуда, корхонаҳо рӯ ба таназзул оварданд, мақомоти давлатдорӣ фалаҷ гардид.
Дар чунин шароити душвор вакилони мардумӣ масъулияти бузургеро ба дӯш гирифта, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳумро баргузор намуданд.
Ин охирин имконияте ба шумор мерафт, ки Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти худро дар назди таърих ва халқу Ватан иҷро намояд, давлатро аз хатари парешоншавӣ наҷот диҳад.
Хушбахтона, Шурои Олӣ бо интихоби Роҳбари ҷавони дилсӯз ва ботадбиру оянданигор дар симои Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихиашро муваффақона иҷро кард.
Бунёдгузори давлати демократии дунявӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба қасамашон содиқ монданд, балки барои иҷрои он фидокорона кӯшиш ба харҷ дода, хишти аввали давлати нави тоҷиконро росту устувор гузоштанд, ки ин натиҷаҳои оламшумул дода истодааст.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ эътироф шудааст.
Саодати халқи тоҷик аст, ки Пешвои миллат пайваста таъкид месозанд, ки амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намуда, сатҳу сифати зиндагии сокинонро боз ҳам баланд бардорем, зеро мардуми мо байни халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро дорад. Ин ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Мо, собиқадорон ва нафақахӯрон, аз он сарфарозу ифтихормандем, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар ҳаққи мардуми кишвар ғамхорӣ зоҳир намуда, таъмини шароити иҷтимоиро дар меҳвари таваҷҷуҳи хеш қарор додаанд.
Илова ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз соли 2001 ба маъюбону иштирокчиёни ҶБВ кумакпулии ҳармоҳа муқаррар кардааст. Ҳамчунин, ба собиқадорони ақибгоҳи ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар ҷангҳо ҳалокшуда, маъюбони ҷангҳо дар ҳудуди давлатҳои дигар, барқарорсозандагони сохти конститутсионӣ дар кишвар ва чернобилчиён кумакпулии ҳармоҳа таъин намудааст.
Панҷ сол мешавад, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори раиси вилояти Суғд ба собиқадорони хидматнишондода маблағҳои идона тақдим мегарданд. Ҳамчунин, онҳо бо роҳхатҳои имтиёзноки табобативу истироҳатӣ таъмин мешаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят баҳри баланд бардоштани сатҳи хидматрасонии тиббии собиқадорон чораҳои амалӣ меандешад. Дар панҷ соли охир барои хидматрасонии тиббии онҳо 974950 сомонӣ маблағ масраф гардид ва эҳтиёҷи маъюбон ба аробачаҳо, дастгоҳи шунавоӣ, шинондани дандонҳои сунъӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ қонеъ гардонда шуданд. Нафақахӯрон ин ҳама ғамхорию меҳрубониро аз файзу баракати сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Шавкат АЛИЕВ, муовини раиси Шурои собиқадорони вилояти Суғд,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
