ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР ПАРТАВИ ОНҲО
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охири қарни сипаришуда, ки вазъияти бисёр мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуд, агар аз як тараф, роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро ҳамчун унсурҳои марказии низоми давлатдории худ амиқан дар сатҳи конститутсионӣ муайян карда бошад, аз тарафи дигар, баҳри риоя ва таъмини меъёрҳои конститутсионӣ ниҳоди махсуси салоҳиятдор, яъне Суди конститутсиониро таъсис дод. Бешак, ин мақомот дар марҳилаи бунёди давлати миллӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.
Дурнамои фаъолияти давлат аз қабул ва амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқие вобастагӣ дорад, ки онҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ мутобиқат дошта, ҳадафҳои давлат ва ормонҳои халқро дар худ инъикос намудаанд. Маҳз бо дарназардошти муайянсозии мутобиқат доштан ва ё надоштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба меъёрҳои қонуни асосӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурат ба таъсиси Суди конститутсионӣ пайдо шуд, ки чунин ниҳод имрӯз дар зиёда аз 140 давлати дунё арзи ҳастӣ дорад. Суди конститутсионӣ мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба назорати конститутсионӣ буда, бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсия таъсис дода шуда, адолати судии конститутсиониро дар кишвар амалӣ месозад. Албатта, фаъолияти Суди конститутсионӣ тавассути Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад. Вале бояд зикр намуд, ки дар муайян намудани дурнамои фаъолияти Суди конститутсионӣ ва амалӣ сохтани адолати судии конститутсионӣ нақш ва аҳамияти паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас маҳсуб меёбанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал намуда, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар заминаи онҳо таҳия ва қабул мешаванд. Яке аз меъёрҳои бунёдӣ, ки дар моддаи 55 Конститутсия инъикос ёфтааст, ин ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мебошад. Бояд ишора намуд, ки таҷрибаи ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пас аз таъсис додани парлумони касбӣ, дубора барқарор кардани шакли идоракунии президентӣ ва ба роҳбарӣ гирифтани низоми давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд рӯи кор омада, аз ибтидои қарни XXI то имрӯз ҳамасола анҷом дода мешавад. Дар Паёми Президенти кишвар масъалаҳои муҳим, ки марбут ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошанд, баррасӣ гардида, дастуру супоришҳои мушаххас ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат, таъмини адолати иҷтимоӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ, таъмин намудани адолати судӣ дода мешаванд. Чунин дастуру супоришҳо ва талаботи Паёми Президент бояд, ки аз ҷониби субъектони ваколатдор сари вақт ва бо сифати баланд иҷро гарданд. Зеро, амалӣ шудани онҳо боиси афзудан ва беҳтар гаштани шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мегарданд. Маҳз бо ҳамин назардошт, Суди конститутсионӣ аз нахустин солҳои татбиқи таҷрибаи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ онро ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ ба роҳбарӣ гирифта, дар заминаи он нақша-чорабиниҳои далхдорро қабул менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустсолҳои ироаи паёмҳои худ ба мақоми намояндагии кишвар ҳокимияти судиро ҷузъи асосии ҳокимияти давлатӣ маънидод намуда, амалӣ гаштани ҳадафҳои давлатро аз фаъолияти самаранок ва босифати ниҳоди мазкур вобаста медонанд. Аз ҷумла, зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 30 апрели соли 2001 чунин таъкид доштанд: «Адолати том ва таъмини ҳаққу манфиатҳои ҳамаи аъзои ҷомеа, муассисаҳову созмонҳо дар ниҳоят ҳалли худро дар фаъолияти мақомоти судӣ меёбанд. Сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафти муносибатҳои бозорӣ маҳз ба фаъолият ва кафолати судӣ эҳтиёҷ доранд». Воқеан, дар ибтидои қарни XXI, ки Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд қарор дошт, бидуни риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва татбиқи адолати судӣ имконияти бунёд намудани чунин ҷомеа имконнопазир маҳсуб меёфт. Бо ин мақсад, Пешвои миллат барои баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ ва рушду такомули минбаъдаи он пайваста тадбирандешӣ карда, зимни ироаи паёмҳои худ дар солҳои 2006, 2009, 2010, 2014 ва 2018 қабул намудани барномаҳои ислоҳотии судӣ-ҳуқуқиро ба мақсад мувофиқ донистанд. Дар заминаи онҳо, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021 омода ва қабул шуд. Барномаҳои ишорашуда барои такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин, такмили қонунгузорӣ дар ин самт мусоидат карданд.
Бояд зикр намуд, ки барномаҳои дигари ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ва 2019-2021 қабул гардиданд, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеи судҳо, аз ҷумла Суди конститутсионӣ дар ҷомеа нақши бориз доштанд. Аз ин рӯ, бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон иброз дошт, ки паёмҳои Президенти кишвар ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо дар таҳкими фаъолияти Суди конститутсионӣ, баланд бардоштани нақши он дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, ҳамзамон мукаммал намудани қонунҳои миллӣ нақши муҳиму ҳалкунандаи худро гузоштаанд.
Абдулҳафиз АШУРЗОДА,
раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон