АФСОНАҲО ҲАҚИҚАТ ШУДАНД. ИЛҲОМ АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

13 октябр 2026, Сешанбе
9


Гаштаву баргашта суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Театри миллӣ тамошо мекунам. Достони зиндаи ватансозиро аз забони марди ватандор – вориси Курушу Исмоили Сомонӣ мешунавам.
Ин суханронии беш аз яксоата як навъ ҳисоботи роҳи дар 35 сол тайкардаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари хирадмандаш аст. Ва табиист, ки имрӯз ҳама чиз аз пеши назари Роҳбари давлат мегузарад. "Қасам ёд карда будам, ки ман ҳастии худро ба ин миллату ин Ватан мебахшам. Ба шумо сулҳ меорам, тамоми донишу таҷрибаамро барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар ва амну осоиш дар ҳар як хонадон равона карда, барои пешрафту ободии Ватани азизам содиқона хизмат мекунам», – мегӯянду овозашон меларзад.
Ин ларзиши овоз аз рӯзҳои, воқеан, барои миллат сахту сангини гузашта буд. Аз рӯзгоре, ки як ҷавони чилсола рисолати сарҷамъ кардани миллати ҳазор сол парешонгаштаро дар он рӯзҳои сиёҳ бо умеди сабз, бо дили пур бар дӯш гирифт ва ҳарчанд сохтани ин Ватан осон набуд, ӯ сохт, обод кард, мардумро ба хушбахтӣ расонд; дар лабҳои аз даҳшати ҷанг парсинбаста табассум овард, ба суроғи ҳамватанон рафт, онҳоро овард, соҳибӣ кард, ки мабодо таънаи бегона бишнаванд. Мардумро аз навбати нон ба дастархонҳои серу пур расонд.
Тоҷикистонро ғайрати Ҷаноби Олӣ сохт, азму иродаи қавӣ, руҳи шикастанопазирашон сохт. Афсонаҳо ҳақиқат шуданд, мулк обод гашт. Исбот карданд, ки агар одам бихоҳад, ҳеҷ кори намешуданӣ вуҷуд надорад, мисоле, ки ҷасорати Сарвари давлат Девдараҳоро Гулдара кард. Нақбҳо бунёд шуданд ва ҳамакнун НБО "Роғун"-и мо мисли тифли навзоде дар оғӯши Ҷаноби Олӣ қад меафрозад.
35 сол пеш кӣ гумон мекард, ки имрӯз мардуми олам аз нусрату сарбаландии миллати тоҷик мегӯяд? Роҳи расидан ба сулҳи моро намунаи нодир арзёбӣ мекунанд? Дар тирамоҳон Душанбеи баҳорнакҳат ин қадар меҳмони хориҷиро ба оғӯши ғарқи гулаш мегирад? Мо ба ҷойи навбати нон дар тамошои шоҳкориҳои меъморӣ, дар мисоли Театри милливу Кохи Наврӯз меистем? Бале, ин афсонаҳоро Сарвари давлати мо, ки ба бахти баланди миллат сари тахт омаданд, ба ҳақиқат табдил доданд. Вале буғзе аз рӯзҳои сахт ҳанӯз дилҳоро мефишорад, ки инро танҳо соҳибдил медонад. Аммо боз ҳам гумонам як назар ба чеҳраҳои идонаи аҳли толор, ки ҳар яке андаруни ин бинои зарҳалину мармарин чун нигин медурахшиданд, он ҳама хастагиро аз байн бурд. Сарвари давлат ба толор, ба аҳли толор бо рамуз менигаристанду аз сарбаландии ҳамватанон меболиданд.
Дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ, бахусус роҳпаймоии идона, аксаран дидани ҷавонон Сарвари давлатро хушнуд кард: ҷавонону наврасоне, ки имрӯзро барои онҳо сохтанд, то он чи падарону модаронашон диданд, инҳо набинанд. Ин ниҳолакони навбарги боғи истиқлол ҳамакнун нахли пурбор гардидаву бо ҳидоятҳои неки Сарварашон ояндаро шарафмандона бар дӯш мегиранд. Аз дидани ин манзара Роҳбари давлат ифтихор мекунанд ва ба онҳо рӯ меоранд, ки ҳифзи ин Ватан, ободтару пешрафтатар гардондани он вазифаи муқаддасашон аст.
Ин шабу рӯз ғулғулаи Ҷашни Истиқлол аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба гӯш мерасад. Ҳар хонадон, ҳар деҳа, ҳар шаҳр ид дорад: Иди бошукӯҳи Истиқлол. Сарвари давлат фараҳи беинтиҳои мардумро мебинанду гаштаву баргашта таманно мекунанд: “Бизгор бадтарин рӯзатон чун имрӯз, чун Ҷашни Истиқлол бошад”.
Бигзор то бод, чунин бодо!


Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 13.10.2026 №: 198-199