НБО «РОҒУН». БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИНШООТИ АСР
Бо мақсади ошноӣ бо раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 2-юми октябри соли ҷорӣ аз маҳали сохтмони ин иншооти бузурги энергетикӣ дидан намуда, бо рафти корҳои сохтмонӣ, раванди бунёди иншооти асосии Неругоҳ ва корҳои анҷомдодашуда аз наздик шинос шуданд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои стратегии миллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми хос дошта, татбиқи он ба ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи зич дорад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар зарурати бунёди ин иншооти бузургро ҳамчун омили муҳими таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодии мамлакат пайгирона матраҳ намуда, раванди татбиқи лоиҳаи НБО «Роғун»-ро таҳти таваҷҷуҳи доимии худ қарор додаанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни боздид таъкид намуд, ки НБО «Роғун» дар баробари аҳамияти бузурги энергетикӣ доштан, барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти баланди миллӣ ва таърихӣ низ дорад. Маҳз бо иродаи сиёсӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ин тарҳи бузурги миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар табдил ёфта, ҳазорон мутахассисону сохтмончиён дар бунёди он саҳми арзанда мегузоранд.
Зимни боздид роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳнамоии масъулини НБО «Роғун» аз маҳали сохтмони сарбанди Неругоҳ дидан намуда, бо раванди корҳои сохтмонӣ ва хусусиятҳои асосии техникии он шинос шуданд. Ҳангоми боздид, ҳамчунин, оид ба миқёси корҳои анҷомшуда, раванди бунёди иншооти асосии Неругоҳ ва нақши мутахассисону кормандони соҳа дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги миллӣ маълумот пешниҳод гардид.
Таъкид гардид, ки татбиқи НБО «Роғун» дар баробари таҳкими иқтидори энергетикии кишвар, барои рушди саноат, тавсеаи истеҳсолот, фароҳам овардани заминаҳои нави рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад. Бунёди ин Неругоҳ ҳамчунин дар самти расидан ба ҳадафи стратегии таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат нақши калидӣ мебозад.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон на танҳо як шиносоии одӣ бо раванди татбиқи яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохтории кишвар, балки дарси амалии шиносоӣ бо миқёси корҳои созандагӣ ва намунаи барҷастаи меҳнати фидокорона баҳри ободии Ватан мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
