ПАНҶАКЕНТ. ДАР МОҒИЁН КОРХОНАИ КОРКАРДИ СУРМА БУНЁД МЕШАВАД

13 октябр 2026, Сешанбе
6


Дар ҳудуди деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент сохтмони корхонаи азими истихроҷ ва коркарди маъдани сурма идома дорад.


Бино ба иттилои масъулон, ин лоиҳаро ҶДММ «Канзи диёр» амалӣ намуда, то имрӯз барои ба роҳ мондани инфрасохтори истеҳсолӣ ва фароҳам овардани шароити кору зиндагии кормандон як қатор корҳои муҳим анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, ба самти шаҳраки коргарону мутахассисон ва коргоҳи коркарди маъдан роҳи 16-километра кушода ва хатти интиқоли барқ кашида шудааст. Ҳамчунин, барои 300 нафар хобгоҳ бунёд гардидааст.
Айни замон дар майдони сохтмон беш аз 180 мутахассис ва бинокор ба кор ҷалб шудааст. Онҳо сохтмони полоишгоҳ ва коргоҳи коркарди маъдан, насби таҷҳизоти бетономодакунӣ, кушодани роҳ ба мавзеи истихроҷи маъдан ва корҳои дигари омодагиро пеш мебаранд. Тибқи нақша, навбати аввали корхона соли оянда ба истифода дода мешавад. Дар марҳалаи мазкур барои таъсиси 500 ҷойи кор шароит фароҳам хоҳад шуд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.10.2026 №: 198-199