СУҒД. ПАХТАКОРОНИ ПЕШҚАДАМ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Дар вилояти Суғд бо мақсади тақвияти масъулияти меҳнатӣ, баланд бардоштани суръати ҷамъоварии ҳосил ва ҳавасмандгардонии пахтакорон натиҷаҳои 20 рӯзи аввали мусобиқаи меҳнатӣ ҷамъбаст гардид.
Маросими қадршиносии пешсафони маъракаи пахтачинӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор шуд.
Дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми аввалро соҳиб шуда, ноҳияи Спитамен дар зинаи дуюм қарор гирифт. Миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бошад, Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом беҳтарин натиҷаро нишон дод.
Тибқи маълумоти оморӣ, нақшаи умумии истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 119 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва то 9-уми октябр 39 ҳазору 780 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 33,4 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 11 ҳазору 330 тонна пахтаи дар нақша пешбинишуда то имрӯз 5412 тонна ҷамъоварӣ гардида, иҷрои он ба 47,8 фоиз расидааст. Дар ноҳияи Спитамен низ аз нақшаи 13 ҳазору 70-тоннагӣ 5740 тонна пахта супурда шудааст, ки 43,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқаи меҳнатӣ Раҷаб Аҳмадзода ба ғолибон вимпел ва мукофоти пулӣ тақдим намуда, як қатор хоҷагиҳои пахтакор ва чинакчиёни пешқадамро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр кард.
Раиси вилоят зарурати истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, ташкили дурусти меҳнат ва ҷалби ҳарчи бештари қувваи кориро ба корҳои саҳроӣ таъкид намуд. Зикр кард, ки натиҷаҳои мусобиқа бояд барои дигар хоҷагиҳо намунаи ибрат гардида, ба беҳтар шудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ мусоидат кунад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
