КӮШОНИЁН. РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ БУНЁДКОРИҲО ДИДАН КАРД

13 октябр 2026, Сешанбе
8


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти баъзе аз корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, якчанд иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва барои сохтмони иншооти оянда санги асос гузошт.
Нахуст, раиси вилоят бо иштироки сокинони деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор роҳи аҳамияти маҳаллиро, ки бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорон мумфарш карда шудааст, мавриди истифода қарор дод. Роҳи мазкур 1,5 километр дарозӣ дошта, корҳои мумфаршкунии он бо маблағи умумии 1 миллион сомонӣ ба анҷом расонда шудааст. Зимни мулоқот бо сокинон раиси вилояти Хатлон иқдоми онҳоро нишонаи масъулиятшиносӣ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки чунин корҳои созандагӣ дар оянда низ идома дода шаванд.
Дар деҳаи Чорсӯи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ба сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 санги асос гузошта шуд. Он бо ташаббуси сокинони маҳал бунёд карда мешавад. Бино аз 8 синфхона иборат буда, барои таҳсили 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар идомаи сафар раиси вилоят аз раванди самаранок истифодабарии замин дар хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҷаҳонгир» боздид намуда, ҳамзамон корхонаи истеҳсоли бетони ҶДММ «Бохтар иншоот»-ро, ки дар деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор дод. Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафар Раҳимов бунёд шуда, дар давраи сохтмон шаш сохтмончӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардида, бо маоши муносиб таъмин шуданд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 240 тонна бетон буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда барои истифода дар корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шудааст. Бо ба истифода додани корхона барои 20 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бошад, раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Ифтихори Ватан» шинос шуда, коргоҳи нави равғанбарории онро мавриди истифода қарор дод. Муассиси коргоҳ соҳибкор Анвар Раҳмонов мебошад.
Зимни боздид таъкид гардид, ки истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва рушди корхонаҳои саноатӣ аз ҷиҳатҳои муҳими рушди иқтисоди ноҳия ба ҳисоб мераванд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.10.2026 №: 198-199