КУМАКИ ТИББӢ. АЗ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ ТО РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ

13 октябр 2026, Сешанбе
5


(Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Саломатии аҳолӣ яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи сифати зиндагӣ, рушди сармояи инсонӣ ва ояндаи устувори кишвар мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намудаанд, ки моҳияти он дар андешаи «Саломатии миллат - сарвати давлат» ифода меёбад.
Дар солҳои истиқлоли давлатӣ низоми тандурустии Тоҷикистон роҳи мураккаб, вале муҳими рушду ислоҳотро тай намуд. Пас аз соли 1991 кишвар бо мушкилоти ҷиддии иқтисодию иҷтимоӣ, коҳиши маблағгузорӣ, осеб дидани инфрасохтор ва норасоии кадрҳо рӯ ба рӯ гардид. Бо вуҷуди ин, ислоҳоти пайгирона имкон доданд, ки заминаҳои низоми муосири тандурустӣ гузошта шаванд.
Дар тули 35 соли истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон марҳалаҳои пайдарпайи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ амалӣ гардиданд. Яке аз марҳалаҳои муҳими ин раванд аз соли 2006 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Дар ду даҳсолаи охир яке аз самтҳои калидии ислоҳоти соҳаи ҳифзи саломатӣ ташаккули низоме гардид, ки ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва Институти тибби оилавӣ такя мекунад. Аз солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон ислоҳот барои таҳкими сатҳи ибтидоии кумаки тиббӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба тибби оилавӣ оғоз гардид, ки ҳадафи он суръат бахшидан ба ҳаракат ба сӯйи фарогирии умумии аҳолӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ мебошад.
Яке аз самтҳои калидии ислоҳот таҳкими кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва рушди тибби оилавӣ гардид, зеро маҳз маркази саломатӣ ва табиби оилавӣ аввалин зинае мебошанд, ки шаҳрванд ҳангоми пайдо шудани мушкилоти саломатӣ ба онҳо муроҷиат мекунад.
Дар ин раванд, Лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» саҳми назаррас мегузорад. Лоиҳа ба баланд бардоштани сифат ва самаранокии КАТС, рушди иқтидори кадрӣ, такмили маблағгузорӣ, рақамикунонии соҳа ва таҳкими омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ равона шудааст.
Таҳкими кумаки аввалия на танҳо дастрасии хизматрасониҳои тиббиро беҳтар мекунад, балки барои пешгирии бемориҳо, муайян намудани омилҳои хавф, ташхиси барвақт ва назорати мунтазами беморон низ имкониятҳои бештар фароҳам меорад. Ҳар қадар беморӣ барвақттар ошкор шавад, ҳамон қадар имконияти пешгирии оризаҳо ва бистарӣ гардидани бемор зиёд мегардад.
Тавре ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» Баҳодур Холназар таъкид менамояд: «Барои инсон муҳим аст, ки кумаки тиббӣ дар наздикии маҳали зисташ дастрас бошад, то ӯ тавонад сари вақт ба мутахассис муроҷиат кунад, аз ташхиси зарурӣ гузарад ва бе монеаҳои зиёдатии ташкилӣ табобат гирад».


ИНФРАСОХТОР ВА КАДРҲО - ДУ ПОЯИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ
Рушди илм ва технологияҳои муосир имкониятҳои техникиро барои дарёфт, назорат ва табобати бемориҳои гуногун ба таври назаррас васеъ намуда, ҳамзамон, талаботи навро нисбат ба муассисаҳои тиббие, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, ба миён овардааст.
Яке аз самтҳои муҳими Лоиҳа беҳтар намудани шароити муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад. Дар ноҳияҳои таҷрибавӣ сохтмон ва таъмири асосии марказҳои саломатӣ амалӣ шуда истодаанд.
Айни замон, сохтмони 5 маркази саломатии ноҳиявӣ ва таъмири асосии 10 маркази саломатии деҳот оғоз гардида, таъмири 18 маркази саломатии деҳот пурра ба анҷом расидааст. Ин муассисаҳо, аллакай, ба аҳолӣ дар шароити беҳтар хизмат мерасонанд. Аммо танҳо инфрасохтор ва таҷҳизоти нав барои таъмини сифати хизматрасонӣ кофӣ нест. Муассисаи муосир ба мутахассис ниёз дорад ва баръакс, табиби хубомодашуда бояд барои ташхису табобат шароити зарурӣ дошта бошад.
- Мо кӯшиш мекунем, ки беҳтар намудани шароити муассисаҳо, таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, рушди касбии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ва ҷорӣ намудани равишҳои муосири клиникиро ба ҳам пайваст намоем, - мегӯяд Баҳодур Холназар.
Аз ин рӯ, рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Лоиҳа мебошад. Соли гузашта 325 корманди тиббӣ, аз ҷумла 87 табиб ва 238 корманди миёнаи тиб, аз курси шашмоҳа аз рӯйи ихтисоси «Тибби оилавӣ» гузаштанд.
Айни замон 381 корманди тиббӣ, аз ҷумла 62 табиб ва 319 корманди миёнаи тиббӣ, ин давраҳои омӯзиширо хатм менамоянд. Дар оянда маҳз ин кадрҳо метавонанд яке аз такягоҳҳои ҷорӣ намудани воситаҳои рақамӣ - кортҳои электронии беморон, низомҳои бақайдгирӣ ва банақшагирӣ гарданд, ки айни замон дар доираи Лоиҳа таҳия мешаванд.
Ҳамчунин, 204 роҳбари марказҳои саломатии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва деҳот омӯзиши идоракунии муосирро гузаштаанд.
«Барои мо муҳим аст, ки омӯзиш танҳо бо гирифтани сертификат анҷом наёбад. Донишу малакаҳои бадастомада бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи корманди тиббӣ ва сифати кумаки ба бемор расондашаванда инъикос ёбанд», - иброз дошт ҳамоҳангсози Лоиҳа.
Дар баробари ин, стандартҳои ихтисосҳо ва барномаҳои ординатураи клиникӣ бознигарӣ шуда, масъалаи нигоҳ доштани мутахассисон дар деҳот низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Барои Тоҷикистон тадбирҳое пешниҳод шудаанд, ки омодасозии кадрҳо аз ҳисоби ҷавонони деҳот, ҳавасмандгардонии молиявӣ ва дастгирии иҷтимоии мутахассисонро дар бар мегиранд.


МАБЛАҒГУЗОРӢ БАРОИ НАТИҶА
Самти дигари муҳими ислоҳот такмили маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад. Мақсад он аст, ки маблағгузорӣ бештар ба натиҷа, ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳо, эҳтиёҷоти аҳолӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти муассисаҳо вобаста гардад. Механизмҳои молиявӣ бояд муассисаҳои тиббиро ба пешгирии бемориҳо, ташхиси барвақт, назорати босифати беморон ва риояи стандартҳои хизматрасонӣ ҳавасманд намоянд.
Дар доираи ҷорӣ намудани хариди стратегӣ асосҳои ҳуқуқии таъсиси маркази хариди стратегии хизматрасониҳои тиббӣ, инчунин, санадҳо оид ба бастаи хизматрасониҳои кафолатнок ва муносибгардонии шабакаи КАТС таҳия мешаванд.


РАҚАМИКУНОНӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТИББӢ
Ҳадафи асосии рақамикунонии низоми тандурустӣ аз он иборат аст, ки хизматрасониҳои тиббӣ боз ҳам идорашаванда, шаффоф ва ҳам барои корманди тиббӣ ва ҳам барои бемор мувофиқ гарданд.
Рақамикунонии соҳаи тандурустӣ низ яке аз самтҳои муҳими Лоиҳа мебошад. Низомҳои электронии иттилоотӣ, кортҳои электронии беморон, воситаҳои бақайдгирӣ ва идоракунии маълумот метавонанд кори табиб ва роҳбарони муассисаҳоро самараноктар гардонанд. Бо ин мақсад, беш аз 1340 таҷҳизоти компютерӣ ба муассисаҳо дастрас гардид.
Дар баробари таҷҳизот ва барномаҳои электронӣ ҳифзи маълумоти шахсӣ, мутобиқати низомҳо, омӯзиши кормандони тиббӣ ва тағйири раванди корӣ аҳамияти махсус доранд.
Тавре Баҳодур Холназар мегӯяд: «Рақамикунонии шабакаи КАТС яке аз ҳадафҳои асосии Лоиҳа аст. Технология бояд ба табиб кумак кунад, ки вақти бештарро ба бемор бахшад ва ба роҳбарон маълумоти босифат барои қабули қарорҳо пешниҳод намояд».
Эътино ба ҳолатҳои фавқулода ва ҳамеша омода будан ба онҳо самти дигари фаъолияти Лоиҳа ба шумор меравад. Дар ин самт низ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонда шуданд. 2 амбор ва 20 маркази назорати санитарию эпидемиологӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 3 вилоят шабакаҳои таҳлилгоҳӣ ва бехатарии биологӣ тақвият дода шуд. 554 нафар эпидемиолог аз 58 ноҳия оид ба низоми нави назорат ва пешгирии сироят аз такмили ихтисос гузашт. 4 машқи симулятсионӣ оид ба амалияи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода гузаронда шуд.


САЛОМАТИИ МИЛЛАТ - САРМОЯИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Дар солҳои истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи бузурги рушдро тай намуд ва таҳкими низоми тандурустӣ қисми муҳими ин раванд мебошад.
Саломатии мардум танҳо вазифаи соҳаи тиб нест. Он пояи сармояи инсонӣ, некуаҳволии оилаҳо, рушди иқтисодӣ ва ояндаи давлат аст.
Меҳнати ҳамарӯзаи кормандони тиб, махсусан аз онҳое, ки дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст фаъолият мекунанд, масъулияти баланд, касбият ва садоқат ба пешаро талаб менамояд.
Ислоҳоти пайгирона, рушди иқтидори касбии мутахассисон ва ҳамкории муштараки давлат ва шарикони рушд метавонанд барои ташаккули низоми боз ҳам дастрас, босифат ва устувори тандурустӣ замина фароҳам оваранд - низоме, ки дар он сармояи асосии кишвар, яъне саломатии мардум, сол ба сол мустаҳкамтар мегардад.
Дар роҳи расидан ба ин ҳадафи муҳим Лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» саҳми назаррас мегузорад.


Маърифат АБДУЛЛОЕВА,
дотсенти кафедраи эпидемиология ва
бемориҳои сироятии факултети тиббии ДМТ, н.и.т.

Санаи нашр: 13.10.2026 №: 198-199