ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. БАРДОШТ АЗ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ВОБАСТА БА ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ
9-уми октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, генерал-полковники адлия Сулаймон Султонзода ва дигар шахсони масъул таҳти унвони “Нақши илму маориф дар татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Сулаймон Султонзода роҷеъ ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвар ва аҳамияти илму маориф дар ин раванд сухан гуфта, таъкид кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон, мубориза алайҳи коррупсияро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доданд. Дар ин росто, тақвият бахшидани маърифати зиддикоррупсионӣ дар соҳаи маориф ва илм хеле муҳим мебошад, зеро омӯзгор дар ташаккули шахсияти ҳар фард нақши бузург дорад ва бояд аз айёми наврасӣ дар зеҳни шогирд иллати хатарнок будани онро ҷо кард, то бидонанд, ки дониш ҳама роҳро ба рӯйи инсон боз мекунад. Омӯзгор бояд худ намуна бошад ва шогирдонро дар руҳияи мубориза бурдан бо коррупсия тарбия карда тавонад.
Ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода аз ҳамкориҳои судбахши Муассиса бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва силсилаи тадбирандешиҳо вобаста ба пешгирии коррупсия дар ин боргоҳи илм сухан гуфта, иброз дошт, ки ҳанӯз пеш аз эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ Сарвари давлат боло бурдани сатҳи маърифатнокии ҷомеаро яке аз роҳҳои муассири коҳиш додани қонунвайронкунӣ донистанд. Яъне, зарур аст, ки саводи ҳуқуқии шаҳрвандонро боло бурд, то ба қонунвайронкунӣ роҳ надиҳанд. Ректори Донишгоҳ, ҳамчунин, баргузории чунин нишастҳоро яке аз омилҳои мусоидаткунанда баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ унвон кард.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
