МЕҲРГОН. АЗ ФАРОВОНИИ ДАСТАРХОН ТО ЭҲТИРОМ БА ТАБИАТ
Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои куҳанест, ки дар тули ҳазорсолаҳо бо меҳнати инсон, баракати замин ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат пайванд доштааст. Агар Наврӯз оғози бедории табиат ва киштукор бошад, Меҳргон ҷамъбасти заҳмати деҳқон, расидани ҳосил ва қадршиносии ранҷи инсон аст. Аз ҳамин нигоҳ, Меҳргонро танҳо Ҷашни фаровонии дастархон номидан кам аст. Дар асли он фарҳанги меҳнат, эҳтиром ба замин, неъматшиносӣ ва масъулияти инсон дар назди табиат ҷой дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад».
Воқеан, хурсандибахш аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Меҳргон дар қатори дигар ҷашнҳои бостонии миллӣ дубора эҳё гардида, ба фазои фарҳангии ҷомеа баргашт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2026 зимни суханронӣ оид ба сиёсати фарҳангии давлат таъкид намуданд, ки суннатҳои бостонии Сада, Меҳргон ва Тиргон дар замони соҳибистиқлолӣ умри дубора пайдо карданд. Ин раванд танҳо барқарор намудани як Ҷашни фаромӯшшуда нест. Эҳёи Меҳргон маънои барқарор кардани як бахши хотираи таърихӣ, фарҳанги кишоварзӣ ва ҷаҳонбинии ниёгони моро дорад.
Тадбирҳои андешидашуда барои таҷлили Ҷашн, омӯзиши таъриху оинҳои он ва муаррифии Меҳргон дар сатҳи байналмилалӣ натиҷаи муҳим низ доданд. 4-уми декабри соли 2024 маросими Меҳргон бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид. Ин рӯйдод Меҳргонро аз доираи як ҷашни миллӣ фаротар бурда, онро ҳамчун арзиши фарҳангии дорои аҳамияти умумибашарӣ муаррифӣ намуд.
Ҷанбаи муҳими Меҳргон, ки имрӯз бояд бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, муносибати инсон бо табиат аст. Инсон аз замин ҳосил мегирад, аз об истифода мебарад ва аз неъматҳои табиат баҳра мебарад. Аммо, дар баробари гирифтани неъмат, ӯ масъулияти нигоҳ доштани замин, об ва муҳити зистро низ дорад. Аз ҳамин дидгоҳ, Меҳргон метавонад барои насли имрӯз танҳо ҷашни намоиши маҳсулоти кишоварзӣ набошад. Он метавонад дарси сарфакорӣ, неъматшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва муносибати дуруст бо табиат бошад. Қадр кардани як дона гандум, як қатра об ва меҳнати деҳқон, дар асл, идомаи ҳамон ҷаҳонбиниест, ки Меҳргон дар тули асрҳо бо худ овардааст.
ЮНЕСКО ҳангоми арзёбии Меҳргон таъкид кардааст, ки ин Ҷашн ба эҳтироми табиат, ҳамбастагии ҷомеа ва идомаи анъанаҳои вобаста ба кишоварзӣ мусоидат менамояд. Ин нукта дар замони мо аҳамияти хос дорад. Ворид шудани Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО анҷоми кор нест. Баръакс, ин эътироф масъулияти моро бештар мекунад. Мероси ғайримоддӣ танҳо дар китоб ё санад нигоҳ дошта намешавад. Он вақте зинда мемонад, ки мардум суннатҳои онро бишиносанд, насли ҷавон маънои онҳоро дарк кунад ва муассисаҳои илмиву фарҳангӣ онҳоро дуруст муаррифӣ намоянд. Осорхонаҳо, китобхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои фарҳангӣ метавонанд дар омӯзиш ва муаррифии таърихи Меҳргон, оинҳои вобаста ба кишоварзӣ, олоти меҳнат, навъҳои маҳсулоти маҳаллӣ ва дигар унсурҳои фарҳанги суннатӣ саҳми муҳим гузоранд, зеро агар ҷашн танҳо бо намоиши маҳсулот ва барномаи ҳунарӣ маҳдуд шавад, бахше аз маънои аслии он аз назар дур мемонад.
Меҳргон, пеш аз ҳама, ҷашни меҳнат, ҳосил ва қадршиносии заҳмати инсон аст. Он ба инсон ёдрас мекунад, ки фаровонӣ бе меҳнат ба вуҷуд намеояд, неъмат бе қадршиносӣ арзиши худро гум мекунад ва табиат бе ғамхорӣ ҳамеша саховатманд боқӣ намемонад.
Имрӯз, ки Меҳргон мақоми байналмилалӣ гирифтааст, вазифаи мо танҳо ифтихор кардан аз қадимии он нест. Муҳим он аст, ки ҳикмати ин Ҷашнро ба зиндагии имрӯз пайванд диҳем. Меҳргон аз гузашта ба мо танҳо ҷашн наовардааст – он фарҳанги меҳнат, шукргузорӣ ва эҳтиром ба табиатро ба мерос гузоштааст. Ва маҳз ҳамин арзишҳо метавонанд Меҳргонро на танҳо ҷашни гузашта, балки ҷашни оянда низ нигоҳ доранд.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
