РОҲҲО ВАСЕЪ МЕШАВАНД, АММО ЧАРО ТАМБАШАВИИ НАҚЛИЁТ БОҚӢ МЕМОНАД?

13 октябр 2026, Сешанбе
9


Тавре ҳамагон шоҳидем, солҳои охир дар пойтахти Ватани маҳбубамон шаҳри Душанбе дар қатори дигар дигаргуниҳои мусбати ифтихорангез, ҷиҳати беҳтар кардани шароити ҳаракати нақлиёт низ чораҳои зиёди муассир татбиқ мегарданд. Бунёди роҳҳои нав, васеъсозии кӯчаву хиёбонҳои марказиву маҳаллӣ, баҳрабардорӣ аз пулҳову эстакадаҳо ва амсоли ин аз ҷумлаи далелҳои раднопазири пешрафту ободӣ дар қалби кишвар аст. Вале, бо вуҷуди ин, тамбашавии нақлиёт дар баъзе мавзеъҳо ҳанӯз ҳам аз мушкилиҳои ҳалталаб боқӣ мемонад, чаро ва чӣ бояд кард!
Албатта, тамбашавии нақлиёт хоси аксар шаҳрҳои бузург аст, ки Душанбе низ аз он истисно нест. Бинобар ин, ин ҷо саволи матраҳ чунин хоҳад буд, ки чаро чораҷӯйиҳои воқеан таърифзеби идораҳои масъул ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд? Чаро бо васеъ гардондани роҳҳо проблема аз байн намеравад? Посух чун рӯз рӯшан аст, ки талошҳои яктарафа на ҳама вақт судовар мешаванд. Ба ибораи дигар, то фарҳанги пиёдагардону ронандаҳои мо танзим нашавад, натиҷаи чораҳои дигар, ҳамчунон, камранг мемонад. Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон аҳамияти муҳим дорад. Агар дар роҳи васеъ низ қоидаҳои ҳаракат риоя нашаванд, таваққуфи нодуруст ба амал ояд, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ халалдор гардад ё ронандагон ба ҳамдигар роҳ надиҳанд, иқтидори воқеии роҳ коҳиш меёбад. Одитарин мисол таваққуф ё боздоштани воситаи нақлиёт дар хатти аввали роҳ мебошад. Чунин ҳолат метавонад ба ҳаракати автобусу троллейбус халал расонад. Вақте нақлиёти ҷамъиятӣ маҷбур мешавад аз хатти худ барояд ё дар ҳаракат таъхир кунад, ин ҳолат ба ҷараёни умумии ҳаракати нақлиёт низ таъсир мерасонад. Ба ҳамдигар роҳ надодани ронандагон, баромадан ба хатти муқобил ҳангоми тамбашавӣ ва дигар қоидавайронкуниҳо метавонанд ҳаракати муътадилро халалдор созанд. Ҳолатҳои истифодаи нодурусти таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва қасдан эҷод кардани монеаҳо низ ба мушкилоти ҳаракат зам мешаванд. Аз ин ҷост, ки мувофиқи маълумоти раёсати БДА, дар шаш моҳ дар ҷумҳурӣ 545 232 қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.


ТАВАҚҚУФГОҲ – МАСЪАЛАЕ, КИ НАБОЯД НОДИДА ГИРИФТ
Дар истифодаи воситаҳои нақлиёт мушкил танҳо тамбашавӣ нест. Яке аз масъалаҳои дигар таваққуфи номуносиби автомобилҳо дар ҷойҳои манъшуда ё номувофиқ мебошад. Баъзан мошинҳо дар канори роҳ, назди биноҳои истиқоматӣ, идораҳо ва ташкилотҳо гузошта мешаванд. Дар натиҷа, на танҳо ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, балки дастрасии мошинҳои ёрии таъҷилию партовкаш ва дигар воситаҳои хизматрасонӣ низ мушкил мегардад.
Имрӯз дар пойтахт сохтмони биноҳои нави истиқоматӣ босуръат идома дорад ва бисёре аз онҳо бо таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ ё замонавӣ пешбинӣ мешаванд. Аммо гаронии арзиш ё иҷораи ҷойи таваққуфгоҳ метавонад боиси он гардад, ки баъзе сокинон мошинҳои худро дар гирду атрофи бино гузоранд. Масалан, дар гузаргоҳи 3-юми кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар он сохтмони биноҳои нави истиқоматӣ идома дорад, чунин ҳолатҳо ба мушоҳида мерасанд. Бархе сокинон ба ҷойи истифодаи таваққуфгоҳҳои пешбинишуда автомобилҳои худро дар гирду атрофи бино мегузоранд. Ин ҳолат, дар баъзе мавридҳо, барои баромадан ба роҳи асосӣ мушкил эҷод мекунад. Аз ин рӯ, масъалаи таваққуфгоҳ бояд ҳамчун қисми сиёсати умумии нақлиётӣ баррасӣ шавад. Сохтани таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа дар назди бозорҳо ва марказҳои тиҷоратӣ, бунёди паркингҳои калони зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ зарур аст.


ТАҶРИБАИ ҶАҲОН ДАР ИН САМТ
Тавре Бегиҷон Зиёев, муовини сардори раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд, барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва беҳтар намудани хизматрасонии нақлиётӣ, махсусан дар соатҳои авҷи ҳаракат, истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ муҳим мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин самтҳо истифодаи роҳҳои ҳалқавӣ мебошад. Чунин роҳҳо имкон медиҳанд, ки як қисми воситаҳои нақлиёте, ки ба шаҳр ворид мешаванд, аз масирҳои даврӣ истифода намуда, бевосита ба маркази шаҳр ворид нашаванд. Дар ин маврид таҷрибаи Лондон мисол оварда шуд, ки пардохти ҳатмӣ барои ворид шудан ба марказ (Congestion Charge) ва минтақаҳои экологӣ (ULEZ) ҷорӣ шудааст. Тавре Transport for London, дар ин бора хабар медиҳад, пас аз ҷорӣ шудани чунин низом сарбории маркази шаҳр зиёда аз 30% кам шуд. Бо ҷорӣ шудани пардохти 9-долларӣ барои вуруд ба Манҳеттен дар соатҳои муайян (аз соли 2025), ҳаҷми ҳаракати нақлиёт дар маркази Ню-Йорк 11% коҳиш ва суръати ҳаракат 23% афзоиш ёфт.
Албатта, таҷрибаи Лондон, Ню-Йорк ё дигар шаҳрҳои ҷаҳонро наметавон бе мутобиқсозӣ дар Душанбе татбиқ кард. Ҳар шаҳр хусусиятҳои ҷуғрофӣ, демографӣ, иқтисодӣ ва нақлиётии худро дорад. Аммо аз таҷрибаи байналмилалӣ чанд самт барои омӯзиш қобили таваҷҷуҳ аст.


ЧӢ БОЯД КАРД?
Тавре Сироҷиддин Шукуров, сардори маркази матбуоти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, иттилоъ дод, дар пойтахт низ барои такмили идоракунии ҳаракати нақлиёт аз технологияҳои муосир истифода мешавад. Аз ҷумла, аз баҳори соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба таври пилотӣ чароғакҳои замонавии худкор насб шудаанд, ки барои танзими ҷараёни ҳаракат пешбинӣ шудаанд. Дар чунин низом маълумоти камераҳои назоратӣ дар бораи зичии ҳаракати нақлиёт метавонад барои тағйир додани реҷаи кори чароғакҳо истифода шавад. Яъне, вобаста ба вазъи воқеии ҳаракат, вақти чароғи сабз дароз ё кӯтоҳ карда мешавад, то ҷараёни нақлиёт самараноктар тақсим гардад. Ин гуна технологияҳо метавонанд яке аз воситаҳои муҳими идоракунии ҳаракати нақлиёт бошанд.
Самти дигари коҳиш додани фишор ба шабакаи роҳҳо рушди нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад. Зиёд намудани шумораи автобусу троллейбусҳо, беҳтар кардани хатсайрҳо, риояи ҷадвали ҳаракат, фароҳам овардани шароити муносиб барои мусофирон ва ташкили хатҳои алоҳида барои нақлиёти ҷамъиятӣ метавонад як қисми сокинонро водор созад, ки барои баъзе сафарҳо аз воситаи нақлиёти шахсӣ камтар истифода баранд. Мақсад танҳо кам кардани шумораи автомобилҳо нест. Муҳим он аст, ки шаҳрванд интихоби муносиб дошта бошад.
Агар автобус ё микроавтобус зуд, бехатар, бароҳат ва дастрас бошад, сокинон метавонанд барои баъзе сафарҳо нақлиёти ҷамъиятиро афзал донанд. Дар натиҷа, фишор ба роҳҳо низ метавонад коҳиш ёбад.
Хуллас, тавре таъкид кардем ҳалли мушкилоти тамбашавии нақлиёт танҳо ба сохтмони роҳҳои нав, васеъ кардани кӯчаҳо ё насби чароғакҳои муосир вобаста нест. Дар маркази ин низом инсон – ронанда ва фарҳанги рафтори ӯ дар роҳ қарор дорад. Ронандае, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя мекунад ва ҳангоми бандшавии ҳаракат сабру таҳаммул нишон медиҳад, на танҳо ба таъмини бехатарӣ, балки ба ҳаракати бемонеаи нақлиёт дар саросари шаҳр низ саҳм мегузорад. Аз ин рӯ, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бояд на танҳо талаботи қонун, балки як қисми фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 13.10.2026 №: 198-199