ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

07 июн 2023, Чоршанбе
34
0
 
Кишоварзони мамлакат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ тамоми чораҳоро меандешанд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои истифодаи самараноки обу замин, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузарондани кишти такрорӣ, диққати махсус зоҳир менамоянд. Бо мақсади таъмини ҳарчи хубтари амнияти озуқаворӣ аз заминҳои ҳосилдеҳ пурсамар истифода мешавад.
Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар доданд, ки рафти ҷамъоварии картошка равнақи тоза касб намудааст. Дар асоси маълумотҳои фаврии раёсати рустанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 33621 гектар картошка кошта шуд. Майдони ҷамъоваришуда 2586 гектар буда, ҳосилнокӣ 167 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот низ, босуръат идома дорад. Соли ҷорӣ дар майдони 40030 гектар сабзавот  кишт шуд. Майдони ҷамъоваришуда то охири моҳи май 11187 гектарро ташкил дод ва ҳосили умумӣ бошад, ба 358347  тонна расид, ки 320 сентнер ба ҳар гектар мебошад.
Рафти ҷамъоварии полизиҳо ҳам умедворкунанда аст. Имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 18131 гектар полизӣ кишт шудааст. Майдони ҷамъоваришуда бошад, то ҳол 442 гектар аст ва ҳосилнокӣ ба 269 сентнер ва ҳосили умумӣ ба 11621 тонна баробар мебошад. 
Рафти ҷамъоварии ғалладо-нагиҳо ҳам равнақи тоза дорад ва аз 288670 гектари соли 2023 барои кишти ғалладонагиҳо ҷудошуда, майдони умумии ҷамъоваришуда 23987 гектарро ташкил дод, ки ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 42 сентнер мебошад.  Аз ҷумла, кишти гандум 203101 гектарро ташкил медиҳад ва майдони ҷамъоваришуда, 19881 гектар буда, ҳосилнокӣ ба 43 сентнер расидааст.
 
Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив