ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР. РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ДУ ШАРИКИ БОЭЪТИМОД ДАР ҲАВЗАИ ОСИЁ
Сиёсати мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар такя ба усули сиёсати «дарҳои кушода» татбиқ мегардад, сол ба сол кишвари моро бо соири мамлакатҳои ҷаҳон наздиктар ва доираи ҳамкориву робитаҳои дӯстонаро таҳким мебахшад. Ҳоло натиҷаи чунин сиёсати санҷидашуда, ки бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар он аён мегардад, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои арабӣ, дар рушди муносибат бо Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд. Феълан, миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои фаъоли тиҷоративу иқтисодӣ сурат мегиранд, ки дар ин миён Давлати Қатар ба унвони аввалин кишвари арабие, ки дар Тоҷикистон сармоягузории мустақим кардааст, ҷойгоҳи вижа дорад.
Дар робита ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар чунин ба назар мерасад, ки вусъат ва тавсеаи робитаҳо дар сатҳи олӣ истиқбол мешаванд. Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар суҳбат бо рӯзноманигорони қатарӣ, ки муҳтавои он дар рӯзномаи «Аш-Шарқ»-и Давлати Қатар нашр гардид, ба раванди муносибати ду кишвар чунин баҳо доданд: «Мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунии таърихӣ ва усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ мекунем. Бо саъю талошҳои муштарак то имрӯз механизми ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд».
Зимнан, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ, дар барқияи табрикие ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар (13 декабри соли 2019) ирсол намуда буд, чунин изҳор дошт: «Мо дар робита ба муносибатҳои Қатар ва Тоҷикистон, ки ба шарофати талошҳои муштарак рушди бемайлон касб намуданд, изҳори қаноатмандӣ карда, азми худро ҷиҳати идомаву рушди ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, ки ба суди мардумони бо ҳам бародари мо хоҳанд буд, таъкид менамоем».
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 13 декабри соли 1994 барқарор гардида, моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа ба фаъолият оғоз бахшиданд.
Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар (6-7 майи соли 2007) саҳифаи нав кушода, ба рушди ҳамкориҳо заминаи устувор гузошт. Ин раванд дар доираи сафари расмии ҷавобии Амири вақти Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи августи соли 2007) такон бахшид, ки он аввалин сафари роҳбари як давлати арабӣ ба кишвари мо буд.
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар, ки соли 2017 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар доир гардид, дар тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба масири нав кушод. Дар доираи музокирот бо дастури сарварони ду давлат байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ абзори машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи вазирон, муовинони вазир ва роҳбарони раёсатҳо ташкил шуд. Баъдан, ин амр ба ҳукми иҷро даромада, баргузории машваратҳои сиёсӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Давҳа, ки солҳои 2018 ва 2020 сурат гирифтанд, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешбурди ибтикороти созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва пайгирии дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо нақши назаррас гузоштанд. Бо ҳадафи густариши робитаҳои дуҷониба аз 4 январи соли 2019 Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шурои Давлати Қатар таъсис ёфт.
Бар пояи маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Давлати Қатар аввалин кишвари арабие мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузории мустақими хориҷӣ кардааст. Татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаи Маҷмааи истиқомативу иқтисодии «Диёри Душанбе» бо сармоягузории Ширкати қатарии «Диёр», бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе, ки бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад, намунаи барҷаставу муваффақи ҳамкории байни ду давлат ба ҳисоб мераванд. Қобили зикр аст, ки масҷиди калони Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною маконҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлис ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.
Ин дар ҳолест, ки барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар арсаҳои тиҷорат ва бахшҳои гуногуни иқтисод, бахусус энергетика, бонкдорӣ, молия, саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, саёҳат ва нақлиёт, заминаҳои мусоиди шартномавию ҳуқуқӣ (16 санад) фароҳам шудаанд.
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.06.2023 №: 120
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)