DUSHANBE GRAND PRIX 2023. АЗ МАЙДОНДОРИИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ТО ҲАВОДОРИИ ГАРМИ МУХЛИСОНУ ИФТИХОРИ РАМЗӢ ШАМИРОВ
Тоҷикистон кишвари паҳлавонҳост. Ҷудо ба гӯштии миллии мо – “Гӯштигирӣ” хеле шабоҳат дорад. Сокинони Тоҷикистон дар бораи гӯштигирӣ ва ҷудо маълумоти кофӣ дошта, мухлиси асили ин риштаҳои варзишанд. Чуноне мебинед, дар толор ҷойи холӣ нест. Ҳатто, агар 100000 ҷой мебуд, он лаболаб мегашт. Дар гӯшаю канори шаҳр барои тамошои дастаҷамъонаи мусобиқа нуқтаҳои махсус таъсис доданд. Маҳз фазои мароқангези Dushanbe Grand Prix ба шарарангезии мухлисон рабт дорад.
Ин матлабро Рамзӣ Шамиров, довари Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусоҳиба бо сомонаи IJF иброз дошт.
Дар таърихи варзиши тоҷик Рамзӣ аввалин мутахассисест, ки ба гирифтани муҷаввизи довари дараҷаи байналмилалии “А” оид ба ҷудо (2014) мушарраф шудааст. Миёни доварони дунё, ки ба чунин унвон то ӯ сазовор гашта буданд, аз ҳама ҷавонтарин ба шумор меравад. Ҳоло ягона довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон мебошад.
“Рамзӣ Шамиров аз зумраи ҳазорон тоҷикони сарбаланд аст, ки нахустин мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023-ро дар кишваре, ки таърихи пурғановат ва фарҳанги амиқи рақобат дорад, истиқбол мегирад.
То шуруи мусобиқа дақиқаҳои башумор монда буданд, доварони ҳар як татами ба пеш қадам мезаданд. Рамзӣ дар қатори се довари аввал буд ва вақте ки номаш эълон шуд, садои мухлисони тоҷик толорро фаро гирифт. Дар чеҳраи Рамзӣ табассум ҳувайдо гашт ва аввалин мусобиқаи таърихӣ барои Тоҷикистон оғоз ёфт”, – зикр мешавад дар матлаб.
– Аз 6-солагӣ дар зодгоҳам (шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – М.Б), ки 600 километр аз пойтахт дур аст, тамрини ҷудоро оғоз кардам. Дар он ҷо ин риштаи варзиш хеле маъруфу маъмул мебошад. Литсензияи довари IJF-и худро соли 2008 ва баъдан литсензияи “А”-ро соли 2014 дар Ҳонконг гирифтам. Мо якчанд доварони IJF дорем, ки дар Осиё ва берун аз он, бахусус дар даври Ҷоми континенталӣ (қитъавӣ) кор мекунанд, – гуфт Рамзӣ Шамиров.
Қобил ба зикри махсус аст, ки мухлисони тоҷик кулли ширкатдорони Dushanbe Grand Prix 2023-ро ҳайратзада карданд. Дар ҳар як гузорише, ки телевизионҳо ва расонаҳои байналмилалӣ аз ҷараёни мусобиқа пахш менамуданд, ҳатман дар бораи сатҳи баланди ҳаводорӣ мегуфтанд. Ҳатто, дӯстдорони ҷудои тоҷик кори ҳакамонро низ, тарғиб мекарданд. Дар иртибот ба ин, Федератсияи байналмилалии ҷудо чунин менависад: “Дастгирии доварон чизи нав аст ва вақте мухлисон ҳаками маҳаллиро мисли варзишгарон ташвиқ мекунанд, эҳсоси аҷиб мебахшад”.
Шамиров дар суҳбати хос бо “Ҷумҳурият” гуфт: “Ба иқрори кормандони Федератсияи байналмилалии ҷудо дар таҷрибаи мусобиқаҳои IJF бори аввал аст, ки довар аз ҷониби мухлисон дастгирӣ меёбад. Онҳо мегуфтанд, ки ҳаводориро аз тоҷикон бояд омӯхт”.
Довари тоҷик перомуни дастгирӣ ёфтанаш аз ҷониби мухлисон дар мусоҳибааш бо IJF мегӯяд: “Дар Тоҷикистон варзиш як ҷузъи муҳими зиндагист. Бо назардошти он ки шабакаи телевизионии миллии мо (ТВ «Варзиш» – М.Б) ҳамаи мусобиқаҳои ҷудоро намоиш медиҳад, бисёре аз мухлисон маро он ҷо дидаанд. Инчунин, муддати тулонӣ дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон кор мекунам. Баъзеҳо, ҳатто аз замони қаҳрамони кишвар шуданам ҳамчун варзишгар мешиносанд. Воқеан, дастгирии ҳаводорон ҳисси аҷиб аст. Ман аз кишвари худ хеле ифтихор мекунам ва ин фарҳангу маданиятро дӯст медорам”.
– Моҳи сентябр Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 50-сола мешавад. Пеш аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ мо як дастаи воқеан, қавии занона доштем. Дар қиёс ба он замон бисёр чизҳо тағйир ёфтанд, аммо на дар ҳама риштаҳои варзиш. Дар Тоҷикистон бонувони зиёд ба варзиш машғуланд, вале аз нигоҳи урфу одат бисёре аз волидон намехоҳанд, ки духтаронашон дар намуди варзиши бархӯрдӣ (контактный спорт) шуғл варзанд. Вале, вақте Dushanbe Grand Prix-ро тамошо мекунанд ва зӯрозомии бонувонро мебинанд, таваҷҷуҳи бонувон ба ҷудо меафзояд. Ҳарчанд, мо миёни бонувон барандаи медали тиллои Ҷоми Осиё дорем, барои рушди ҷудо байни занону духтарон бояд корҳои зиёдро амалӣ намоем, зеро ин муҳим аст.
Ташкили мусобиқаи Dushanbe Grand Prix бо дастгирии президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир гувоҳи он аст, ки ӯ ба ин ришта таваҷҷуҳи зиёд дорад ва мо омодаем, ки барои рушди ҷудо бо Федератсияи байналмилалии ҷудо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монем. Умедворам, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти “Сайри ҷаҳонии ҷудо” ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд ва шояд дар Бозиҳои олимпӣ ҳам, зеро ҳама чиз имконпазир аст.
Бешак, Dushanbe Grand Prix варзиши ҷудо, Тоҷикистон ва арзишҳои миллии моро тарғиб мекунад, ки дар саргаҳи он шаҳри Душанбе қарор дорад. Маконе, ки дараш ба рӯйи ҳама боз аст ва барои меҳмонону сайёҳон мисли хонаҳояшон мебошад. Мардуми меҳмоннавози Тоҷикистони соҳибистиқлолу демократӣ бо ин фарҳанги волояшон машҳури ҷаҳон гааштаанд, – иброз доштааст дар мусоҳиба Рамзӣ Шамиров.
Маҳмуд БАҲРОМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.06.2023 №: 120
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)