ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАХТИ САНГИН.  АЗ ТАЪРИХ ТО ТАМАДДУНИ ТОҶИК

ТАХТИ САНГИН.  АЗ ТАЪРИХ ТО ТАМАДДУНИ ТОҶИК

12 июн 2023, Душанбе
154
0
 
Мувофиқи маълумоти Энсиклопедияи советии тоҷик, истилоҳи “Қубодиён” аз ибтидои асри 7 маълум мебошад. Қубодиён ҳамчун вилояти қадима дар соҳили дарёи Кофарниҳони Тоҷикистон шинохта шудааст, ки дар асри IX дар ҳайати Хуталон буд. Дар асри XIX ва аввали асри XX ба тобеияти бекигарии Қубодиёни Аморати Бухоро гузашт. Соли 1877 дар ҳудуди Қубодиён Хазинаи Амударё ёфт шудааст… » (ЭСТ, ҷ. 8. саҳ. 948)
Муҳаққиқ ва олими варзида Ш.Раҳмонов нигоштааст, ки Тахти cангин (Утер кала) дар 8 гектар масоҳат доман густурда, дар миёни Амударё ва кӯҳдомани Тоштеппа, аз шимолу ҷануб бо деворҳои ғафс пӯшонда шудааст. Деворҳои баланди пуриқтидори сангин аз ду қабат иборат буда, қисми болоӣ 4 метр, қисми поёнӣ 3 метр, ғафсиаш 2,2 метр бо сутуну кунгура ва ҳалқаҳои зерсутуни сангин сохта шудаанд. Манораҳои росткунҷаи бурҷҳо ба бино тобишу ҷилоҳои хосса мебахшиданд. Тахти сангин ба он хотир мегӯянд, ки он, дар ҳақиқат, аз санги сафеди мисли устухони фил сохта шуда, ҳоло ҳам гӯё дирӯз бо техникаҳои навтарини ҳозиразамон тайёр карда бошанд, намоён мегардад. 
Муаллифони китоби “Қубодиён” Қуввати Дод, Фозили Абдуррашид, Қиёмиддин Сатторӣ дар боби «Ёдгориҳои таърихии Қубодиён»-и китоби мазкур яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба ёдгории таърихии Тахти сангинро аз дарёфти «Хазинаи Амударё» хулосабарорӣ намудаанд. Дар шарҳи рӯйдоди мазкур эшон чунин нигоштаанд: «Дар нимаи дуюми асри нуздаҳ бозаргони бухороӣ маснуоти фаровон – маҳсули ҳунармандони қубодиёниро ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурӯш бурданд, ки пасон аз ҷониби англисҳо харида, ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа карда шуданд... Олимон макони дарёфти маснуотро соҳили рости рӯди Омӯ муқаррар карданд…».
Муаллифи китоби «Қубодиён сарзамини Тӯс ва Рашкиқамар» доктори илмҳои филология Шоҳзамони Раҳмон низ, дар матлаби таҳти унвони «Хазинаи Амударё» нашрнамудааш ба мавзуи болозикр таваҷҷуҳ зоҳир намуда, навиштааст, ки гарчанде ҷойи пайдо омадани Хазина дар қисми шимоли Тахти Қубод дар Тахти сангин аст, вале хеле донишмандони бостоншинос аз рӯи ахбору мулоҳизаҳои олимон маҳали пайдоиши онро ба Тахти Қубод нисбат медиҳанд. Ш. Раҳмон тартиби рӯ  задани  Хазинаро ба дамидани оби дарё вобаста дониста, зикр кардааст, ки баҳори соли 1877 оби зиёди дарё соҳилҳоро шуста, боигарии беамсоли Хазинаро берун овардааст, лекин Хазина чӣ миқдор маҳсулот дошт, касе гуфта наметавонад. 
Ба андешаи муаллифони китоби «Қубодиён», навиштаҳои доктори улуми таърих Виктор Степанович Соловёв дар кашфи ёдгории Тахти сангин маълумоти сайёҳ ва афсари Россияи подшоҳӣ Н.Маев роҳнамои муҳим гардид. Ба иттилои муаллифони китоби «Қубодиён», Маев дар сафарномаи худ барои пажӯҳишгарони осори бостонии давраҳои баъдина ахбори пурарзише боқӣ гузоштааст, ки на танҳо мӯҷиби дарёфти ганҷури нодире гардид, балки имкон дод макони аслии «Хазинаи Амударё»-ро муайян кунанд. Ба замми ин, солҳои 50-уми қарни бисти милодӣ аз ҳисоботи омоданамудаи бостоншиноси шуравӣ М. М. Дяконов дар бораи Тахти сангин маълумоти муҳиме пайдо шуд. Тибқи навиштҳои ӯ, харобаҳои қалъаи Утар, ки дар харитаи қарни XIX милодӣ зикр шудааст, ҳамин ёдгории Тахти сангин аст.
Дар кашфу ба маърази умум пешниҳод кардани ёдгории таърихии Тахти сангин ва Тахти Қубод зери роҳбарии бостоншиносони машҳури шуравӣ А.М.Манделштам (соли 1956), Б.А.Литвинский, И.Р. Пичикян (солҳои 70-80-уми асри 20-ум), Анжела Дружинина ва дигарон ковишҳои муваффақонаи бостоншиносию таҳқиқоти арзишманд роҳандозӣ гардидаанд.
Дар натиҷаи экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони ҷанубӣ таҳти сарварии академики Академияи улуми Тоҷикистон Б.А.Литвинский ва сардори отряди археологии Тахти сангин, доктори илми таърих И.Р. Пичикян тайи солҳои 1976-1989 анҷомдодашуда ибодатгоҳи бузурге кашф гардидааст, ки дар он зиёда аз 500 навъи ашё маҳфуз буда, тибқи гуфтаи муҳаққиқон, бозёфтҳои таърихӣ ба давраҳои гуногуни байни қарнҳои 5 то милод – 2-и милодӣ тааллуқ доранд. Дар байни онҳо садҳо тангаҳои юнону бохтарӣ, ашконӣ (парфянӣ), кӯшонӣ ва ҳиндӣ ба даст омаданд. Дар ибодатгоҳ боқимондаҳои ҳайкалҳои аз устухони фил сохташудаи замони эллинӣ, маҳсулоти ҳунармандии аз устухони фил сохташуда, зиёда аз 3000 пайкони найзаи оҳанӣ ва 50 дона пайкони биринҷӣ, корду ханҷарҳои бохтарӣ, шамшерҳои артиши савора ва пиёданизоми юнонӣ ва ғайра ёфт шуданд. 
Аз рӯи таърихи юнониҳо Искандари Мақдунӣ дар ин ҷо (Тахти сангин дар назар аст - Б.А.Ф.) бо Рухшона маликаи Форс ақди никоҳ баста, тӯй кардаанд».
Муҳаққиқ Парвиз Қурбонзода зикр мекунад, ки ҳангоми кофтукови археологӣ аз ёдгории таърхии Тахти сангин наздики 8 ҳазор маснуоти гуногуни тиллоиву нуқрагӣ, шишагию сангӣ ва пӯстӣ пайдо намуданд. Тахти сангин бо маҷмаи маснуоти тиллоию нуқрагию тангаҳои маъруф бо номи Хазинаи Амударё ёфт шудаю ба асрҳои 6 – 3-и пеш аз милод тааллуқ дошта, дар ақсои олам машҳур гардидааст.
Дар сомонаи расмии «Ҷаҳоннамо» (Jahonnamo.tj) доктори илми таърих, Наргис Хоҷаева оид ба омӯзишу таҳқиқи шаҳраки Тахти сангин маълумоти муфассал ироа намуда, иттилоъ медиҳад, ки таҳқиқи ин ёдгории нодир аз ҷониби гурӯҳи ҳафриётшиносони Институти таърих, археология ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва Институти шарқшиносии СССР соли 1976 шуруъ гардидааст.
Тибқи маълумоти ин донишманд, ҳафриёт дар Тахти сангин то соли 1991 идома ёфта, бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) ковишҳои археологӣ қатъ гардидаанд. Соли 1998 аз ҷониби ҳафриётшиносони Институти болозикр ва Осорхонаи Михои кишвари Ҷопон дар Тахти сангин корҳои таҳқиқотӣ аз сари нав роҳандозӣ шуданд. Н.Хоҷаева зикр намудааст, ки дар солҳои охир дар ҳафриёти ин ёдгории нодир бостоншиносони Маркази миллии илмии Фаронса низ, иштирок доранд.
Ба маълумоти бошандаи ноҳияи Қубодиён, Қувват Дод, соли 2011 дар қатори амсилаи (макет) ёдгориҳои таърихии 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ мебоист амсилаи ёдгории Тахти Сангин аз ҳисоби ноҳия мураттаб мешуд. Ҳамаи шаҳру ноҳияҳо амсилаҳои тайёри ёдгории таърихии худро пешниҳод карданд. Сарвазиру масъулони қабулро бовар кунондам, ки сохтани амсила дар арафаи анҷомёбисту онро ба ҷои лозим дар вақташ бурда мерасонем. Амсилаҳои қабулшударо ба Ҷумҳурии Мадуми Чин фиристоданд ва амсилаи Тахти сангин низ, дар намоиш гузошта шуд ва баҳои баланд гирифт. Ҳоло амсилаи ёдгории таърихии Тахти сангин Осорхонаи таъриху бостоншиносии вилояти Хатлонро оро медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Тахти сангин ба номгӯйи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон соли 2011 пешниҳод шуда, соли 2015 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст. 
Мояи ифтихор аст, ки пешниҳоди Тоҷикистон доир ба 2500-солагии шаҳраки бостонии Тахти сангин 11 ноябри соли 2021 дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ба Рӯйхати рӯзҳои муҳим ва хотирмоне, ки ЮНЕСКО дар солҳои 2022 – 2023 таҷлил мекунад, дохил гардидааст.
 
Азиз БАҲРОМЗОДА, 
сармуҳаррири нашрияи 
“Субҳи Шаҳритус”
Санаи нашр: 12.06.2023 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив