ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАЪВАТИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СММ БА КОНФРОНСИ ДУШАНБЕ ОИД БА ТАТБИҚИ ДАҲСОЛАИ ОБ

ДАЪВАТИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СММ БА КОНФРОНСИ ДУШАНБЕ ОИД БА ТАТБИҚИ ДАҲСОЛАИ ОБ

13 октябр 2023, Ҷумъа
29
0
Дар муҳокимаҳои умумии рӯзномаи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба рушди устувор корманди Намояндагии доимии ҷумҳурӣ дар Созмон Таҳмина Ҳасанова иштирок ва суханронӣ намуд. 
Намояндаи  кишвари  мо  оид  ба  ташаббусҳои  ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор сухан гуфт. Аз давлатҳои аъзои Созмон даъват ба амал овард, ки дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи об (июни соли 2024) фаъолона иштирок намоянд.
 
 
ИШТИРОКИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ  ДАР ҶАЛАСАИ ШВКХ ИДМ
11-12-уми октябри соли ҷорӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, ширкат варзид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии ИДМ зиёда аз 20 масъаларо баррасӣ ва оид ба масоили мубрами байналмилалию ҳамкорӣ дар сиғаи Иттиҳод, мубодилаи афкор намуданд. С. Муҳриддин зимни суханронӣ аз идомаи ҳамкориҳои пайгиронаи муштарак ҷиҳати мукаммалсозии абзорҳои ҳамкорӣ бо такя ба қарор оид ба мутобиқнамоии ИДМ ба воқеиятҳои ҷаҳони муосир,  ҷонибдорӣ кард. 
 
 
ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРОКАШ
 Дар Шоҳигарии Марокаш ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид.
Дар ҳошияи он вохӯриҳои вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Лӣ ва директори департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Миёнаи ҳамин ниҳод Ҷиҳад Азур, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Антонелла Бассани доир шуд. Дар вохӯриҳо ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ андеша ронда, доир ба тақвияти бештари ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои мавриди назар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
 
 
«ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ:  МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН»
Таҳти ҳамин унвон дар Душанбе мушовирони раёсат ва шуъбаҳои маориф, роҳбарони машваратҳои доимамалкунандаи муассисаҳои томактабӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ додааст, ки дар машварат масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, амалигардонии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 баррасӣ гардиданд. 
 
 
ШИРКАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРӢ ДАР  НАМОИШГОҲИ "НАҚЛИЁТ ВА ЛОГИСТИКА"
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии "Нақлиёт ва логистика" (TransLogistica Kazakhstan) ва Бизнес-форуми VI байналмилалии нақлиётӣ-логистикии "Роҳи нави абрешим" (New Silk Way), ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гардид, ширкат дошт.
Намоишгоҳ бо иштироки намояндагони Туркия, Булғория, Гурҷистон, Латвия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва роҳбарони Барномаи долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё, Комиссияи иқтисодии Авруосиё, ширкатҳои бузурги нақлиётӣ-логистикӣ ва соҳибкорон аз 30 кишвари ҷаҳон баргузор гашт.
 
 
ХАТЛОН. ВАЗЪИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД 
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 мавриди амал қарор дошта, иҷрои лоиҳаҳои пешбинишуда ба рушди минтақа мусоидат менамояд. 
Дар давраи амали Барнома 140 лоиҳа ба маблағи 3,9 миллиард сомонӣ иҷро гардида, дар 91 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.
Раванди татбиқи лоиҳаҳо дар ноҳияҳои Бохтар, Темурмалик, Муъминобод, Восеъ, Ёвон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон ва Шаҳритус бомаром идома дорад.
Санаи нашр: 13.10.2023 №: 204
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив