ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАКОНҲОИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАКОНҲОИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

29 декабр 2023, Ҷумъа
18
0


26-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла осорхона-мамнуъгоҳи “Павловск”,  қасри Екатеринаи осорхона-мамнуъгоҳи “Дарбори подшоҳӣ” ва қасри бузурги Петергофи осорхона-мамнуъгоҳи “Петергоф” боздид намуданд.
Дар саҳни осорхона-мамнуъгоҳи “Павловск” Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.
Ба роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба таърихи осорхона-мамнуъгоҳҳо ва санъати меъмории онҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардида, намоиши фарҳангӣ баргузор шуд.

Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив