ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ РАСМӢ АЗ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ РАСМӢ АЗ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

25 январ 2024, Панҷшанбе
20
0

 
Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегии кишвар буда, баъди аз ҷониби  Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани  марҳалаи нави тараққиёти  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон  рушди он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъати тоза пайдо кард. Махсусан, соли 2023 дар доираи  сафари кории  Пешвои муаззами миллат  ба ВМКБ  ва омодагӣ ба он  созандагиву бунёдкорӣ дар вилоят  хеле пешрафт кард, чандин иншооти нав  бунёду навсозӣ гашта, хишти аввали сохтмонҳои нав гузошта шуд.
Котиби  Шурои  амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва раиси вилоят Алишер Мирзонабот бо мақсади шиносоӣ аз вазъи корхонаҳои саноатии навбунёди шаҳри Хоруғ дидан карданд. Нахуст, раиси вилоят ва котиби Шурои амнияти кишвар  аз ҶДММ «Суман» боздид ба амал оварданд. Корхонаи коркарди санги ҶДММ «Суман» аз моҳи августи соли 2023 ба фаъолият оғоз карда, дар он барои  коркарди сангҳои гуногун беш аз 13  дастгоҳи замонавӣ  насб гардидааст. Дар ин ҷо дар баробари коркарди санг, инчунин, панҷ намуди тахтаҳои оҳану бетонӣ ва ороишӣ истеҳсол мешаванд. Корхона пурра бо технологияи муосир фаъолият дошта, маҳсулоти он бозоргир мебошад. Маълум гардид, ки маҳсулоти корхона берун аз вилоят низ содир карда мешавад. 
Дар радифи дигар корхонаҳои саноатӣ корхонаи  истеҳсоли маҳсулоти спиртии «Шоҳроҳи абрешим» низ соли гузашта ба фаъолият оғоз намуда, бо маҳсулоти босифати хеш маъруф гардида истодааст. Имрўз дар ин ҷо дар баробари истеҳсоли маҳсулоти спиртӣ, аз меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсоли обҳои ташнагишикан низ ба роҳ монда шудааст.  Котиби  Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода  ба масъулони корхона дастур дод, ки истеҳсолро ҳарчи бештар ва содироти маҳсулотро низ зиёд намоянд. 
Корхонаи саноатии дигаре, ки дар бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатӣ» фаъолият дорад, ҶДММ «Панҷсутун» мебошад, ки ба истеҳсоли мебел махсус гардонда шудааст. Раиси вилоят ва  котиби  Шурои амнияти ҷумҳурӣ  ба фаъолияти он низ мароқ зоҳир намуданд. Дар ҶДММ «Панҷсутун»  айни ҳол 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, маоши миёнаи онҳо вобаста ба ҳаҷми кор аз 1500 то 3000 сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори солонаи коргоҳ истеҳсоли зиёда аз 4 ҳазор мебели хушсифат буда, дар оянда бо роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба бо корхонаву муассисаҳои давлатӣ ҳаҷми истеҳсол дар он  зиёд карда мешавад. Тибқи иттилои масъулин, барои истеҳсоли мебел ашёи хом аз  Туркия ва Федератсияи Россия ворид мегардад. Тарҳ ва дизайни мебел мувофиқ ба талаботи замон таҳия гардида, ба сифати кор низ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Корхона беш аз 20 намуди мебел, аз ҷумла мебел барои хона, ҳуҷраҳои корӣ, мизу курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, рахти хоб барои марказҳои саломатӣ, омода менамояд.  
Сипас, раиси вилоят ва котиби Шурои амният бо фаъолияти корхонаи пойафзолбарорӣ шинос шуданд. Корхона бо се мағозаи пойафзолфурўшии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар ин ҷо айни ҳол 25 нафар кор мекунад. Иттилоъ доданд, ки ашёи хом аз давлати Туркия ворид гардида, корхона метавонад  дар як сол 15-20 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намояд.  Ҳайати расмӣ зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар корхона  ба сифати молу маҳсулот баҳои баланд дод. Раиси вилоят ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки минбаъд низ ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ дода, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиб гузоранд. 
Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонии «Хамир» бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, ҷараёни кор ба таври рақамӣ амалӣ ва назорат карда мешавад. Коргоҳ дар баробари истеҳсоли нони маъмулӣ ва шириниҳо,  нонҳои парҳезиро низ бо истифода аз орди навъи дуюму сеюм тайёр менамояд, ки барои беморони диабети қанд  ва пешгирӣ аз фарбеҳӣ тавсия дода мешавад.  Раиси вилоят ба масъулони коргоҳ дастур дод, ки ҳамкориро бо мағозаҳои шаҳр ва берун аз он, ҳамчунин, бо беморхонаҳои вилоят вусъат бахшида, маҳсулоташонро бештар ва  бозоргир намоянд. 
Ҳайати расмӣ бо рафти корҳои бунёдӣ дар пули мошингузари маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ низ шинос шуд. Моҳи шашум аст, ки кори сохтмонӣ дар пул бо ҷалби беш аз 50 нафар бунёдкор идома дорад. Дарозии пули мошингузар 198 метр буда,  паҳноии хатти мошингузар 8 метр ва паҳноии роҳҳои пиёдагард аз ду тараф 1 метру 40 сантиметр ба нақша гирифта шудааст. Барои татбиқи лоиҳа ҳудуди 900 рўз ҷудо гардидааст. 
Котиби Шурои амният ва раиси вилоят, ҳамчунин, аз минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ, воқеъ дар маҳаллаи Заводи нон, боздид ба амал оварданд. Дар ин мавзеъ бо сокинони маҳалла суҳбати ошкоро доир шуда, таъкид гардид, ки дар марҳалаи нави рушди вилоят  шаҳри Хоруғ ба яке аз шаҳрҳои рушдёфтаи мамлакат табдил меёбад. Бояд гуфт, ки масоҳати минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ   1,5 гектар буда,  дар ин ҷо бунёди 8 корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст. Котиби  Шурои  амният ва раиси вилоятро дар ин боздид  раиси шаҳри  Хоруғ, муовини аввали раиси вилоят ва дигар шахсони расмии вилоят ҳамроҳӣ намуданд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив