ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАШНИ САДА ТАЛОШИ НАВРӮЗИ НАВБАҲОР

ҶАШНИ САДА ТАЛОШИ НАВРӮЗИ НАВБАҲОР

30 январ 2024, Сешанбе
32
0


Миллати куҳанбунёди мо вобаста ба шароити таърихӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии худ аз замонҳои хеле қадим расму оин ва анъанаҳои неку писандидаро эҷод карда, тули ҳазорсолаҳо онҳоро такмилу инкишоф додааст ва онҳо имрӯз ба як ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд.
                                                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН
Таърихи пайдоиш ва решаи иҷтимоии Ҷашни Сада бештар ба корҳои кишоварзӣ иртибот дошта, маълумоти адабию таърихӣ ва далелҳои бостонӣ собит месозанд, ки он ҳанӯз дар даврони ибтидоии ҷамъияти инсонӣ дар байни қавму қабоили мардумони эронитабор арзи вуҷуд кардааст. Иди Сада ҳар сол ба даҳуми моҳи баҳман, яъне ба 30-31-уми январи солшумории милодӣ рост меояд. Он 50 рӯз пеш аз Ҷашни Наврӯз пешвоз гирифта мешавад. Дар ин бора шоир Манучеҳрии Домғонӣ гуфтааст:
Инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада талоши Наврӯзи навбаҳор.
Аз рӯи дар «Шоҳнома» тасвир гардидани ин қазия, ҳангоме ки шоҳи пешдодӣ Ҳушанг дар шикор бо ҳамроҳонаш дар сари роҳ мори сиёҳи бузургеро мебинад, сангеро гирифта бо шиддат ба сӯи он мепартояд. Санги ба ҷониби мор партофтаи Ҳушанг ба ҳадаф намерасад ва ба санги дигар бармехӯрад. Аз сангҳо шарора бархоста, хору хаси хушки атрофро месӯзонад. Мор мегурезад, шоҳ ва ҳамроҳонаш дар атрофи оташ бо тааҷҷубу ҳайрат барнишаста, то ҳангоми шаб давра ороста, намегузоранд, ки оташ хомӯш шавад.
Аз он замон ин Ҷашнро Сада ном ниҳоданд. Дар ин бора Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» таъкидан гуфтааст:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,
Гузар кард ба чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашмахун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанг бо ҳушу ҳанг,
Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.
Ба зӯри Каёнӣ раҳонид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳамону ҳамин санг бишкаст гурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг…
Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Маврид ба ёдоварист, ки Сада калимаи форсии тоҷикӣ аст. Дар форсии миёна, форси бостон ва Авесто вожаи «сат» ба маънии «сад», яъне адади «сад» корбаст шудааст.
Абурайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» роҷеъ ба Сада номида шудани ин Ҷашн чунин ибрози назар кардааст. «Ва аммо чунон аст, ки аз он (Ҷашни Сада) то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб». Яъне бист рӯз аз моҳи баҳман ва сӣ рӯз аз моҳи исфанд, ки панҷоҳ шабонарӯз, якҷоя панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз, ба сад баробар мешавад.
Бешак, сабаби аслии пайдоиши Ҷашни Сада падид омадан ва кашфи оташ аст. Башорати дигари ривоятии пайдоиши Ҷашни Сада ба шахсони таърихӣ нисбат додани он мебошад. 
Ҷашни Сада то ҳамлаи муғул ва ба сари қудрат нишастани шоҳони бегонанажод дар дарбор ва байни халқ чун ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо анъанаҳои деринаи ориёӣ таҷлил мегардид… 
Мардумони форсизабон,  аз ҷумла тоҷикон, то ҳол Иди Садаро бо номҳои дигар: «Ҳут», «Чаҳоршанбеи охирон», «Чаҳоршанбеи сурӣ», «Алов-парак» ва «Оташафрӯз» низ таҷлил менамоянд.
Сада ин ҷашни аз моҳҳои зимистон баромадан, муждарасонии баҳор, кор дар саҳро, саршавии меҳнати деҳқонон, хулоса, аз наздик шудани Наврӯз дарак медиҳад. Дар ин Ҷашн деҳқонон ба киштукори баҳорӣ омода мешаванд. Заминҳоро аз боқимондаи рустаниҳо тоза намуда,   босифат шудгор мекунанд. Боғу токзор ва дарахтонро тоза намуда, шакл медиҳанд. Чорабиниҳои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, обшӯйкунии заминҳои шӯршуда ва яхобмонии заминҳоро ба анҷом мерасонанд. Барои гирифтани ҳосили баланд тухмиҳои хушсифатро дастрас менамоянд. Инчунин, техника ва мошинолотҳои кишоварзиро таъмиру тармим карда, ба киштукор омодагӣ мебинанд. 
Ҷашни Сада бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айёми соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардида, ҳамчун иди миллӣ ҷашн гирифта мешавад. 

Ш. ХОҶАЕВ, номзади илмҳои кишоварзӣ

Санаи нашр: 30.01.2024 №: 21
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив