ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ҶАШНИ САДА

КӮЛОБ. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ҶАШНИ САДА

02 феврал 2024, Ҷумъа
16
0

 
Ба муносибати Ҷашни Сада дар шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, меҳмонон ва фаъолону деҳқонон ширкат варзиданд. 
Ҳамоиш бо афрӯхтани гулхан, ҳамчун рамзи нуру гармӣ ва Ҷашни Сада, оғоз ёфт. Давлаталӣ Саид ва ҳайати меҳмонон аз намоиши маҳсулоти донагӣ, кишоварзӣ, нониву таомҳои миллӣ, гӯшаи гулу гиёҳҳо, растаи намоиш ва фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан, техникаи соҳаи кишоварзиву ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Ҳунармандон зери унвони «Корвони шодмонии Сада» намоишномаеро пешниҳоди ҳозирон намуданд.
Сипас, дар назди фаъолону барзгарон раиси вилоят суханронӣ намуда, зикр кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол меафзояд. Миллати тоҷик бо фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳи хоса дорад. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, амсоли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Зикр гардид, ки соли сипаришударо мардуми сарбаланди вилояти Хатлон соли татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, соли бобарор ва самарабахш меҳисобанд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят давоми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 35 миллиарду 326 миллиону 251,2 ҳазор сомониро ташкил дода, ба 106,8 дарсад баробар гардид (афзоиш нисбат ба соли 2022-юм 2 миллиарду 251 миллиону 840,1 ҳазор сомонӣ). 
Соли 2023 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи рустанипарварӣ 1 миллиону 86 ҳазор тонна ғалладона, 229 ҳазор тонна пахта, 227 ҳазор тонна картошка, 1 миллиону 800 ҳазор тонна сабзавот, 764 ҳазор тонна полизӣ, 276 ҳазор тонна мевагиҳо, 92,6 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардид. Афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 1,2 то 16,8 дарсадро ташкил дод.
Дар соҳаи чорвопарварӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 237 ҳазор тонна (117,6 фоиз), шир 575 ҳазор тонна (106 фоиз), тухми мурғ 134 миллион дона (110 фоиз), пашм 6000 тонна (104 фоиз), пилла 116 тонна (64,2 фоиз), асал 1220 тонна (100,5 фоиз) ва моҳӣ 3900 тоннаро (110,4 фоиз) ташкил дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 0,5 то 17,5 дарсадро дар бар мегирад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид”.
Дар фарҳанги суннатии ниёкони мо муборизаи равшанӣ бар торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ дорад, ки он ба Ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Мувофиқи боварҳо ва манбаъҳои бостонӣ, агар Хуршед бо нури худ ба зиндагии одамон гармӣ бахшад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани хонаву қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон замина гузоштааст.
6-уми декабри соли 2023, зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг номинатсияҳои «Ҷашни Сада», «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардиданд.
Ҳар сол дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин, аз ҳавлию хонаҳо ашёи нодаркорро берун карда, ба тозаву озода  гардондани манзилу гирду атроф ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд. Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи Ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахудӣ оро медиҳанд. 
Ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо, омода кардани техникаи кишоварзӣ, яке аз унсурҳои дигари Сада ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои саҳроӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ оғоз мебахшанд. 
Раиси вилоят барои саҳми арзанда гузоштани кишоварзони вилоят дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардондани дастархони мардум, истифодаи пурсамари заминҳои кишт, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва расидан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар соли 2023 ба деҳқонон, кормандони комплекси агросаноатӣ ва кулли сокинони вилоят изҳори сипос намуд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 01.02.2024 №: 23
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив