ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮШОН. БАРДОШТ АЗ ТАЪЛИМГОҲЕ, КИ МАЪВОИ ДИЛИ ЯТИМОН АСТ

РӮШОН. БАРДОШТ АЗ ТАЪЛИМГОҲЕ, КИ МАЪВОИ ДИЛИ ЯТИМОН АСТ

25 июн 2024, Сешанбе
13
0
 
Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба номи Додхудо Карамшоев яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии кӯдакони ятиму бепарастор дар  ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.   
Тавре  директори  муассиса Бахтовар Давлатқадамов иттилоъ дод, Мактаб-интернат бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми августи соли 2012 дари худро ба рӯйи кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва ниёзманд боз намуд. Барои бунёди бинои муассиса, ки сеошёна мебошад, беш аз 22 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Он дорои 34 синфхона, маҷлисгоҳ, китобхона ва нуҳ кабинети таълимӣ, ду кабинети технологияи иттилоотӣ, технология, кабинети методӣ ва кабинети физика мебошад. 
Мактаб-интернат бо 51 компютер, чор ноутбук, нуҳ принтер, ҳафт тахтаи электронӣ, ҳашт проектор, экрани сайёр ва дигар таҷҳизоти техникӣ таъмин гардидааст.  
Айни ҳол дар ин ҷо кӯдакон аз ноҳияҳои ВМКБ, шаҳри Душанбе ва Восеъ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба тарбияи онҳо 26 омӯзгор, 15 мураббия, 5 роҳбари маҳфили мактабӣ, 2 роҳбари маҳфили маркази эҷодии кӯдакони наздимактабӣ машғуланд. Муассиса дорои тамоми шароитҳои зарурӣ барои таълими умумӣ, касбомӯзӣ ва будубоши шабонарӯзӣ буда, толибилмон бо ошхонаи зебою барҳаво, се вақт хӯроки гарм, хобгоҳи хуштарҳу замонавӣ таъминанд. Заминаҳои моддии муассиса имконият медиҳанд, ки дар оянда шумораи бештари тарбиятгирандагони ниёзманд ва ятиму бепарасторро ба таълиму тарбия фаро гиранд.
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барои гузарондани озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”дар муассиса ситоди доимоамалкунанда оид ба кор бо тарбиятгирандагон амал мекунад. Иштироки тарбиятгирандагони муассиса дар ин ва дигар чорабиниҳои тарбиявӣ-таълимии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сол ба сол беҳтар мегардад. 
Тарбияи ҷисмонии муҳассилини мактаб низ таҳти назорати доимӣ буда,  айни ҳол бо ташаббус ва дастгирии ширкати “Помир энерҷи” дар муассиса сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ ҷараён дорад. Дар назар аст, ки  он соли нави таҳсил мавриди истифода қарор мегирад. 
Дар доираи  сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ятимону бепарасторони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон хонандагони болаёқат аз стипендияи президентӣ баҳравар гашта, бо тариқи Квотаи президентӣ ба макотиби олӣ дохил мешаванд. Ҳамзамон, дар таътили тобистона ҳамасола барои ятимону бепарасторон лагерҳои тобистона ташкил шуда, онҳо барои фароғат ва истироҳат ба урдугоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сафарбар мегарданд. 
– Барои ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат хонандагон кӯшиш менамоянд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, барои халқу Ватани худ содиқонаву софдилона хизмат намоянд, – мегӯяд  Бахтовар Давлатқадамов, директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии Рӯшон ба номи Додхудо Карамшоев.
 
Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.06.2024 №: 121
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив