ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАТИБАШИНОСИ МАЪРУФ

КАТИБАШИНОСИ МАЪРУФ

26 июн 2024, Чоршанбе
19
0
Танҳо ашхоси хирадпеша бо фаъолияти пурмаҳсули хеш қодиранд барои садсолаҳо номашонро зинда доранд ва аз худ барои ояндагон ганҷеро ба мерос гузоранд, ки дар тақдири мардумон нақши муҳимро бозад. Аҳрор Мухторов, аз зумраи чунин шахсиятҳоест, ки дар ташаккул ва рушди илму фарҳанги тоҷик нақши бориз дошта, дар ҷодаи омӯзиши илми таърих саҳми назаррас гузоштааст.
Дар доираи таҷлили ҷашни 100-солагии академик, ки соли равон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдаршо Пирумшоев андешаҳояшро дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома баён дошт, ки фишурдаи он манзур мегардад. 
– Зиндагиномаи олими маъруфи тоҷик, академик Аҳрор Мухторов аз воқеияти таърихии замони ибтидои эҳёи давлатдории тоҷикон то ба мустақилияти комили давлатдорӣ соҳиб гаштани ин миллати дар тамаддуни Осиёи Марказӣ мавқеи хосдошта, ҷудо нест. Маҳз дигаргунсозиҳои баъдиинқилобии солҳои 20-30-юми асри гузашта, замони пурдаҳшати Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва навсозиҳои баъдиҷангӣ дар ташаккули илмию ҷамъиятии муаррихи оянда заминаи ҳалкунанда гузоштаанд. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки самтҳои асосии фаъолияти илмии А. Мухторов сарчашмашиносӣ ва дар асоси он таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон аст. Аҳрор Мухторов яке аз олимонест, ки таърихи асримиёнаи миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст. 
Ӯ дар илми таърихи Тоҷикистон аввалин нафарест, ки дар мавзуи ниҳоят муҳим – омӯзиши катибаҳо, кор бурдааст. Ба гуфтаи устодаш А. А. Семёнов: «Ганҷи парешонро аз вайронаҳо ба дили халқ кӯчонд». Академик бисёр дастхатҳо, санадҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ, эпиграфи дар рӯи сангҳо ва деворҳои куҳан маҳфузро омӯхта, дар асоси онҳо бо ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии замон муваффақ гардид. Соли 1957 аз рӯи маводи бадастоварда маърузаи ҷолибе бо унвони «Навиштаҷоти тоҷикӣ ва ғайра дар шаху сангҳои болооби Зарафшон ва аҳамияти илмии онҳо» дар Конференсияи умумииттифоқии шарқшиносон, ки дар шаҳри Тошкент баргузор гардида буд, суханронӣ намуд, ки он аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифт. Бояд гуфт, ки барои иштирок дар ин ҷаласаи аввалини олимони ховаршинос ва маҳз дар ин мавзуъ маъруза намуданаш, тавсияи устодон Бобоҷон Ғафуров ва А. А. Семёнов буд. Ӯ бо кумаки устодонаш аз нозукиҳои илми таърих бештар воқиф гашта, муваффақ мешуд. Солҳо мегузаштанду олим зарурати ҷамъбасти таҳлили катибаҳоро ҳарчи бештар эҳсос мекард. Инак, ин таҳлилу таҳқиқи ҷамъбастӣ бо унвони «Санг ҳам диле дорад» бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ соли 1999 нашр гардид.
Аз навиштаҳои боло хулосае бармеояд, ки устод Аҳрор Мухторов чун мутахассиси таҳлилгару таҳқиқгари катибаҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи пешсафиро нигоҳ медошт. Инро баҳои баланди нисбати олим ибрознамудаи даҳҳо мутахассисони дохилу хориҷи мамлакат тасдиқ мекунанд.
Ҳарчанд доираи тадқиқоти олим хеле васеъ доман паҳн карда, дигар қисматҳои таърихии Тоҷикистонро фаро гирифта бошад ҳам, таваҷҷуҳи олимро бештар таърихи зодгоҳаш – Ӯротеппаи бостон, ҷалб намуда буд. Агар фақат сухан аз доираи тадқиқоти сирф таърихии олим дар ин ду даҳсола равад, яқинан чунин асарҳои бунёдии дар ин самт таълифшудаву ба чоп расидааш, монанди «Балхи давраи охири асримиёнагӣ», нашри пурраи «Гузарҳои Ӯротеппа», «Ҳисор», «Таърихи Ӯротеппа», «Ҳокимони Ӯротеппа», «Ҳокимони Ҳисор», нашрҳои нави ислоҳу пуррашудаи тадқиқоти мукаммали «Таърихи Ӯротеппа» ва боз даҳҳо мақолаҳои аҳамияти калони илмидошта, пеши назари ҳар мутахассису хонандаи ҳассос пайдо мешаванд.
Боиси зикр аст, ки асарҳои илмии академик Мухторов дар нашрияҳои ИМА, Англия, Олмон, Русия, Италия, Эстония, Чехия, Исроил, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба табъ расида, шуҳрати илми таърихи миллати тоҷикро бамаротиб баланд бардоштанд. Бо назардошти ин ҳама хидматҳояш дар соҳаи илми таърихшиносӣ, Аҳрор Мухторовро Институти библиографии Амрико соли 1995 «Одами сол» эълон намуд. Албатта, метавонистем, доир ба китобу мақолаҳои сершумори устод, ки ба ин ё он масъалаи таърихи Ватану минтақа бахшида шудаанд, идомаи шарҳу баён намоем, вале аз диди мо он чи овардем хизмати беҳамтои устодро дар ҷодаи тадқиқи таърихи Ватану минтақаи Осиёи Марказӣ барои хонандаи закӣ возеҳ кушода метавонад.
Далелҳои оварда ҳамагӣ аз хизмати бузурги устод Аҳрор Мухторов дар пешрафти маорифи Тоҷикистон, бахусус раванди таълими таърихи ин халқи бостонӣ шаҳодат медиҳанд. Ба дурустист, ки мегӯянд: «Бузургонро бузургон зинда медоранд». Аз ин рӯ, маҳз ҷашн гирифтани 100-солагии Аҳрор Мухторов бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд. 
Гулнисои САЪДОНШО,  «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив