ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ИН САҲАР» МУЖДАИ НЕК АСТ

«ИН САҲАР» МУЖДАИ НЕК АСТ

10 апрел 2023, Душанбе
49
0


Нашри китоби нави Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, бо номи «Ин саҳар» мужда аст, муждаи нек ва туҳфаи арзишмандест барои адабиёти миллии мо, хонандагону муҳаққиқони осори воқеан, мондагораш.
Устод Абдулҳамид Самад бо ҳикояву повесту романҳояш дар миёни хонандагону пажӯҳишгарон аз маҳбубияти хос бархурдор мебошад. Аммо ин асари тозанашр ин бор ғайри чашмдошти ҳаводорони каломи бадеаш аст. «Ин саҳар» шеърҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаи ӯро дар бар мегирад. Инчунин, дар қисмати охир зери номи «Масал беҳ аз асал...» зарбулмасалҳову мақолҳои мардумиро, ки шунидаву ҷамъ оварда, ҷой додааст.
Аслан, барои нависандагони олам эҷоди шеър маъмул мебошад. Устод дар ин хусус дар охирсухан ба шеърҳояш ба хонанда муроҷиат намуда, менависад: «Ҳамчунин, дар замонҳои гузашта ва имрӯз низ дар адабиёти миллатҳои дигар ба назм даст задани нависандагон маъмулист. Яъне, ин кӯшиш кашфиёт нест.»
Баёни сабаби нашри ин шеърҳо низ аз ҷониби нависандаи забардаст ибратомӯз мебошад: «Дар ҳар сурат, модар аз фарзанди бадунёовардааш, хоҳ солим бошад, хоҳ не, рӯ тофта наметавонад. Ин шеървораҳо меваи табъ, нишоне аз мушоҳида, ҳиссиёт ва андешаҳои талху ширин дар шебу фарози зиндагианд, аммо ҳаргиз даъвои шеъру шоирӣ не. Ба хотири парокандаву гум нашудан ин навиштаҳоро гирд овардам.». Дар ҳақиқат, ин ҳама барои омӯзиши таърихи адабиёт, корхонаи эҷодии нависанда бисёр муҳим аст. Ҳар ҷумлаи асарҳои устод Абдулҳамид Самад дар баробари кашидани бори маънӣ, равону зебову шоирона буданашон хотирмон ва ҳам таъсиргузоранд.
Овардани як пора шеъри ин маҷмуа кофист, ки дарёбем истеъдод ҳаргиз маҳдуд ба як соҳа буда наметавонад:
Дуруд, ай субҳ,
Аё зояндаи Хуршед.
Дуруд, ай модари ин рӯшноӣ бо дили 
софат,
Ки нури хандаат марги дили ҳар як 
сиякор аст.

Дуруд, дафтар,
Дуруд, ай килк.
Аё парвози мурғи дил ба паҳнои 
ҷавониям,
Ки бо сад ранг дар чашми нигоре 
метавонӣ сабт созӣ
ҳам гунаҳ, ҳам ғам, суруру ҳам 
нишотамро,
Ва бо лабханди ҷонбахше бикорӣ гул
Ва бо барқи нигаҳҳоят бисӯзӣ ҳар 
куҷо хор аст...
(Аз «Дуруд, ай субҳ»)
Мавзуи шеърҳо гуногун мебошанд, яъне муаллиф дар ин маврид низ маҳдуд нест. Қисме аз шеърҳо ба шахсиятҳои маъруфи адабиёти мо бахшида шудаанд. Устод Лоиқ, Султон Шаҳзодӣ, Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Ширин Бунёд аз ин ҷумлаанд.
Тавре пештар зикр шуд, қисмати дуюми асар фарогирии зарбулмасалу мақолҳои ҷамъовардаи муаллиф мебошад. Шумораи онҳо ба 805 расидааст. Ин рақам ва зарбулмасалу мақолҳои пешниҳодшуда бори дигар аз гавҳаршиносии эҷодкори асил гувоҳӣ медиҳад:
Иззати меҳмон воҷиб аст, агар душманат ҳам бошад.
* * *
Мор пӯсташро дигар мекунаду хислаташро не.
* * * 
На шамъи мазор, на ҷорӯби хона.
Албатта, «Ин саҳар» чун ҳама асарҳои дигари муаллиф писанди дӯстдорону пажӯҳишгарони каломи бадеаш мешавад.

Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.04.2023 №: 73
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив