ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАЛҶУВОН.  ҒАРИБОШНО БОШЕМУ САЙЁҲДӮСТ...

БАЛҶУВОН.  ҒАРИБОШНО БОШЕМУ САЙЁҲДӮСТ...

19 июн 2023, Душанбе
19
0
Сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир яке аз соҳаҳои муҳиму сердаромад ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ғанӣ гардондани буҷети давлат, рушди иқтисодиёт ва бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳаи туризмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. 
– Имкониятҳои ноҳияи Балҷувон  дар самти рушди сайёҳӣ хеле зиёданд. Махсусан, мавзеъҳои Сари Хосор, Қалъаи Мир, мақбараи шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, шаршараи Сари Хосор ҳамчун ёдгориҳои беназири табиӣ ва даҳҳо ёдгориҳои дигари таърихиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунанд. Бо анҷоми корҳои сохтмонию барқарорсозӣ ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ симои ноҳияи Балҷувон куллан тағйир ёфта, пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳо ба назар мерасанд, – гуфт дар суҳбат бо хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода. Ӯ афзуд, ки ташрифи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин макон  сол ба сол меафзояд. Ноҳия дар мавқеи хуби ҷуғрофӣ ҷойгир буда, дар ҳама фаслҳои сол иқлими салқину муътадил дорад. 
Табиати нотакрору баъзе мавзеъҳои касногузари диёри зебоманзари Балҷувон,  барои амалӣ намудани бисёр намудҳои сайёҳӣ,  аз ҷумла сайёҳии пиёдагардӣ, кӯҳнавардӣ, аспсаворӣ, маърифатӣ, экологӣ, фарҳангӣ, аграрӣ, омӯзишӣ, солимгардонӣ, шикори байналмилалӣ, аксбардорӣ, обӣ, табобатӣ, лижаронӣ, этникӣ, геологӣ, зиёратӣ, динӣ ва рӯйдодӣ ҷавобгӯ мебошад. Паҳлуи дигар ва муҳими соҳаи сайёҳӣ, пазироии сайёҳон аст. Мардуми Балҷувону Сари Хосор, агарчанде донишу таҷрибаи  муосири қабули сайёҳонро надошта бошанд ҳам, бо хислатҳои меҳнатдӯстию саховатмандӣ ва ҳимматбаландии худ сайёҳонро қабул менамоянд. Шайх Саъдии бузург, ки даҳҳо соли хешро дар сафару саёҳат гузарондааст, дар боби қабули сайёҳон чунин маслиҳат медиҳад:
Ғарибошно бошу сайёҳдӯст,
Ки сайёҳ ҷаллоби номи накӯст.
Ҷаллоб ба маънии ҷалбкунанда омадааст. 
– Дар хотир бояд дошт, ки дар замони муосир,  асри пешравии илму техника аст, бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ соҳибмулкон мавзеъҳои сайёҳии худро таблиғ карда метавонанд. Набояд фаромӯш намуд, ки сайёҳони ба мулки мо омада низ, ба шабакаҳои интернетӣ дастрасӣ доранд. Яъне, эшон маърифату маданияти мардум ва мавҷудияти табиати моро воқеъбинона муаррифӣ менамоянд, ки ин метавонад ҳам таблиғ ва ҳам танқид бошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани донишу маърифати мардум дар боби қабули сайёҳон ва маърифати экологии онҳо кори муҳиму аввалиндараҷа мебошад.  Новобаста аз он, ки сайёҳ бо кадом намуди саёҳат омадааст, он, пеш аз ҳама, ба ду чиз – фарҳангу маданияти мардум ва вазъияти ҳифзу нигоҳдории табиат  бештар аҳамият медиҳад, – гуфт мутахассис оид ба масъалаҳои сайёҳӣ ва туризм Алишери Мусавиён.
Дар ноҳияи Балҷувон ёдгориҳои таърихию табиӣ зиёданд, ки ҳар кадоми онҳо барои сайёҳон ҷолибу диданӣ мебошанд. Аз ҷумла,  шаршараи Пушти Боғ, дарахтони азимҷуссаи Ҷувозичанор, Шинг, чашмаҳои шифобахши Зам-Зам, Ҳибил, Оби Гӯгирд, Шулук, Оби Гӯр, шаршараи Камолӣ, Ҳорма, шаршараи Сафедов. Деҳаҳои Мулконӣ, Дашторо, Шингидара, Деҳбул, Пештова, Узнохур, Дошмандӣ, Виён, Ҳорма мавзеъҳое мебошанд, ки бо табиати нотакрорашон диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд. Умуман, дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 200 чашма мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо хосияти шифобахшӣ доранд. Дар мавзеи Султонвайсии Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, чашмаи Оби Гӯгирд вуҷуд дорад, ки бо сиёҳлой ва оби шифобахши худ машҳур буда, ба ҳазорҳо нафар беморони пӯст шифо бахшидааст. Ҳамагон медонанд, ки оби ин чашмаро нӯшидан қатъиян манъ аст. Бо он оббозӣ намуда, сиёҳлояшро ба бадан молида, муддате нигоҳ медоранд. Вале аҷоибаш он аст, ки дар масофаи тахминан 7 метр канори чашмаи Оби Гӯгирд, чашмаи ширини шифобахше мавҷуд аст. 
Ноҳияи Балҷувон  барои ба роҳ мондани сайёҳии зиёратӣ низ, имконияту шароитҳои зиёде дорад. Дар ин гӯшаи хоки диёр даҳҳо оромгоҳи шахсиятҳои бузурги ислом мавҷуданд аст, ки онҳо ихлосмандони худро дар кишварҳои хориҷӣ низ, доранд. 
Тибқи маълумот, Балҷувон таърихи зиёда аз дуҳазорсола дорад. Ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар ҳамбастагӣ бо табиати зебо, заминаи мусоид барои ба роҳ мондани сайёҳии байналмилалӣ арзёбӣ мешаванд. 
Қалъаҳои мири Балҷувон,  Додӣ,  Чаноро,  Катахон,  Дектур   ва қалъаи мулки Шоҳ аз бузургтарин ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ҳудуди ноҳияи Балҷувон ба ҳисоб мераванд. Аз қалъаҳои номбаршуда танҳо қалъаи мири Балҷувон бинои ободу побарҷо дорад. 
Воқеан ҳам, ноҳияи зебоманзари Балҷувон бо табиати рангину   мавзеъҳои таърихиаш дар оянда низ, метавонад шумораи сайёҳони дохиливу хориҷиро дар ҷумҳурӣ боз ҳам зиёд намояд.  
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.06.2023 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив