ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

20 июн 2023, Сешанбе
921
0
 
Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода симои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик, ходими сиёсию ҷамъиятӣ, шахсияти дар ҷаҳон машҳур бо ашъори баландмазмуни хеш дар дилу дидаҳо ҷой гирифтааст. Осори пурарзишаш имрӯз низ, ҷавобгӯи талаботи давр мебошанд. Ғояҳои ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, сулҳхоҳӣ, зебоиофаринӣ, қаҳрамонӣ осори ӯро ҷовидонӣ намуда, ба руҳияи хонанда таъсири мусбат мегузоранд.
Устод Мирзо Турсунзода шоирест, ки бо тамоми ҳастии хеш қадру қимати зиндагии озоду босаодатро дарк мекунад ва хушбахтиро дар сулҳу дӯстӣ мебинад. Тамоми шеърҳои ӯ бо дарки баланди маърифати инсонпарварона навишта шудаанд. Шоир рисолати хешро дар тараннуми зиндагии поку беғаш, Ватани ободу озод, офаридани симои инсони хайрхоҳу адолатпарвар мебинад.
Мирзо Турсунзода дар манзумаи «Ҷони ширин» лиризмро бо мавзуъҳои иҷтимоӣ хеле устодона омезиш медиҳад ва мақсади дарпешгузоштаашро ба хонанда бозгӯ менамояд. Ӯ ҳамсари худро мухотаб қарор дода, андешаи худро то ҳадди байналмилалӣ баланд мебардорад. Вай дар оғоз зиндагии талхи аҷдодони хешро мисол меорад:
Дар замони пеш аҷдодони мо
Тарк мекарданд кӯҳистони мо.
Бахт меҷустанд аз оворагӣ,
Мурда мерафтанд дар бечорагӣ.
 
Сипас, шоир зиндагии даврони хешро ба тасвир мекашад:
Мо вале аз он ғарибон нестем,
Дар суроғи бахт сарсон нестем.
 
Дар тасвири шоир тоҷик зиндагии озода ва рисолати бузургеро бар дӯш дорад. Миллати шоир на танҳо давронсозӣ мекунад, балки бо ғояҳои баланди сулҳхоҳонаву инсонпарварона дар ҷаҳон машҳур аст.
Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
 
Бешак, ин манзумаи офаридаи шоир бо ғояи баланди худ ҳаргиз куҳна намешавад. Вақте онҳоро дар ин даврон ҳам, ки мехонем, ба назар мерасад, устод онро имрӯз, ҳолати кишвари моро дида, эҷод кардааст. Аз ин ҷост, ки ашъори шоир хосияти ҷовидонагӣ касб мекунад ва дар ҳар давру замоне қиматаш меафзояд. 
Дар ин манзума шоир аз адиби бузурги покистонӣ Файз Аҳмад Файз ёдрас мешавад ва тавассути ҳамин образ зиндагии худу ҳамсарашро бо зиндагии мардуми Покистон қиёс менамояд. Хулосаҳои шоир дар байт-байти манзума дарҷ мегарданд ва дар шакли шоҳбайтҳо арзи ҳастӣ мекунанд.
Гиря дорад, дӯстам, аз гиря фарқ,
Талх бошад гиряи фарзанди Шарқ.
 
Ин мисраъҳо бори дигар ба мо ҳушдор медиҳанд, ки ба қадри Тоҷикистони ободу озод бирасем, аз зиндагии мардуми кишварҳое, ки дар оташи ҷангу бедодгариҳо месӯзанд, натиҷаи нооромиро дарк намоем. 
Аҳамияти ашъори Мирзо Турсунзода сол ба сол, тавре зикр шуд, бештар мегардад. Ҳикматҳое, ки дар шеъри ӯ вуҷуд доранд, барои худшиносӣ, ватандорӣ, шинохти масъулияти инсонӣ аҳамияти бесобиқа касб мекунанд. Масалан, Ватан барои шоир муқаддас аст, вай худро бе он тасаввур карда наметавонад. Ӯ ҳатто вақте дур аз Ватан аст, садои рӯдҳояшро мешунавад, ҳавои форами онро ҳис мекунад, хоку обу кӯҳу сангашро пазмон мешавад.
Ба мисли гӯшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
 
Ва ё:
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту, 
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
 
Дар ашъори Мирзо Турсунзода мафҳуми дӯстӣ ҷойгоҳи хос дорад. Дӯстӣ аст, ки боиси осоиши одамон мегардад, дӯстӣ аст, ки ба миллатҳо имкон медиҳад, то рушд кунанд. Дар замони мо ин мафҳум дорои аҳамияти махсус аст. Ҷомеаҳо танҳо тавассути муносибати ҳасана бо ҳам ба комёбиҳо даст меёбанд. Одамон аз дӯстӣ ба хушбахтӣ мерасанд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
 
Ё:
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкун касонро гум макун.
 
Шеъри Мирзо Турсунзода сеҳр дорад, сеҳри он дар ҳикматаш нуҳуфта аст.
Хона - музеи Мирзо Турсунзодаро дар шаҳри Душанбе бояд ба як маркази бузурги фарҳангиву адабӣ табдил диҳем. Чунки дар ҳамин хона Қаҳрамони Тоҷикистон манзумаҳои бузургаш «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», «Ҷони ширин», силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» - ро таълиф кардааст. 
Ҳар касе ба хона - музеи устод Мирзо Турсунзода меояд, бо зиндагӣ ва корномаи ӯ ошно мегардад. Мебинад ва ҳис мекунад, як фарзанди тоҷик то чи андоза дар ҷаҳон нуфуз дорад. Асарҳояш бо 50 забон тарҷума шудаанд. Худи устод дар он даврони мушкил ба 30 кишвари дунё сафар кардааст.
Дар осорхонаи устод 113 дафтари ёддошташ нигаҳдорӣ мешавад, ки бо хатти арабии форсӣ ва қисман бо забони русӣ навишта шудаанд. Ин дафтарҳои ёддошт аҳамияти бузурги илмиву адабӣ доранд. Омӯзиши онҳо моро бо афкор ва ҳодисаву воқеаҳои адабиву иҷтимоии замони шоир ошно месозанд.
Ин нуктаро таъкид кардан ба маврид аст, ки хона - музеи устод Мирзо Турсунзода метавонад ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсир бирасонад, дар ташаккули шахсияти онҳо ёрӣ диҳад, эҳсоси ватандӯстияшонро баланд бардорад.
Ҳамин мақоми арзишманд ва ҷойгоҳи бузурги шоирро ба инобат гирифта 7 майи соли 2001 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мирзо Турсунзода унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Устод ҳамон шоире буд, ки садояшро дар тамоми дунё мешуниданд, шеърҳояшро мехонданд ва ӯро дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд.
 
Амирхӯҷа АБДУРАҲИМОВ,
номзади илмҳои филология
Санаи нашр: 19.06.2023 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив