ИФТИХОРИ МАНУ МО. ҲИМОЯИ ПАРЧАМ БО ҲИФЗИ ВАТАН БАРОБАР АСТ
Дар тамаддун ва фарҳанги ғанию қадима, бунёди давлат ва давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле ҷолиб, рангин ва тулонӣ дошта, он дар асотир, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори хаттии қадима, маъхазҳои таърихию адабӣ инъикос ёфтааст.
Парчамдориву парчамбардории халқи мо аз ибтидои тамаддуни башарӣ соҳиби рамзу нишони худ буданд. Бозёфтҳои таърихӣ, ҳафриёту навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то замони мо ба мерос расидаанд, далели ҳамин гуфтаҳост. Парчам дар раванди таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи намоён дошта, ифодагари ҳадафу ҳиссиёти ифтихормандии миллат мебошад. Аз таърих маълум аст, ки рангҳои Парчами миллии тоҷикон чун дигар қавмҳои ориёинажод сурху сафеду сабз буд. Парчам дар раванди таърихи тоҷикон низ мавқеи намоён дошта, ифодагари ҳадафу ҳиссиёти ифтихормандии миллати мост. Аз таърих ба мо маълум аст, ки рангҳои Парчами миллии тоҷикон чун дигар қавмҳои ориёинажод сурху сафеду сабз буд.
Дар парчам ва нишон хусусиятҳои хос, ба мисли анъана, таърих, боигарӣ ва ҳатто ҳадафи олии миллатҳо таҷассум меёбанд. Дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон ғайр аз парчами давлатӣ, инчунин парчамҳои ҳарбӣ - баҳрӣ ва тиҷоратиро дучор омадан мумкин аст. Парчам на фақат хоси муаррифии давлатҳо ба ҳисоб меравад, балки ифодагари нишонаҳои баъзе шаҳрҳои алоҳида, минтақа, ташкилот (ба мисли СММ), ширкатҳои тиҷоратӣ, ҳаракатҳои миллӣ, ҷамъиятӣ мебошад, ҳатто тимҳои варзишӣ низ парчами худро доранд.
Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлату давлатдорӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ, ҳамзамон, беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон маҳсуб меёбад. Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст. Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст. Парчам аз қадим то ба имрӯз ба як нишонаи муайян хизмат кардааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз аввал ҳаммароми мардум буд. Дар замони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҷавонони неруманди тоҷик бо ҷасорату далерӣ ва ғурури миллӣ парчамбардори Ватан дар арсаи байналмилалӣ гардидаанд. Бо ташаббуси фарзандони фарзонаи миллат имрӯз Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносад. Маҳз ҳамин боис гардидааст, ки чанд маротиба Парчами давлатии мо ба воситаи ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар парафшон шавад.
Ҳар сокини мамлакатамон ба ҷозиба, шукӯҳу неруи илҳомбахши Парчами давлатӣ эътимод намуда, нақшу таъсири онро дар бедор сохтану ангезиш додани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва садоқати ватандорӣ пураҳамият медонад ва аз ҳамин мавқеи фикрӣ кору амал намуда, иродатмандонаву собитқадамона дар ҷодаи азму талоши мулксозиву тараққиётгароӣ пеш меравад. Басо ҳақиқатнигорона хоҳад буд, агар гӯем, ки он ҳама дастовардҳои азим, пешрафтҳои бузургу таърихие, ки мо дар 34 – соли соҳибистиқлолӣ ноил гардидем, таҳти сарварии шуҷоатмандона ва оқилонаи Пешвои миллат ва зери партавфишонии Парчами серангаи давлатиамон ба воқеият табдил ёфтанд. Дар маросими ба истифода додани чархаи нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» вақте ҷилои садҳо адад парчами болои сари бунёдгарони ин «кохи нур»-ро медидем, вуҷудамон саршори эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихор мегардид.
Бо дарки ҳамин маънӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаанд: “Мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем ва он ваҳдату ягонагии моро боз ҳам мустаҳкам менамояд. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагию бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум амалӣ мегардонем ва таҳти ҳамин ливо ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ месозем”.
Моро мебояд, ки гуфтаҳои Роҳбари давлатро дар амал татбиқ намуда, аз Парчами давлатии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории милливу истиқлолияти Ватан ва сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Чуноне мегӯянд, ҳимояи Парчам бо ҳифзи Ватан баробар аст.
Дуову таманнои мо ин аст, ки «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!».
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
