ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАВОДИ НАШЪАОВАР. МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА КАФОЛАТИ СОЛИМИИ ҶОМЕА АСТ

МАВОДИ НАШЪАОВАР. МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА КАФОЛАТИ СОЛИМИИ ҶОМЕА АСТ

24 июн 2023, Шанбе
311
0
 
Мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз омилҳои муҳими пешрафт дар роҳи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияту бехатарии давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Бо эҳсос намудани хатари оқибати ногувор доштани муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба генофонди миллат ва суботу амният, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон сиёсате рӯи кор оварда шуд, ки моҳияти он аз муборизаи беамон бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар иборат буд. 
Сиёсати мазкур дар амалӣ намудани ташаббусҳои миллии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ, пурзӯр намудани назорати муомилоти қонунии дорувориҳои нашъаовар, табобат, барқароркунӣ ва офиятбахшии беморони нашъаманд, таҷассум ёфт.
Бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷумҳурӣ як сохтори бонуфузи зиддимухаддиротӣ – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба зиммаи он вазифаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар сохторҳои дахлдор дар ин самтҳо вогузор карда шуд. 
Дар давоми фаъолияти худ Агентии назорати маводи нашъаовар сол ба сол рушду нумӯ ёфта, ба як мақоми бонуфуз ва дорои кадрҳои баландихтисосу соҳибтаҷриба дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, табдил ёфт.  
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар сохтори Агентӣ воҳидҳои басо муҳиме фаъолият менамоянд, ки самти кори онҳо дар инкишоф ва рушди мақомоти марбута ва ояндаи неку солимии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.
Пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар дар қатори мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии он, яке аз самтҳои афзалиятноки маҷмуи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Агентӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, роҳбарияти Агентӣ вазъи паҳншавии нашъамандиро дар ҷомеа ҳанӯз ҳам нигаронкунанда арзёбӣ намуда, ба ташкили дурусти кор дар ин самт диққати махсус зоҳир менамояд. 
Бояд таъкид намуд, ки омилҳои муҳимтарини ноил гаштан ба натиҷаҳои самарабахш дар ин соҳа – мураттабӣ, ба таври муназзам ташкил ва гузарондани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ мебошад. Аз ин рӯ, кормандони Агентӣ муштаракан бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати  ҳуқуқии аҳолӣ ва дар ин замина, пешгирӣ намудани паҳншавии нашъамандӣ дар байни аҳолии кишвар, мунтазам вохӯрию мулоқот, семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ, викторина ва озмунҳои гуногуни зиддинашъамандиро дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ ташкил ва баргузор менамоянд. 
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфта, шумораи нашъамандон аз 8645  нафар  дар соли 2008 ба 4381 нафар дар соли 2022  ё  49,3  дарсад  коҳиш  ёфтааст. 
Бисёр ба маврид аст, ки баҳри таҳкими амал ва ҳамкорӣ барои эҷоди ҷомеаи байналмилалии озод аз нашъамандӣ, сар аз соли  1987 Маҷмаи умумии  Созмони  Милали Муттаҳид  26 июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии  мубориза бар зидди  суиистеъмоли  маводи  нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он ё Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир эълон намудааст, ки ин сана ҳамасола дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад.
Бахшида ба ин рӯз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ҳамасола баргузории як қатор чорабиниҳоро дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хусусан ноҳияҳои осебпазири наздисарҳадӣ ва шаҳрҳои калон, ба нақша мегиранд. Аз ҷумла, бахшида ба ин рӯз Агентӣ эстафетаи навбатии силсилачорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2023” оғоз намуд.
Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мушкилоти нашъа ва нашъамандӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибати фоҷиабори истеъмоли он, омӯзиши усулҳои нави пешгирии нашъамандӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Кормандони Агентӣ дар доираи лоиҳаи “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2023”, зери шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар” ва нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, ният доранд, чун солҳои қаблӣ, имсол ва дар оянда низ, баҳри иҷрои чунин корҳои хайру муҳим омодаи сафар бошанд ва дар бунёди ҷомеаи солиму озод аз хатари нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
 
Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА, 
директори  Агентии назорати 
маводи нашъаовари назди 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 24.06.2023 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив