“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…”

10 ноябр 2026, Сешанбе
5


ДАР ВМКБ 109 ДОВТАЛАБ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ РОҲ ЁФТ


Дар шаҳри Хоруғ даври сеюми (вилоятӣ)-и Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид. Тавре аз маркази матбуоти дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, даври вилоятии Озмун давоми як ҳафта хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа аз шаҳру ноҳияҳои вилоятро фаро гирифт. Дар ҷараёни Озмун 102 хонандаи синфҳои ибтидоӣ, 302 хонандаи синфҳои 5 – 11, 19 донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Хоруғ, 33 омӯзгори вилоят, 14 шахси калонсол ва намояндагони касбу кори гуногун донишозмоӣ карданд.
Аз 429 довталаби ба даври вилоятӣ роҳёфта 109 кас аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳо ғолиб дониста шуд ва ҳуқуқи ширкат дар даври ҷумҳуриявиро пайдо карданд. Дар даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Душанбе мегузарад, 72 хонанда, 14 омӯзгор, 19 донишҷӯ, 4 намояндаи қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок мекунанд.


ЯРМАРКА БА ШАРАФИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Бахшида ба 32-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ярмарка орд, шакар, биринҷ, макарон, гӯшт, картошка, сабзӣ, карам, пиёз ва дигар намуди маҳсулот ба фурӯш гузошта шуд.
Ярмарка бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ташкил шуд.
Раиси вилоят Шарифхон Сафарзода ба масъулин барои дастрас намудани маҳсулоти кишоварзии хушсифат арзи сипос намуда, ҷиҳати мунтазам таъмини фаровонии бозор бо маҳсулот ва роҳандозии чунин ярмаркаҳо ба масъулин супоришҳои иловагӣ дод. Ҳамчунин, дар ин рӯз фурӯши чорво низ ташкил гардид.


ИЖТ ДАР ВМКБ ВОХӮРӢ ГУЗАРОНД
Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоки- мияти давлатии ВМКБ вохӯрии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва муовини раиси вилоят Фурқати Ҳукумат бо кормандони идораи телевизион ва радио, наш- рияи вилоятӣ – "Бадахшон" ва сармуҳаррирони рӯзномаҳои шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Мурғоб ва Ишкошим баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси нави бахши ИЖТ дар Бадахшон Умед Мамадпаноев муаррифӣ шуд. Таъкид гардид, ки рӯзноманигор бояд ба давлату миллат содиқ бошад ва дар инъикоси рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат саҳми босазои худро гузорад.
Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.11.2026 №: 220