ДАРВОЗАИ ТАЪРИХИИ ИСТАРАВШАН ЭҲЁ ШУД

10 ноябр 2026, Сешанбе
9


Дар шаҳри бостонии Истаравшан яке аз ёдгориҳои таърихии маҳаллӣ – Дарвозаи Боло, ки беш аз яку ним аср пеш аз байн рафта буд, аз нав барқарор гардид. Чунон ки маълум аст, Истаравшан яке аз шаҳрҳои бостонии Тоҷикистон буда, дар масири Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҷой гирифтааст. Мавқеи ҷуғрофӣ, иқлими мусоид ва аҳамияти иқтисодию тиҷоратӣ боис гардидаанд, ки ин шаҳри куҳан тули таърих шоҳиди ҳодисаву рӯйдодҳои зиёд бошад.
Истаравшани қадим бо қалъа ва деворҳои муҳофизатӣ иҳота шуда, ҳафт дарвоза доштааст. Яке аз дарвозаҳои асосии он дар тарафи ғарбии шаҳр ҷойгир буда, бо номи Дарвозаи Боло маъруф буд. Дар дохили шаҳр низ гузаре бо ҳамин ном вуҷуд дошт. Дар беруни Дарвозаи боло чойхонае бо номи «Қаландархона» фаъолият мекард. Азбаски шабона дарвозаҳои шаҳр баста мешуданд, мусофироне, ки аз шаҳру ноҳияҳои Зомин, Дизак (Ҷиззах) ва дигар минтақаҳо меомаданд, шабро дар ҳамин ҷо рӯз мекарданд. Субҳ баъди боз шудани дарвоза, онҳо вориди шаҳр мешуданд, харидуфурӯш мекарданд ва баъдан роҳи худро идома медоданд.
Истаравшан, Истаравшан,
Шаҳри зебо, шаҳри равшан.
Бо ту пайванд аст ҷонам,
Бо ту пайванд аст Меҳан!
Бо гузашти замон деворҳои муҳофизатӣ ва дарвозаҳои шаҳр тадриҷан вайрон шуда, аз байн рафтанд, аммо хотираи онҳо дар ёди мардум ва ривоятҳои сокинони куҳансоли Истаравшан боқӣ монд.
Имрӯз, бо таваҷҷуҳи хос ба эҳёи мероси таърихию фарҳангии миллат дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ёдгориҳои таърихӣ барқарор ва бозсозӣ мешаванд. Дар Истаравшан низ Қалъаи Муғ бо симои нав дарҳои худро боз намуд. Дар ҳамин замина, бо ташаббуси соҳибкор Зариф Аюбов яке аз дарвозаҳои таърихии шаҳр – Дарвозаи Боло аз нав бунёд гардид. Муаллифи тарҳ ва роҳбари корҳои сохтмонӣ Абдурашид Ҷабборов мебошад. Дар бунёди ин иншоот хиштчинҳои моҳири Истаравшан: Шавкат Ғафуров, Ҳамза Маҳмадалиев, Қулӣ Мавлонов ва Қобил Каримов низ саҳми арзанда гузоштанд. Мо – бошандагони шаҳр аз ҳунармандони хайрхоҳу дурандеш сипосгузорем!
Бо ранҷи аҳли ҳунар 23-юми октябр Дарвозаи Боло боз шуд. Раиси шаҳри Истаравшан Саттор Қодирӣ, раиси маҳаллаи Навоӣ Уткур Абдулхайров, ки гузари Дарвозаи Боло ба ҳудуди ҳамин маҳалла дохил мешавад, суханронӣ карданд. Ҳузури шумораи зиёди мардум нишон дод, ки эҳёи чунин ёдгориҳо барои сокинон танҳо як кори ободонӣ нест, балки пайванде бо таърих, хотира ва фарҳанги шаҳр аст.
Дарвозаи Боло имрӯз на танҳо як иншооти нави меъморӣ, балки рамзи эҳтиром ба гузашта ва арҷгузорӣ ба таърихи Истаравшани бостонӣ мебошад. Миллате, ки гузаштаи худро пос медорад, метавонад ояндаи худро низ бо боварӣ бисозад.


Аҳмадҷон МАҲМУДОВ, собиқадори матбуот

Санаи нашр: 09.11.2026 №: 220