ВМКБ. НАТИҶАГИРӢ АЗ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ ҶОРӢ

10 ноябр 2026, Сешанбе
6


Дар машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд. Мусо Мирзозода, муовини раиси вилоят, иброз дошт, ки дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ВМКБ ба 1 миллиарду 509 миллион сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8 фоиз расид.
Рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 23,5 фоиз, саноату сохтмон 33,4, савдо, нақлиёт, алоқа ва пешниҳоди хизматрасониҳо 15,8, маориф, тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ 23,1 ва андозҳо 0,9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми содирот ба 6,4 миллион доллар расид, ки нисбат ба нуҳмоҳаи соли гузашта 11,6 фоиз зиёд аст.
Иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 238,5 миллион сомонии нақшавӣ, ба буҷет ба маблағи 243,3 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои давлатӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 4,8 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 31 миллиону 302 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби низоми бонкии вилоят ба шаҳрвандон 336,2 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бақияи пасандозҳои аҳолӣ 658,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 21 фоиз бештар аст.
Дар вилоят татбиқи 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 348 миллион доллари ИМА идома дорад. То ҳол 311,9 миллион доллар, ё худ 89,6 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳо аз худ карда шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 285,6 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,3 фоизро ташкил дод.
Шумораи корхона ва коргоҳҳои саноатӣ дар вилоят ба 219 адад расид. Танҳо дар нуҳ моҳ 40 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 153 ҷойи нави кор ба истифода дода шуданд, ки сетои он бо иштироки Пешвои миллат ва 23-тои дигар дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ифтитоҳ гардиданд.
Муовини раиси вилоят дар ҷараёни машварат оид ба фаъолияти соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва алоқа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, маориф ва илм, тандурустӣ ва кор бо занон, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳисобот дода, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳаҳои мазкурро зикр намуд.
Раиси вилоят Шарифхон Сафарзода дар доираи масъала ибрози назар карда, таъкид намуд, ки таъмини саривақтии пардохти андозҳо яке аз вазифаҳои асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маҳсуб меёбад, зеро барзиёд иҷро гардидани нақшаи буҷет василаи муҳими пешрафти шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Раисони ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа, Мурғоб, инчунин, муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ ва муовини раиси ноҳияи Дарвоз низ доир ба вазъи омодагии шаҳру навоҳӣ ба зимистонгузаронӣ ва мушкилоти ҷойдошта гузориш доданд.
Раиси вилоят дар фарҷом оид ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ибрози андеша намуда, афзуд, ки ба шарафи Ҷашни бузург бо заҳмати шабонарӯзии мардуми сарбаланди Бадахшон ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар вилоят як қатор иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ба рушди инфрасохтор мусоидат хоҳанд кард. Дар робита ба ин, Шарифхон Сафарзода ба сокинони вилоят барои дастгириҳои пайваста аз дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар ва вилоят изҳори миннатдорӣ намуд.


Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.11.2026 №: 220