ЗАРДОЛУ АЗ МЕВАҲОИ ДӮСТДОШТАНИСТ
Зардолу яке аз меваҳои дӯстдоштаи мардуми тоҷик аст. Дар тули ҳазорсолаҳо мардуми тоҷик аз сарнасли он – зардолуи муқаррарӣ (Armeniaca vulgarus), ки дар доманакӯҳҳо мерӯид, зиёда аз 300 навъу намунаҳои дигари онро офариданд, ки як қисми онҳо имрӯз дар истеҳсолот васеъ истифода бурда мешаванд. Мардуми тоҷик аз қадим меваи зардолуро дар шакли тару тоза, намудҳои хушкмева – гулунг, баргак, аштак, аштаки хубонӣ ва ғулунгоб истифода мебурд. Дар минтақаҳои Зарафшон ва Кӯҳистони Бадахшон аз он бо номҳои “Довпак” ва “Ношхухпа” таом мепухтанд.
Тавре Ҷалолиддин Фозилов, мудири шуъбаи технологияи инноватсионии ниҳолпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, изҳор дошт, майдони умумии зардолузор дар ҷумҳурӣ ба 59106 гектар мерасад. Аз он 37982, 9 гектараш ҳосилдиҳанда аст, ки ба 76,8 дарсади боғҳои ҳосилдиҳандаи донакдор баробар аст. Дар кишвар ҳар сол қариб 130000 тонна меваи зардолу истеҳсол мешавад, ки ин 69,5 дарсади истеҳсоли меваҳои донакдорро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ ба 34,7 с/га баробар аст.
Вобаста аз шароити хоку иқлими маҳал бунёди майдонҳои зардолу дар минтақаҳои ҷумҳурӣ гуногунанд. Вилояти Суғд минтақаи асосии зардолупарварӣ мебошад, ки дар он бештар аз 45473 гектар боғи зардолу мавҷуд аст. Аз он 30903,3 гектараш ҳосилдиҳанда буда, зиёда аз 90 дарсади боғҳои донакдорро ташкил медиҳад. Дар вилоят ҳар сол ба ҳисоби миёна 75-80000 тонна мева истеҳсол мегардад. Шаҳру ноҳияҳои асосии зардолупарвар – Исфара, Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Мастчоҳ ба ҳисоб мераванд.
Ноҳияҳои водигии вилояти Хатлон минтақаи ояндадори парвариши зардолу ба ҳисоб меравад. Дар минтақа тули 10-15 соли охир боғҳои зардолу бунёд ёфтанд, ки айни ҳол майдони онҳо 11624,4 гектар буда, 60 дарсади майдони донакдоронро ташкил медиҳад. Масалан, соли 2017 дар ҳудуди вилоят зиёда аз 45 ҳазор тонна меваи зардолу истеҳсол шуд ва ҳосилнокӣ ба 82,4 с/га расид.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ, яке аз минтақаҳои қадимтарини зардолупарварӣ ба ҳисоб меравад. Ба шароити кӯҳсор нигоҳ накарда, дар вилоят 941,6 гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки ба 80 дарсади боғҳои дарахтони донакдор баробар аст. Ҳар сол дар ин минтақа зиёда аз 5400 тонна меваи зардолу истеҳсол мешавад, ки ҳосилнокӣ ба 61,3 сентнер аз як гектар баробар аст.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, шароити иқлими ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои парвариши боғҳои зардолу он қадар мувофиқ нест. Новобаста аз ин, дар тули ҳазорсолаҳо дар минтақа зардолуро парвариш мекунанд. Майдони зардолузори ин минтақа зиёда аз 1000 гектар аст, ки 15-16 дарсади боғҳои дарахтони донакдорро ташкил медиҳад. Ҳамасола зиёда аз 3000 тонна меваи зардолу истеҳсол мешавад, ки ҳосилнокии он ба 41,1 с/га рост меояд.
Дар ҷумҳурӣ навъҳои зерин: “Аҳрорӣ”, “Бобоии калонмева”, “Қандак”, “Мирсанҷалӣ”, “Руҳи ҷавонони сурх”, “Субҳонӣ”, “Хурмоӣ”, “Серҳосил”, “Ленинободӣ”, “Аҳмадӣ” ва “Хуҷандӣ” минтақабоб карда шудаанд.
АҲАМИЯТИ МУҲИМИ ИҚТИСОДИЮ ҒИЗОИИ ЗАРДОЛУ
Дарахтони мевадиҳанда аҳамияти муҳими иқтисодию ғизоӣ ва табобатӣ доранд. Мева ва тухми онҳо дорои таркиби кимиёвии бой буда, ҳамчун манбаи сафеда, равған, ангиштобаҳо, витаминҳо, моддаҳои фаъоли биологӣ ва дигар нахҳои барои бунияи инсон зарур мебошад.
Дар таркиби тухми (донаи) зардолу вобаста аз навъҳо сафеда, равған, калий, фосфор, магний, сулфур, калсий, оҳан, синк, инчунин, витаминҳои В1, В2 , РР, В9 мавҷуд аст. Миқдори туршии равғани олеин дар як қатор навъҳо ба 81,6 ва линолевӣ (провитамин F) 27,2 дарсад мерасад, ки хосияти баланди табобатӣ дорад.
ЗАРДОЛУ – ҒИЗОИ ПАРҲЕЗӢ
Таркиби ғании кимиёвии зардолу сабаби ба номгӯи ғизоҳои парҳезӣ ворид шудани ин мева гардидааст. Ба гуфтаи олимон, моддаҳои фаъоли биологии дар меваи зардолу мавҷудбуда хосияти аз бадан рафъкунандаи моддаҳои заҳрнок, радиактивии зараррасон ва дағолҳои нолозимро доранд. Меваи зардолу, ҳамзамон, хусусияти шифоии хуб дорад, ки ин ҳам ба таркиби кимиёвии он вобаста аст. Он дар баробари воситаи беҳтаркунандаи ҳазми хӯрок, мунаффас, сабуккунандаи сулфа, табшикан, пешоброн буданаш ба шифоёбии касалиҳои меъдаю рӯда, саратони шуш, масона, сурхрӯда, гулу, зиёдшавии гемоглобини хун ва дарди дил мусоидат мекунад.
Бо назардошти аҳамиятнокӣ, самаранокӣ, хусусиятҳои шифобахшӣ доштан, истеҳсоли барзиёд ва дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун яке аз истеҳсолкунандагони меваҳои тару тоза ва хушки зардолу Ҳукумати мамлакат дар пойтахти кишвар таҷлили Иди зардолуро роҳандозӣ намуд. Ин иқдом, бешак, ба рушди соҳа, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва фаровонии бозорҳои истеъмолии кишвар, ҳамзамон, рушди содирот мусоидат хоҳад намуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.06.2023 №: 130
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)