ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАМОНВАРӢ. АЗ ИНТИХОБИ РОҲБАРИЯТИ НАВИ ФЕДЕРАТСИЯ ТО НАҚШАҲОИ ҶАДИДИ РУШД

КАМОНВАРӢ. АЗ ИНТИХОБИ РОҲБАРИЯТИ НАВИ ФЕДЕРАТСИЯ ТО НАҚШАҲОИ ҶАДИДИ РУШД

03 июл 2023, Душанбе
68
0
 
(Мусоҳиба бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси тозаинтихоби Федератсияи камонварии Тоҷикистон)
26 май дар ҷаласаи интихоботии Федератсияи камонварии Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба симати раиси Федератсия интихоб шуд. Ба ин муносибат ва перомуни нақшаҳои минбаъда, инчунин, рушду оммавияти риштаи камонварӣ суҳбате доштем бо раиси тозаинтихоб – Раҷаббой Аҳмадзода, ки фишурдаи онро пешкашатон менамоем.
– Муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, аввалан Шуморо, ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон табрик намуда, дар корҳоятон иқболу пешравиҳоро таманно дорем.
– Бо як ҷаҳон самимият ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба раёсату аъзои Федератсияи камонварии Тоҷикистон барои боварӣ ва интихоб шуданам ба вазифаи раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон миннатдорӣ баён менамоям.
Ин эътимод маро водор месозад, ки барои боз ҳам вусъат пайдо кардани камонварӣ дар кишвар беш аз пеш тадбирҳои самарабахшро амалӣ намоям.
 
– Чуноне маълум аст, имрӯз Федератсияи камонварии Тоҷикистон ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мебошад. Барои ҳалли душвориҳо ва барқарор кардани шуҳрати камонварии Тоҷикистон дар ҷаҳон дар марҳилаи аввал чӣ нақшаҳоро рӯи даст гирифтаед? 
– Тавре маълум аст, 20 декабри соли 2010 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарони кишвар дастур дода буданд, ки ба эҳёи камонварӣ ва рушду нумӯи он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардад.
Дар партави ин дастури созанда рушди соҳа дар маркази таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошт, дар асоси он як қатор корҳо ба сомон расиданд.
Созмон ёфтани шуъбаи камонварӣ дар Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии № 1”-и шаҳри Хуҷанд, омода намудани мураббиёни соҳибихтисоси сатҳи байналмилалӣ, хариди лавозимоти зарурии камонварӣ, таъсиси Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ”, қадршиносӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарону мутахассисон, ташкилу баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва иштироки фаъолонаи камонварон аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки солиёни охир дар вилоят татбиқи амалии худро ёфтанд.
Дигар падидаи ҷолиб, ки ба оммавияти камонварӣ мусоидат мекунад, мавриди истифода қарор гирифтани бино ва майдони Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ”-и вилоят мебошад, ки заминаи асосии рушди ин намуди варзиш метавон арзёбӣ кард.
Имрӯз дар назди Федератсия вазифаҳои муҳиму пурмасъулият меистанд. Мақсади асосӣ рушди камонварӣ ҳамчун намуди суннатӣ, миллӣ ва олимпӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва иштироки фаъолонаи варзишгарони мо дар Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон, мусобиқаҳои байналмилалии расмӣ, Бозиҳои олимпӣ  маҳсуб мешавад. Баҳри расидан ба ин орзу тамоми шароитҳои заруриро бояд фароҳам оварем.
Тасмим гирифтаем, ки рӯзҳои наздик бо иштироки аъзои Федератсия машварати васеъ доир намуда, нақшаҳои минбаъдаи фаъолиятро тарҳ резем. 
Илова бар ин, Федератсия бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ омодагии варзишгаронро дар сатҳи ҷаҳонӣ, таъсиси маҳфилу шуъбаҳои камонвариро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, омодасозии доварони дараҷаи байналмилалиро месанҷад ва дархосту пешниҳодҳои мураббиёну мутахассисони хориҷиро низ ба эътибор хоҳад гирифт. 
 
– Барои муайян намудани ҳайати тими миллии Тоҷикистон оид ба камонварӣ ва баргузор кардани машқҳои дастаҷамъӣ дар ояндаи наздик ягон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гузаронда мешавад?
– Дар ин бобат нақшаҳо зиёданд. Татбиқи онҳо иҷрои бисёр корҳои судмандро тақозо мекунад. Аз ҷумла, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи камонварӣ баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Федератсияи камонварии Тоҷикистон дар нақша аст. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки аз ҳисоби беҳтарин камонварон дастаи мунтахаби кишварро барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ созмон диҳем. 
 
– Ҷиҳати таъмини ширкати камонварони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон, чӣ иқдомҳое дар оянда амалӣ хоҳанд шуд? 
– Гуфтан бамаврид аст, ки барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ фурсати кам мондааст. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти Федератсия мекӯшад, ки дар оянда барои омодагӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё ва дигар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ стратегия ва барномаи махсус қабул ва корбариро дар ин самт пурзӯр намояд.
 
– Ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои тамрин додани ҳайати тими миллӣ дар нақша ҳаст? 
– Тоҷикистони азизи мо дар шахсияти устоди варзиши байналмилалӣ – ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Зебунисо Рустамова мутахассиси варзидаи камонвариро дорост, мо бо ин инсони барӯманд ифтихор дорем.
Федератсия бо мақсади тарбияи варзишгарони бомаҳорат тасмим гирифтааст, ки дар оянда аз хориҷи кишвар низ ба ҷалби мутахассисон мусоидат намояд.
 
– Тавре шоҳид будем, 1 апрел дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат бинои Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонвариро, ки дорои шароити хуби корӣ ва машқварзӣ мебошад, ифтитоҳ намуданд. Бешак, Мактаб барои рушди ин риштаи варзиш дар кишвар замина хоҳад гузошт. Аз ин рӯ, бунёди чунин иншоот дар дигар вилоятҳо низ дар назар аст?
– Дар посухи ин суоли Шумо мужда расонданиам, ки дар фурсати наздиктарин бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мо тасмим гирифтаем, ки дар пойтахт низ ҳамин гуна иншооти камонвариро бунёд намоем.
Аллакай, масъалаи ҷудо кардани замин, таҳияи лоиҳаи иншоот баррасӣ шуда, сохтмони он дар фурсатҳои наздиктарин оғоз хоҳад ёфт.
Бунёди чунин иншоот дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар мадди назари ҳамешагии Федератсия қарор дорад.
 
– Барои таъсис ва барқарор намудани федератсияҳои камонварии вилоятҳо ва минтақаҳои кишвар ягон чора дида мешавад?
– Имрӯз филиалҳои Федератсия дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд фаъолият доранд. Иқдоми дар дигар манотиқи кишвар таъсис додани филиалҳо рӯи даст гирифта шудааст, ки амалӣ кардани он ба оммавияти камонварӣ такони тоза мебахшад.
 
– Барои тарғиби камонварӣ – мероси ниёкон ва оммавияти он миёни сокинон, инчунин, ҷалби сарпарастон, кадом корҳо роҳандозӣ мегарданд? 
– Таърихи намуди варзиши камонварӣ – ҷузъи ҷудонопазири таърихи халқи тоҷик ва Тоҷикистон буда, таҷрибаи ташаккул ва дастовардҳои камонварӣ моро ба рушди он водор месозад. Камонварӣ яке аз навъҳои таърихӣ, машҳур, муосир ва ояндадори варзиш маҳсуб мегардад. Аҷдодони тоҷикон – ориёиён маҳорати баланди камонварӣ доштанд ва онро дар мусобиқаҳо ҳангоми ҷашнвора ва дар вақти шикор васеъ истифода мебурданд. 
Ин суннати аҷдодӣ тақозо мекунад, ки барои оммавияти камонварӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода барем ва мутмаинам, ки давоми 5 соли минбаъда мо ба дастовардҳои назаррас сазовор хоҳем шуд.
 
– Сипос барои суҳбат!
– Барои таваҷҷуҳ ба ин риштаи варзиш ва оростани суҳбат ба Шумо ва аҳли эҷоди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” самимона изҳори сипос менамоям. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.07.2023 №: 136
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив