МОДАРАМ ҲАМЕША ҚАҲРАМОН АСТ!
Аз он хушнуду сарфарозам, ки то ин дам дасти дуои мубораки модари дилбанд аз сари мо ҷудо нест. Ҳар гоҳ ба дидорбинӣ меравам, шукрона аз он мекунам, ки сутуни хонадон побарҷост. Маҳз ҷазабаи меҳри модар аст, ки фарзандони падар боҳаманд, аз ҳамдигар ҳолу аҳвол мепурсанд. Ин меҳр ҳамеша поянда аст, зеро он бо риштаҳои мустаҳками садоқати модар танида шудаву тадриҷан қавию қудратманд мегардад. Дар баробари ин, зимни дидорбинӣ хиҷолат ҳам мекашам, аз он ки дер хабар мегирам, ба дастбӯсияш таъхир мекунам, вале модар аз ин парвое ҳам надорад, баръакс, бо нигоҳҳои пурмеҳру пуртабассум чун дар овони кӯдакиву наврасию ҷавонӣ мегӯяд:
– Омадӣ, бачам, саломатиат чӣ тавр, кӯдаконат чӣ ҳол доранд? Корҳоят хубанд? Хаста нашуда гаштӣ?
Ин саволҳо маро бадтар дар хиҷолат мегузоранд. Ин олиҳаи ишқу одамият аз он намеандешад, ки худ бо сабаби тағйир ёфтани боду ҳаво ва камоли пирӣ гоҳо азият мекашад. Ба қавле, ба тандурустии худ раҳм ё парвое надорад. Боз ҳам аз мову аҳли хонадонамон мепурсад. Ин аст дили пурмеҳру пурсадоқат ва саршор аз муҳаббати беолоиши модарӣ, ки ҳамеша дар андешаи болидаруҳии фарзандон аст. Ниҳоят ҳини хайрухуш даст ба дуо мебарад: «Илоҳо, ҳамеша сиҳату саломат бошиву умри дарози пурбаракат бубинӣ, дар хонадонат файзу баракат бошаду дар ҳалқаи фарзандону наберагон рӯйи камиро набинӣ. Омин!»
Дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаву муҳити хуби фарҳангӣ моро ҳамеша фарогир буд. Аз китобхонаи падар хуб истифода бурдаву аз як нигоҳи пурмазмун, аз як ҳидояти нарми волидон ба омӯзиши илму маърифат пардохтем. Падар, ки дар мактаби деҳа то вопасин рӯзҳои ҳаёт (43 сол) аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтаву моро бо нони омӯзгорӣ парвариш медод, бешубҳа, аз маслиҳату машварати модари меҳрубон низ, истифода мебурд. Барои мо, аҳли хонадон, вожаҳои «якдигарфаҳмӣ», «эҳтиром», «дастгирӣ», «ёрӣ» аз ҳамон солҳо ошно буд. Ҳанӯз дар хурдсолӣ аз муносибати волидон ба маънии зарбулмасали «Ёр аҳл бошад, кор саҳл аст» сарфаҳм рафта будам. Фазои солими хонаводагӣ, ки ҷилави онро бештар модар дар даст дошт, чунин шароитро муҳайё гардонда буд. Падар пас аз баргаштан аз мактаб, ба қавле натиҷаи кори ҳаррӯзаро «таҳлил» карда, аксаран аз кори модар қаноатманд мегардид. Мо, фарзандон, инро бештар аз ваҷоҳат ва тарзи нигоҳи падар пай мебурдем.
Лаҳзаҳои зиёди зиндагиро, ки бо модар тавъаманд, пеши назар меораму ба хулосае меоям, ки он кас тимсоли занони беҳтарини оқилаву отифа буда. Доимо ҳамдигарфаҳмиву меҳру муҳаббати волидон кошонаи моро мунаввар мекард. Гоҳ-гоҳе падар бемор шудаву як-ду ҳафта дар бемористон муолиҷа мегирифт. Ҳар бегоҳ сари дастархон нишаставу даст ба хӯрок мебурдем ва мушоҳида мекардем, ки модар аз мо пинҳонӣ оби чашм мерезад. Аз хастаҷонии ҳамсараш азият мекашад. Мо ҳам ба хотири нороҳат нашудани ӯ худро ба нодонӣ зада, нигоҳамонро мегурезондем.
Падар чанд сол аз дарди узвҳои ҳозима азият кашид. Ба қабули гастроэнтерологи шинохта, академик Ҳамид Мансуров рафтем. Табиб баъди муоина аз падар пурсид: «Ҳеҷ қисса не, таъсири дарди ҷарроҳиҳои солҳои пешин (падар чор маротиба ҷарроҳии санги гурда доштанд) баъзан сабаби пайдоиши дард мегардад. Шояд муносибати бонуи хонадонатон бо шумо чандон хуб нест, зеро асабоният низ, ,боиси дард мешавад».
Дар чашми падар шарора пайдо шуд ва бори аввал медидем, ки дар ғайби модар ба дифои ӯ шитофтанд: «Устод, агар ин гуна рафтор дар оилаи мо мешуд, шояд ман сӣ сол пеш ба он дунё мерафтам. Баръакс, меҳрубониҳои модари хонадон аст, ки маро то ба имрӯзҳо расонда…».
Модари азизам соҳиби ёздаҳ фарзанд буда, ҳоло давлати пирӣ меронанд. Ҳанӯз дар замони шуравӣ соҳиби унвони «Қаҳрамонмодар» ва се медали «Шарафи модарӣ» гардидаанд.
Ҳар гоҳ ба хабаргирии модар рафта, баъд аз шунидани суҳбати шевою ширинаш иҷозати рафтан мегирам, дуои зебову шеърмонанд ва шевову худоҷӯёнаи ӯ маро ҳамроҳӣ мекунад: «Роҳат ҳамвору зиндагиат пурфайз бошад! Пеши марду номард сархам нагардӣ!».
Бо дили пур ва димоғи болида аз кулбааш бадар мешавам. То замоне ки модар дуогӯйи ман аст, бодавлаттарин, доротарин инсони сайёра манам!
Ҳотами ҲОМИД, барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
Санаи нашр: 03.07.2023 №: 136
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)