ТОҶИКИСТОН. КИШВАРЕ ПЕШГОМ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ САТҲИ ҶАҲОНӢ
Илм собит намудааст, ки тағйирёбии иқлими сайёраи мо бори аввал нест. Аммо тағйирёбии кунунии он бештар бинобар фаъолияти инсон ба амал омада истодааст, ки таъсири манфии худро ба ҳар сокини рӯи Замин хоҳад расонд. Худ тасаввур намоед, агар рушди бемайлони ҷаҳони муосир аз ҷиҳате хуб бошад, аз ҷониби дигар, бар зарари табиатест, ки мо дар он зиндагӣ мекунем ва он моро мехӯронаду мепӯшонад. Ва имрӯз носипосию беэҳтиётии сокинони ана ҳамин табиат аст, ки он ба беморӣ гирифтор шудаасту ниёз ба муолиҷа дорад ва аз бошандагонаш муносибати оқилонаю эҳтиёткоронаро тақозо мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 узви СММ гардидааст ва бо сарварии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз кишварҳои фаъоле мебошад, ки ба масъалаҳои глобалӣ бетараф нест. Дар баромади аввалини худ Пешвои миллат агар аз давлатҳои узви СММ барои таъмини сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар ёрӣ хоста бошанд, дар суханрониҳои минбаъдаашон барои ҳаллу фасли муаммоҳои сайёра пешниҳоду ташаббусҳо иброз кардаанд, ки дар ҳама маврид муфид арзёбӣ гаштаанд. То имрӯз СММ бо ибтикори Тоҷикистон якчанд қатъномаҳои марбут ба обро қабул кардааст, ки далели рӯшани сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудани Пешвои миллати мост.
Яке аз муаммоҳои муҳими сайёра зиёд гардидани партовҳои газҳои гулхонаӣ аст, ки тибқи таҳқиқоти олимон, ин ба системаи глобалии иқлим, аз ҷумла тағйири гармӣ, намнокӣ, обу ҳаво, гардиши ҳаво ва уқёнус, таъсири манфӣ мерасонад, ки яке аз оқибатҳои манфии он обшавии пиряхҳо мебошад. Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки оби тоза, асосан, дар пиряхҳо ҷойгир аст.
Ин масъала ба тамоми сайёра, аз ҷумла давлати мо, сахт марбут мебошад, зеро пиряхҳои Тоҷикистон наздики 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ки онҳо низ об шуда истодаанд.
Дар баромади навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи мазкурро яке аз умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад. Ин ташаббуси Пешвои миллат аз ҷониби 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. 14 декабри соли 2022 аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ҳамчунин, 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шуд. Бояд гуфт, ки масъалагузориҳои асосноки Президенти Тоҷикистон дар бартараф кардани муаммоҳои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонидошта, дар натиҷаи таҳқиқи жарф, таҳлилҳои зиёд ва омӯзишҳои ҳамаҷониба мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ин ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар масъалаи ҳифз ва истифодаи захираҳои обӣ дар тамоми дунёст ва ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлатҳои сайёра бо ҳисси эҳтиром ва дилгармӣ ба ояндаи кишварамон дастгирӣ меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти ташаббуси ҷониби Тоҷикистон соли 2025 дар пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мегардад ва аҳамияти таърихии пешниҳоди сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коршиносону муҳаққиқони байналмилалӣ ба таври возеҳ доир ба ин масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.
Воқеан, бо назардошти гармшавии иқлим таъсири ҷиддӣ ва босуръати обшавии пиряхҳо дар сайёра мушоҳида шуда, ин омил дар як вақт ба пастшавии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, камшавии захираҳои обӣ, норасоии оби ошомиданию ирригатсионӣ дар баъзе аз кишварҳои дунё сабаб мегардад.
Пешниҳоди созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки дар баробари дигар сарватҳои табиии барои зиндагии инсон арзишманд, дар масъалаи истифода ва ҳифзу нигаҳдошти манбаъҳои обӣ бетаваҷҷуҳ набошанд ва ҳамчун сармояи асосӣ барои зиндагии инсонҳо тадбирҳои созандаро рӯи кор гиранд.
Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои зулол ва минтақаи дорои пиряхҳои бузурҳаҷм қарор дошта, ҳамеша дар фикри самараноку мақсаднок истифода гардидан ва ҳифзи ҷаҳонии ин манбаъҳост ва тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода қадамҳои устувор мегузорад. Ҳамин аст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳон кишвари моро таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳон мешиносанду эҳтиром мекунанд.
Дастгирии ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо нуфузу эътибори давлати соҳибистиқлоли моро дар сатҳи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бардошта, ин рӯйдоди таърихӣ бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ кишвари пешгом аст ва дар ин самт ҳамеша тадбирҳои имконпазирро мавриди баррасию иҷро қарор медиҳад.
Шодмон ШУКРОНЗОДА, докторанти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)