ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКА
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 – 3 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф оварданд. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар маросими ботантанаи оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии “Ёвон” дар ҳавзаи дарёи Зарафшон баргузор шуд. Сарварони ду давлат тугмаи рамзиро пахш карда, ба сохтмони Неругоҳ ҳусни оғоз бахшиданд. Дар рафти музокираҳои сатҳи олӣ ҳайатҳо масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, ҳамсоядории нек ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетикаро баррасӣ намуданд.
Ин матлабро раиси Ҷамъияти саҳомии “Ӯзбек-гидроэнерго” Абдуғанӣ Сангинов дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” иброз дошт.
Ӯ афзуд, ки ҳоло барои бунёди ду неругоҳи барқи обии муштарак дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, воқеъ дар Тоҷикистон, корҳои таҳқиқотиву омӯзишӣ бо суръати том идома доранд. Арзиши умумии сохтмони неругоҳҳо 552 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Ба таъкиди Абдуғанӣ Сангинов, дар навбати аввал НБО «Ёвон» сохта мешавад, ки дар як сол 800 миллион киловатт-соат неруи барқ тавлид мекунад. Арзиши ибтидоии он бо иқтидори 140 мВт 282 миллион доллар арзёбӣ мегардад. Неругоҳ имкон дорад хароҷоти худро дар зарфи 15 сол пӯшонад ва давоми 40 – 50 сол беист кор кунад.
– Баъд аз ин, сохтмони НБО “Фондарё” оғоз хоҳад ёфт. Фондарё яке аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон буда, шохоби тарафи чапи дарёи Зарафшон аст. Дарозияш 24 километр, масоҳати ҳавзаи ҷоришавии он ҳудудан 3 ҳазору 230 километри мураббаъ аст. НБО “Фондарё” соле ба ҳисоби миёна 600 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол хоҳад кард. Барои сохтмони он, ки иқтидори умумиаш 135 мВт мебошад, 270 миллион доллар тақозо мегардад, – гуфт Абдуғанӣ Сангинов.
Бояд гуфт, ки Ҷамъияти саҳомии “Ӯзбекгидроэнерго” дар ихтиёри худ шаш сарбанд ва чанд истгоҳи неруи барқ дорад, ки барои таъмини аҳолии минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон бо неруи барқ ихтисос ёфтаанд. Дар ҳамин ҳол, Ӯзбекистон аз тариқи истгоҳҳои барқи ҳароратӣ бештари неруи барқи худро тавлид менамояд. Ин неругоҳҳо дар шаҳру вилоятҳои Талимарҷон, Ангрен, Тошкент, Турақӯрғон, Навоӣ, Сирдарё ва Тахиатош бунёд шудаанд, ки теъдодашон 12-тоанд.
Ӯзбекистон талош менамояд, ки бо бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ҳаҷми харҷи гази табииро бамаротиб коҳиш диҳад ва ба истеҳсоли ҳарчи бештари неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ноил гардад. Гуфта мешавад, танҳо бо баҳрабардории неругоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи “Тӯпаланг” (вилояти Сурхондарё) 582 миллион мукааб метр гази табиӣ сарфа мешавад.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)