КАФИЛИ СУЛҲУ ОСОИШ
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба мушкилот ва нокомиҳо гирифтор шуд. Ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гурӯҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдоннишинӣ сурат гирифтанд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардиданд. Ҷанг зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расонд.
Бо гузашти солҳо, баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат, институтҳои воломақоми сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ба хотири татбиқи он дар минтақаҳои даргири олам меомӯзанд. Сарпарасти сулҳи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ҳаққу ҳуқуқи комили маънавӣ роҳи ягонаи таъмини сулҳу амниятро дар кишварҳои ҷангзада, таҳаммули тарафҳои даргир ва нишастан сари мизи гуфтугӯ эълон доштанд.
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор доданд. Тамоми дастовардҳоямон ба мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста аст, зеро роҳи ягонаи рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан аз сулҳу оромӣ сарчашма мегирад.
Сарвари давлат дар суханрониашон борҳо дар ин бора таъкид кардаанд: «Мо бояд сулҳу суботи ҷомеаро ҳамеша мисли гавҳараки чашм ва неъмати азизтарин эҳтиёт ва ҳифз намоем». Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун масъулияти бузурги ватандорию ватанпарастӣ бори дигар ёдовар шавем: «Ҳар фарде, ки худро тоҷикистонӣ медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандию фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидан ҳаргиз роҳ надиҳад». Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромию осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.
Мо – тоҷикон, бояд ба қадри ваҳдати миллӣ бирасем, онро эҳтиром кунем, аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоем. Давлати соҳибистиқлоли мо ба шарофати ваҳдати миллӣ ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, зина ба зина рӯ ба тараққӣ оварда истодааст. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати мамлакат ва дастгирии мардуми меҳнатдӯсти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ бартараф мегарданд.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонии ҳар як фарди равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии ба гаронӣ бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Инчунин, вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ карда, ба насли ҷавон фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, бо чӣ гуна мушкилоту қурбониҳо ба даст омадааст.
Бигзор ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамеша ҷовидону пойдор бимонад!
Ёқубҷон ПИРМУҲАММАДЗОДА,
корманди Институти хокшиносӣ ва агрохимияи
Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)