ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРИ БЕМОРХОНА

МОДАРИ БЕМОРХОНА

05 июл 2023, Чоршанбе
36
0
Чилу ҳафт сол пеш аз ин Мубашшира, духтараки хандону кушодачеҳрае ба шуъбаи тарбодшиносии беморхонаи имрӯза “Шаҳраки шифобахш” – Қарияи болои шаҳри Душанбе чун ҳамшираи шафқат ба кор омад. Ҳоло вай бонуи солору духтури ботаҷрибаест, ки дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар вазифаи муовини сардухтур оид ба корҳои ташкиливу методӣ ва усули корбарӣ фаъолият дорад. Аксари беморону корафтодагон кайҳо боз ба ӯ бо ному насаб муроҷиат накарда, балки модараш мехонанд.
Мубашшира Аҳмадбекова намунаи барҷастаи занест, ки дар ҷараёни зиндагӣ ба волотарин арзиши инсонӣ – саломатӣ ва савганди пизишкӣ содиқ монд. Замоне ки ин бонуи доно табиб буд, соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурии мо санҷишҳои ҷиддиеро аз сар гузаронд, зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабаб гашту беморхонаҳо бенизом, тангу торик, бебарқ ва таъмирталаб шуданд. Баъзе аз гӯшаҳои корношоями табобатгоҳҳо ба макони савдо табдил ёфт. Як гурӯҳ аз мутахассисони хубу корозмуда ба ҳар сӯи дунё рафта бошанд ҳам, қаҳрамони мо аз масъулияти вазнин даст накашид. Он рӯзҳоро ба ёд меораду ба фикр ғӯтавар мегардад. Бо вуҷуди он ки то солҳои 2000-ум сафи беморон меафзуд, аммо Мубашшира ва монанди ӯ табибони бовиҷдон нагузоштанд, ки шарафи одамӣ ва қадри инсон аз байн равад.
Азбаски ӯ мутахассиси олии гурда аст, кораш низ ҳамеша сангину ҳассос, зеро аксари беморон дар ҳолати вазнин, беҳушу беёд ё бо дарди шадид то ба бемористон мерасанд.
– Бо вуҷуди он ки кори мо бисёр пурмасъулият аст, як гурӯҳ шаҳрвандони ноогоҳ дар вазниншавии ҳолат ё ҳатто фавти беморон моро гунаҳкор медонанд. Дар ҳоле ки гурда бисёр узви нозуки одам аст ва онро ҳамасола бояд назорат кард, зеро он оҳиста-оҳиста об мешавад ва кас замоне хабар меёбад, ки гурда пажмурда ё ба нестӣ расида. Барои бепарвоӣ ба саломатӣ боз мо «муҷрим» мешавем, –  табассум мекунад ҳамсуҳбати мо.
Мубашшира зани хеле меҳрубону ғамхор аст. Аз баъзе нохушиҳои корӣ ва муносибати каме дурушти беморону пайвандони онҳо намеранҷад, зеро хуб медонад, ки ҷони дардкашида чунин нолаҳо ҳам дорад.
Ба даргоҳе, ки фаъолият мебарад, чунон садоқат ва меҳри зиёд дорад, ки тадриҷан ҳамкасбон, беморон ва сокинони гирду атроф ӯро модар мегуфтагӣ шуданд. Дар ҳақиқат, чун модари ҳақиқӣ ба бемор дилаш месӯзад. Медидам чандин занҳои солори сиҳатшуда ӯро дуои хайр мекарданд. Аз пешониаш бӯсида, барои наҷотдиҳандаи хеш иқболу саодат металабиданд.
Фақат дар заминаи дониши фарох ва таҷрибаи ғанӣ метавон ба ин марҳилаи шинохти асли инсонӣ расид. Вақте ҷавҳари инсон шинохта мешавад, ҳама аз пайи рисолати касбиву зиндагии хеш мераванд, зиндагӣ маҷрои худро меёбад. Бону Мубашшира низ бо ҳамон ҳассосияти зотӣ ва донишу таҷриба аз суҳбат, аз нигоҳ, аз чанд ҷумлаи парешон ҳолати беморро ташхис мекунад. Эҳсос мекунад, ки асли беморӣ дар куҷост. Бешак, аз ворисони ростини Ибни Синост.
Ҳамсари ин табиби меҳрубон – Неъматҷон Алиев дар яке аз қисмҳои ҳарбии кишвар командири рота буд. Соли 1993 пас аз латмаи майнаи сар маъюби гурӯҳи дуюм гашт. Бо ин дард аз одаму олам канда шуд ва умедаш ба ҷаҳони равшан коҳиш меёфт, аммо ҳамсари бовафои ӯ Мубашшира бо муҳаббати гарму одамгарии  воло ӯро танҳо нагузошт. Барои зани ҷавони дукӯдакдор пеш бурдани зиндагӣ чӣ қадар мушкил буд. Садоқату вафодории ӯро месазад, ки васф кунем, ба дигарон намуна орем, зеро дар ҷамъияти кунунии мо, ки муносибатҳо аслан дар асоси манфиатҳо ҷараён мегиранд, зани ҳалиму меҳнатқарине садои меҳри худро баланд мекунад, сазовори ҳазор офарин аст! Дар фазои бемеҳриву сангдилӣ овои меҳри ӯ танин меандозад. Як лаҳза фикр кунед: ду кӯдаки хурдсол, шавҳари бемор, модари солҳо дар бистари беморӣ хобида, дар баробари он, вазъияти ноороми ҷамъият, ки мушкилиҳои зиёди иқтисодӣ дошт ва ҳам фаъолияти шабонарӯзи табибӣ дар беморхона. Чунин масъулияти вазнин ба дӯши нозуки Мубашшира солҳо будааст.
Чунин зиндагиномаи ибратбахш шуълаи умеди дили одамонро зиёдтар мегардонад, зеро сафои ҳама гуна торикиву ноҳамвориҳои зиндагӣ аз дурахши тинати одам равшану зебо аст. Душвориҳоро ҳазм кардаву ба пеш, бо умед қадам задан, ба фарзандон роҳи дурусти зиндагиро нишон додан ва дар ҷамъият мавқеи касбиро ишғол карда, дуои ҳазорҳо беморони сиҳатёфтаро гирифтан, асолати инсонҳои бузург, модарони нотакроре, ба мисли қаҳрамони мо Мубашшира аст! Чунин дили зебову меҳрбор, агар ҳафтод сол боз тапид, дуо мекунем, ки бигзор, боз ҳафтод соли дигар битапад!
                           
Муҳаммадҷон ҚОДИРӢ, мушовири сартабиби Маркази бемориҳои дилу рагҳои вилояти Суғд
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив