ГУЛИСТОН – ШАҲРИ ВАҲДАТУ ДӮСТӢ
Шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-ро беваҷҳ шаҳри ваҳдату дӯстии халқҳо унвон накардаанд. Зеро арзи ҳастӣ кардани ин шаҳри саноатӣ, нахуст, иртибот мегирад ба бунёди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, ки дар амалишавии лоиҳаи мазкур, воқеан ҳам, намояндагони халқҳои гуногуни шуравӣ: тоҷику рус, украину беларус, тотору қазоқ, ӯзбеку литвонӣ ва арманиву гурҷӣ саҳми арзандаву муносиб гузоштаанд ва баъдан, иншооти мазкур ба худ номи “Дӯстии халқҳо”-ро гирифт.
Ба шарофати рӯйи кор омадани ин манбаи бузурги барқӣ боз бо меҳнату заҳмати якҷояи халқҳои шуравӣ калонтарин корхонаи истеҳсоли қолинҳои Қайроққум мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯз Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” – “Дӯстии халқҳо” дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанги сокинони шаҳри Гулистон ва, албатта, фаъолияти босамари кулли корхонаҳои истеҳсолӣ нақши муассир бозида, ба ободӣ, сарсабзиву хуррамии шаҳр, саодати мардум мусоидат мекунад.
– Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кории худ ба шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” таъкид мекунанд, ки Гулистон бо он мавқеи ҷойгиршавию мақоми шаҳри сайёҳӣ доштанаш, ҳамзамон, Тоҷикистонро муаррифӣ месозад ва аз ин рӯ, Гулистон бояд аз лиҳози ободию пешравӣ, дӯстиву рафоқати халқҳои гуногун намунаи пайравӣ ба дигар манотиқ бошад, – иброз медорад Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳр, – маҳз ҳамин ҳамдиливу тавҳиди сокинон мебошад, ки фақат дар панҷ моҳи соли равон корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 1 миллиарду 717 миллиону 304 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд ва ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 12,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар идҳо дар шаҳри Гулистону шаҳракҳои он басо бошукӯҳу хотирмон таҷлил мешавад. Барномаҳои идона бо назардошти урфу одат, анъанаҳои халқҳои гуногун, ки дар Гулистон иқомат доранд ҷараён гирифта, воқеан, ба як иди самимиву ҷолибу ифодакунандаи рамзи дӯстиву тифоқи халқҳои кишвар табдил меёбад.
– Аз он ифтихор дорам, ки шаҳрванди Тоҷикистонаму ватанам Тоҷикистон аст, – мегӯяд Раисия Панченко, сокини шаҳраки Чойрухдаррон, – вақте ҳамроҳи волидайн ба Тоҷикистон омадам, шашсола будам, ҳоло бошад, синнам ба 76 расидааст, яъне 70 сол мешавад, ки ман бо мардуми ин ҷумҳурӣ паҳлу ба паҳлу фаъолияти корӣ дораму зиндагӣ пеш мебарам, зиёда аз ним аср ба ҳайси омӯзгор фарзандони мардумро таълим додаву дар қалбашон меҳру муҳаббат коридам то ин ки ватанашонро дӯст доранду бо ҳамаи миллатҳо чун дӯсту бародар зиндагӣ кунанд. Мусаллам аст, он кишваре пешрафт мекунад, ки он ҷо дӯстии халқҳо пойдор мебошад. Ман ба суханони самимии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон барои ҳамаи он халқу қавмҳо, ки ин ҷо зиндагӣ доранд, Ватан аст” эътимоди комил дорам! – таъкид мекунад, Раисия Панченко.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.07.2023 №: 138
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)